шаҳри Бохтар

БОХТАР – ШАҲРИ ГУЛҲО

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Бохтар дар соҳили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, масоҳати шаҳр 0,006км2 ва аҳолиаш 105 400 нафарро ташкил медиҳанд.

Бохтар асрҳои I –IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст. Реша ва маънои ҷойноми Левакандро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном — «лева-» дигаргашта аз вожаи балхии «дева-» ба маънии «эзид» аст ва бахши дувум – «-канд», яқинан бозмондаи вожаи авестоии *kanθā- kand ба маънои ободӣ ва шаҳр аст ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошта ва дар номи Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯканд омадааст. Аз ин додаҳо чунин бармеояд ки маркази кунунии вилояти Хатлон пешинаи 2000-сола дорад ва беш аз 1300 сол Леваканд ном доштааст. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табиӣ набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳокими шаҳри Леваканд бо мақсади сохтани он «андози хок» ҷорӣ кардааст ва мардуми ин музофот, ки барои хариду фуруш ба бозори шаҳр меомаданд, бояд ҳар кадом як хӯрҷинӣ хок оварда ба болои ин теппа мерехтанд. Дар натиҷа теппаи баландиаш аз рӯи ривоятҳо зиёда аз 150 метра бунёд гардида, атрофи онро девори бараш то 12 метр иҳота мекард, ки аз болои он ароба бемалол гашта метавонист. Қасри ҳокими Леваканд низ дар болои ин теппа сохта шуда буд. Мақсад аз бунёди теппаи мазкур иборат аз он будааст, ки муҳофизони муқимӣ аз ҳуҷуми душманон сари вақт бохабар шуда, онро рафъ карда тавонанд. Аз ду тарафи теппае, ки қасри ҳоким сохта шуда буд, ду наҳр: аз ҷануб наҳри «Ҷӯйбор» ва аз шимол наҳри «Ҷӯйхонум» ҷараён дошт. Дар бораи ҷӯйи «Хонум» чунин ривояте ҳаст, ки гуё бо талаби зани дӯстдоштаи ҳокими Леваканд Бибихонум аз тарафи шимоли теппа наҳр гузарониданд, ки дар он малика бо канизакҳояш машғули оббозиву фароғат мешудаст ва аз ин рӯ ин наҳр номи «Ҷӯйхонумро»-ро гирифтааст. Айни ҳол дар болои теппаи таърихии шаҳр манора ва дар асоси он осорхонаи таърихию кишваршиносии Бибихоним сохта шудааст, ки 4 сентябри соли 1999 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии онро бурида, ба оғози истифода қарор ёфтани ин оинаи таърих асос гузошт.

Ҳуҷуми ғоратгаронаи муғулон дар асри ХIII баробари дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна шаҳри Леванкандро низ ба харобазор табдил дод. Як қисми аҳолии он кушта шуда, қисми зиндамонда водиро тарк карданд ва номи Леваканд низ аз хотирҳо фаромӯш шуд. Баъдтар ба ин ҷо одамони нав омада маскан гирифтанд ва муддате ин шаҳр Қӯрғонтеппа ном гирифт. Оғози соли 2018 шаҳри Қурғонтеппа ба шаҳри Бохтар табдили ном кард.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Бохтар дорои мавзеъҳои ҷолиби сайёҳист. Дар ин миён теппаи ба таври сунъи сохташуда, наҳрҳои Ҷӯйбору Бибихонум, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, муҷассаммаи трактор ҳамчун рамзи рушди кишоварзӣ, лавҳаи азхудкунии заминҳои водии Вахш, манораҳои Парчам ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи маъруфтарин мавзеъҳо ба ҳисоб мераванд. Шаҳри Бохтар бисёр боду ҳавои фораму дилнишин дошта, дар баробари ин дорои ҷойҳои истироҳатӣ низ мебошад, ки чанде аз маъмултарини онҳоро метавон номбурд. Аз ҷумал, боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар, боғи ба номи Раҳмон Мурча, боғу гулгашти назди осорхонаҳои Бохтар ба номи «Бибихонум» ва боғи ғалабаи халқҳо бар зидди фашизм, инчунин «Оташи абадї» аз зумраи мавзеъҳои гаштугузори шабонаву рӯзона мебошанд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар шаҳри Бохтар барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла вобаста ба хизматрасонии нақлиётӣ бояд гуфт, ки дар шаҳри Бохтар Фурудгоҳи байналмиллалӣ, Истгоҳи роҳи оҳан ва терминали мусофирбарӣ фаъолият мекунад. Инчунин, хатсайри нақлиётӣ бо нархҳои арзон ба тамоми гушаву канори шаҳри Бохтар ва берун аз он мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, ба ғайр аз он, ки дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо камаш 5 мағозаи савдои молҳои омехта мавҷуд аст, инчунин 3 бозори калон (бозори марказии “Фаровон ”, бозори “Ҳоҷи Шариф ”, бозори “Нихи ”) дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор доранд. Дар ин бозорҳо савдогарон аслан ба фуруши либос, хӯрока, маҳсулотҳои кишоварзӣ, маҳсулотҳои сохтмонӣ, фуруши автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он ва дигар ашёи ниёзи мардум машғул мебошанд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар шаҳру деҳоти Бохтар шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ 101 адад мебошанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳри Бохтар 118 адад дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки дорои сертификати сифат ҳастанд.

Имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Бохтар дар он муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Дар ин росто метавон аз чунин муассисаҳои калони фарҳангӣ ном бурд: Театри ба номи Ато Муҳамадҷонов, Кинотеатри ба номи А. Лоҳутӣ, Маркази фарҳангии ҷавонон ва ғайра.

Майдонҳои варзишии шаҳри Бохтар «Пахтакор» ва «Ҷавонон» ҳастанд, ки дорои майдони футбол, машқҳои гимнастикӣ ва ҳавзи шиноварӣ ҳастанд. Дар шаҳри Бохтар ҳафт меҳмонхона “Қӯрғонтеппа”, “Рамз ”, “Истиқлол”, “Бохтариён ”, “Мафтуна ”, “Само ” ва “Сайёд ” фаъолият мекунад, ки бо тамоми шароиятҳои муосир таъмин мебошанд. Дар шаҳри Бохтар шаш ҳаммоми ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Шаҳри Бохтар аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти худ машҳур гардидааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Бохтар мардум ба ҳунарҳои гунонгуни халқии қадима ва муосир машғул мебошанд. Ба монандӣ, бофандагӣ (ҷӯроббофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, порадӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, пояфзолдӯзӣ…), намадмолӣ, дуредгарӣ (табақтарошӣ, чумчатарошӣ, ҳайкалтарошӣ, зиниасптарошӣ, гаҳворасозӣ, асбобҳои мусиқӣ…), оҳангарӣ (асбобҳои рӯзгор аз қабили табар, болға, бел каланд, дос, тануру лулатанур…), заргарӣ, пазандагӣ (истифодаи махсус аз маҳсулоти ширӣ, гуштӣ нонӣ ва алафӣ…) ва ғайраҳо. Инчунин, занони ҳунарманди шаҳри Бохтар анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, ривоч, нашоиста ва ғайраро бо маҳорати баланд метавонанд омода кунанд.

Шоёни зикр аст, ки аз оғози соли 2018 Бохтар шаҳри гулҳо эълон шуда, раставу хиёбонҳои он ба гулгашти воқеӣ табдил ёфтаанд.

Вижагиҳо. Шаҳри Бохтар аз дигар шаҳру навоҳии вилоят ба он фарқ мекунад, ки дар ин ҷо намояндагони бисёре аз миллату халқият ва қабилаҳои ҷаҳонро вохӯрдан мумкин аст. Урфу одатҳои қариб сад қавму халқиятҳо тули солҳои зиёди ҳамзистӣ зери таъсири фарҳангу арзишҳои миллати тоҷик хеле тағйиру такмил ёфта бошанд ҳам баъзан хусусиятҳояшон ҳифз гаштааст, ки барои сайёҳон воқеан ҷолиб аст.