• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ФАЛАК» ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ФАЛАК ҶУЗЪИ ҚАВИИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН АСТ!

18.10.2019 / admin / 0 Comments

08 октябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба «Рӯзи фалак» бо иштироки намояндаги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шасиддин Орумбекзода, Раиси кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин баргузор гардид.

Дар саҳни Қасри фарҳанг меҳмонон аз дастовардҳои замони Истиқлолият ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дидан намуда, бо ҳунармандони ноҳия аз наздик шинос шуданд.

Сипас Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тамоми аҳли заҳматкаши ноҳия ва кулли мардуми сарбаланди вилоятро бо ин санаи таърихи табрик намуда, иброз намуданд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007-ум бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ ҳар сол 10-уми октябр «Рӯзи Фалак» дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, ки имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.

Дар ин радиф Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст.

Рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

Барои нигоҳдошт ва ҳифзу инкишофи дастовардҳои фарҳангии хеш дар миқёси умумибашарӣ мардуми тоҷик низ саҳми беандоза гузоштааст.

Маҳз заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат буд, ки тавонистанд мероси фарҳангиву таърихии халқи хешро, новобаста аз тазодҳои замона ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд ва бар замми куҳанбунёд будан, таърихи бою пурғановати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Ҳамчун зикр гардид, ки бо супориши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори раиси вилоят аз 10-уми марти соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Фалак» ташкил карда шуд, ки имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо жанри мусиқии суннатии миллӣ рушду нумӯъ ёфта, таҳкимбахши фарҳанги миллӣ мегардад.

Дар анҷоми суханронӣ Қурбон Ҳакимзода
бори дигар санаҳои фархундаи Рӯзи Фалакро ба ҳамаи ҳамдиёрон муборакбод гуфта, хушбахтию шодкомӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуданд.

Сипас баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони фалак ва сарояндаи маҳбубу шинохтаи мамлакат пешкаши ҳозирин карда шуд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Фалак
Семинари омӯзишӣ оид ба бехатарии сайёҳон »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • АКСИЯИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 30.05.2023
  • Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» 26.05.2023
  • СЕМИНАР — МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ «РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. ТАБОБАТӢ ВА КӮҲНАВАРДӢ» 19.05.2023
  • ТАЪСИСИ 7 МАРКАЗИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ДАР ХАТЛОН 10.05.2023
  • Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар рафти даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гардид, аксияи иттилоотии сайёҳӣ ташкил намуд. Дар аксияи иттилоотии сайёҳӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. 03.05.2023

Хазина

  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.