ноҳияи Дӯстӣ

ДӮСТӢ – МАСКАНИ ДУСТИИ ХАЛҚИЯТҲОИ ГУНОГУН

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ноҳияи Дӯстӣ (собиқ ноҳияи Ҷиликӯл) соли 1930 ташкил гардидааст. Масоҳати умумиаш 1,2 ҳазор км2 буда, дар ин мавзеъ зиёда аз 112 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорати он дар тобистон то ба 500С гармӣ ва дар зимистон то ба -180С хунукӣ мерасад.

Ноҳияи Дӯстӣ бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Хуросон ҳамсарҳад буда, масофаи ноҳия то маркази шаҳри Бохтар 47 км ва то шаҳри Дӯшанбе 146 км мебошад. Аз солҳои 1940 то 1954-уми асри гузашта, баҳри эҳё намудани системаи хоҷагии қишлок аз ноҳияҳои Сангвор, Рашту Тоҷикобод, Бадахшон ва минтақаи Кулоб мардумро баҳри ободкорӣ ба ин мавзеъ муҳоҷир намуданд.

Дар ноҳия 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 56 деҳа, 12 кӯча арзи вуҷуд дошта, қисми зиёди аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ноҳия намояндагони бисёр миллатҳо аз қабили тоҷикон, узбекон, туркменҳо, русҳо, тоторҳо, қирғизу қазок, немису озарӣ ва лӯлиҳо зиндагонӣ мекунанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби сермиллатии ноҳия ва мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқати мардум дар таърихи 22 марти соли 2016 ноҳия Дӯстӣ номгузорӣ гардид.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дарноҳияи Дӯстӣ мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ бисёр ба назар мерасанд, ки диққати ҳар як тамошобин ва сайёҳро ба худ ҷалб месозад. Аз ҷумла мақбараи Имом Зайналобиддин, Бешаи палангон ва Осорхонаи зиндаи он, Мазори Ҳазрати Қаробурё, Осоишгоҳи навтаъсиси «Зам-зам», Дарёи Вахш, Пули умеду орзӯ ва якчанд ҷойҳои таърихиву диданӣ арзи вуҷуд дорад, ки нафароне, ки ба ин мавзеъ ворид мегарданд, ҳатман расму наворҳои хотиравӣ ва ҳатто қисми зиёди сарояндагон дар ин макон навор (клип) омода месозанд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ: Ноҳия дорои бинои шуъбаи фарҳанг буда, дар он 2 Қасри фарҳанг, 4 хонаи фарҳангї, 1 клуби деҳотӣ, 4 клуби сайёр, 15 китобхона, 2 осорхона, 1 мактаби мусиқӣ, 1 боғи фарҳангӣ фароғатӣ дар маҷмӯъ 27 муассисаи фарҳангї буда, дар он 84 нафар корманд фаъолият менамояд. Дар ноҳия бинои матбаа фаъолият дошта, дар он ҳар ҳафта рӯзномаи «Паёми Дӯстӣ» нашр мегардад.

Дар ноҳия бинои шуъбаи маориф, 1 гимназияи давлатӣ, 45 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва асосӣ, 2 боғчаи кудакона мавҷуд аст, ки шумораи 24 367 нафар хонанда дар он таҳсил менамояд. Дар ин соҳа 1487 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Ноҳияи Дӯстӣ аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти худ кайҳо боз машҳур гардидааст. Имрӯзҳо дар ноҳияи Дӯстӣ мардум ба ҳунарҳои гуногуни халқи қадима ва муосир машғул мебошад. Ба монандӣ ҷуроббофӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдузӣ, гулдузӣ, чакандузӣ, сӯзанӣ, қолинбофӣ, намадбофӣ, табақтарошӣ, тунукасозӣ, танурсозӣ, оҳангарӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, дуғкашӣ, гаҳворасозӣ, пояфзолдӯзӣ ва хӯрокпазӣ ва ғайраҳо машғуланд.

Вижагиҳо. Дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҳама ноҳияҳои дигар дида дучархасаворонаш шояд зиёд бошад. Дар ин ҷо мардуми туркментабораш зиёд буда, фарҳангу анъанаҳои ду миллати дӯст омезиш ёфтааст, ки инро дар сару либос ва урфу одатҳои онҳо эҳсос кардан мумкин аст. Дар робита ба ин сайёҳон метавонанд зимни сафар ба ноҳияи Дӯсти ба натиҷаи камназири омезиши тамаддунҳо шинос шаванд.

СКАНИ ДУСТИИ ХАЛҚИЯТҲОИ ГУНОГУН