ноҳияи Панҷ

ПАНҶ – МАВҶЕ ДАР ПЕЧУТОБИ ТАЪРИХ

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ноҳияи Панҷ яке аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон буда, 29 августи соли 1930 таъсис ёфтааст. Марказаш шаҳраки Панҷ, масоҳаташ 880,6 киллометри мураббаъ, аҳолиаш 114 ҳазор нафар, аз ҷумла мардҳо 57098, занҳо 56902 нафар. Тоҷикон – 88110, ӯзбекон — 25080 ва дигар миллатҳо 110 нафарро ташкил медиҳанд.  Ноҳияи Панҷ соли 1931 бо номи Саройкамар, солхои 1931 – 1936 Бауманобод ва солҳои 1936 – 1963 Кировобод ном дошт. Бо қарори Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 10 январи соли 1963 номи Панҷро гирифт.

Дар ноҳия асосан тоҷикон, ӯзбекон ва миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Ноҳияи Панҷ бо ноҳияҳои Ҷайҳуну Фархор, Ҷ. Балхӣ ва дар ҷануб бо давлати Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Дарёи Панҷ дар ҳудуди ҷанубии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон ҷорист. Дар ноҳия 5 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак мавҷуд аст. Сокинони ҷамоатҳои деҳот бо соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши пахта, пилла, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ машғуланд.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Аз ҷиҳати мавқеи географӣ ноҳияи Панҷ дар доманаи қаторкӯҳҳои Кӯҳи Сиёҳ ва соҳили дарёи Панҷ ҷой гирифтааст, ки барои сайёҳон мавзеи ҷолиб ва диданӣ мебошад. Баъзе бозёфтҳо ва нигораҳои таърихӣ, ки дар осорхонаҳои наздимактабӣ маҳфузанд, аз аҳамияти таърихӣ доштани ноҳияи Панҷ шаҳодат медиҳанд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар маркази ноҳия боғи фарҳангӣ- фароғатӣ бо маркази дилхушии кӯдакон кору фаъолият менамояд. Варзишгоҳи ноҳия, ки моҳи августи соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, бо таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ба мардуми ноҳия хизмат мерасонад.

Дар ноҳияи Панҷ 6 бозор фаъолият менамоянд, ки 2-тои он бо фурӯши маҳсулотҳои нонӣ, меваю сабзавот ва анвои хӯришҳо машғуланд.

Меҳмонхонаи Панҷ соли 2014 сохта ба истифода дода шудааст. Он дорои шароитҳои хизмарасонии люкс, пололюкс ва оддӣ буда, аз 13 утоқ барои 70 нафар меҳмонон, тарабхона, ошхона бо хӯрокиҳои миллӣ ва мувофиқи дархости мизоҷон омодашуда, толор барои бозии тенниси руйи миз ҷиҳозонида шудааст. 9 ошхонаи хӯрокҳои миллӣ ва фармоишӣ дар ноҳия арзи вуҷуд доранд. Ноҳияи Панҷ дорои 1 терминали мусофирбарӣ буда, шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Масофа то шаҳри Бохтар 107 км, то шаҳри Кулоб 123 км, то шаҳри Душанбе 206 км-ро ташкил медиҳад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Ноҳияи Панҷ бо ҳунармандони худ маъруф гаштааст, аз ҷумла ҳунари оҳангарӣ бо сохтани белу каланд, досу табар, наъли асп, кордҳои гуногун; ҳунари кандакорӣ бо табақу қошуқтарошӣ, дару тирезаи кандакорӣ, зин барои асп, гаҳворасозӣ; ҳунари танӯрсозӣ, дегдонсозӣ.

Инчунин, коргоҳи дӯзандагии «Бонувони Панҷ» бо духтани куртаҳои миллӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанӣ, деворӣ, ҷиҳози хонаи арӯс, қӯроқдӯзӣ, аз қабили курпаю болишти қӯроқӣ, дастбанду побанди гаҳвораи кӯдак ва муҳрабофӣ машғуланд.

Ҳамзамон ҳунарҳои дигаре аз қабили заргарӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ, хотамкорӣ, кулолгарӣ ва ғайра роиҷ аст.

Вижагиҳо. Панҷ дорои як қатор хусусиятҳои ҷолиби таърихист. Аз ҷумла соли 1877 Россияи подшоҳӣ аз вилояти Чорҷӯй тавассути дарёи Ому ба минтақаи Файзободқалъа (он вақта Саройкамар) меоранд. Онҷо дар болои теппаи баланд дидбонгоҳ месозанд, ки марзи мустамликаи Россия ва Британияи Кабир ба ҳисоб рафта, ҳоло бошад мавзеи ҷолиби тамошо мебошад. Инчунин, соли 1932 Абулқосим Лоҳутӣ ба ноҳия сафари корӣ анҷом дода, баъд аз он, ки аввалин механизатор Салим Ҷалилов трактори тамғаи ХТЗ-1,5-ро дар замини кишт меронад, устод ба илҳом омада асари “Хар ва трактор”-ро эҷод мекунад.