ноҳияи Носири Хусрав

НОСИРИ ХУСРАВ – МАКОНИ ҲУНАРМАНДОН

Малумоти мухтсари таърихӣ. Ноҳияи Носири Хусрав дар қисмати шомилии вилояти Хатлон ҷойгир буда, 29 феврали соли 1996 дар заминаи қисме аз ҷамоати деҳоти ноҳияи Шаҳритуз таъсис ёфт. То соли 2003 Бешкент ном дошта, 8 сентябри соли 2003 дар асоси таклифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия ба номи Носири Хусрав номгузорӣ карда шуд. Маркази ноҳия шаҳраки Баҳор мебошад. Ноҳия дар қисмати ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди ноҳия 1,9 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, сохтори маъмурию ҳудудии он аз се ҷамоати деҳот ва 26 деҳа иборат аст. Масоҳати умумии заминҳои обии ноҳия 11022 гектарро ташкил медиҳад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ҳудуди ноҳия 32 ёдгории таърихии мансуб ба давраҳои гунгун мавҷуд мебошанд. Қалъаи Бешкент ҳамчун маркази маъмурии водӣ ва зиёратгоҳ-осоишгоҳи «Чилучорчашма» ҳатто берун аз кишвар машҳуранд. Чашмаҳо ба 17 гуруҳ ҷудо мешаванд. Ба гуруҳи аввал се чашма дохил мешаванд, ки он чашмаи Муйин ном дорад. Чун анъана муйи фарзандони худро мардум назр карда, ба ният дар ин ҷо мегиранд. Дар лаби ин чашма маҷнунбед аст, ки 1054 сол умр дорад ва куҳнатарин дарахти дунё ба ҳисоб меравад. Соли 1980 ин дарахт 1016 сола шуда буд, ки дар китоби Гиннес дохил шуд. Гуруҳи дигари чашмаҳоро хуни бинӣ мегӯянд. Мардумоне, ки аз биниашон хун меравад, аз онҳо истифода мекунанд. Ба гуруҳи сеюм чор чашма дохил мешаванд, ки аз онҳо шахсони хунукзада ва шамолхӯда истифода мебаранд. Ду чашмаи дигарро устухондард ва чор чашмаи дигарро табларза мегӯянд. Аҷибаш дар он аст, ки оби онҳо ба куллӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Байни онҳо як ваҷаб санг ҳаст, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Як чашмае, ҳаст, ки обаш муқаррарӣ набуда ғайритабиӣ мебошад. Он аз 11 то 29 январ то 40 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи 29 январ чашма якбора хушк мешавад ва 8-9 май боз гардиш мекунад. Ҳамаи чилу чор адад чашмаҳо хосиятҳои гуногуни табобатӣ дошта ба ҳамаи касалиҳои инсон даво мебахшанд. Дар «Чилучорчашма» моҳиҳои калоне шино мекунанд, ки дарозиашон то 1 метрро ташкил дода, вазнашон то 16-18 кг мебошанд. Морҳояш бошад то 60-70 сантиметр дарозӣ доранд.

Аз рӯи баъзе ривоятҳо Тӯси ҷаҳонпаҳлавон мувофиқи шумораи кокулони майдабофтаи маҳбубааш Виса, ки он аз чилу чаҳор бофта иборат будааст, бо шамшераш ҷиҳилу чор маротиба ба зери пуштан зада об мебарорад. Аз рӯи ривояти дигар гуё, ки ҷасади саисбони ҳазрати Алӣ, Бобоқамар бо фармони ҳазрати Алӣ дар «Чилучорчашма» дафн мекунанд. Аз он рӯз инҷониб «Чилучаҳорчашма» ҳамчун қадамгоҳи Ҳазрати Алӣ ҷойи зиёрат ба шумор меравад.

 Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳия 1 кохи фарҳанг, 6 китобхона, 1 қасри фарҳанги деҳот, 1 китобхонаи марказ, 5 китобхонаи деҳоти мактаби санъати бачагона ва 1 дастаи гурӯҳи ҳунарии «Мавзуна» ба мардум хизмат мерасонад. Дар ноҳия 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умум, 1 литсейи бачагони лаёқатманд, 5- муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Доир ба хизматрасониҳо бошад, дар назди зиёратгоҳи «Чилучорчашма» бозорча мавҷуд буда дар он ҳамаи молҳои ниёзи мардум, ошхонаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки хизматрасониҳои лозимаро ба сайёҳон расонида метавонанд. Терминали мусофирбар дар назди зиёратгоҳ мавҷуд буда хизматрасониҳо аз ҳисоби ронандагони мошинҳои шахсї амалї карда мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия меҳмонхона, бозору дуконҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ғайра мавҷуданд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳия мардум ба касбу ҳунарҳои зиёд, аз қабили қуроқдузӣ, гилембофӣ аз риштаҳои рангаи пахтагӣ, зардузӣ, чакандузӣ, бофтани чорубҳои бадахшонӣ, аз муҳраҳои рангаи майда бофтани гарданбанду дастмонаҳо, кордҳои гуногуни армуғонӣ ва гилемҳои дастибофи ҳарранга ба сайёҳон пешниҳод карда мешаванд.

Вижагиҳо. Аз ду тарафи ноҳия кӯҳҳои баланд ҷойгир буда дар поёни куҳҳо Амударё равон аст. Ин қаторкӯҳҳо Тюмтоғ ва Ариқтоғанд ном доранд, ки асосан дар ҳамин кӯҳҳо сайёҳон метавонанд хаймаҳои зиёди чупонҳоро дида ба ҳаёти чорводорон аз наздик шинос шаванд.