ВОСЕЪ – ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ТАЪРИХ
Маълумоти мухтасари таърихӣ. Восеъ ноҳияи куҳанбунёд буда, дорои таърихи кӯҳан мебошад. Дар таърихномаҳо шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази Хуталон ёд шудааст, ки он ҳоло дар фосилаи 7 км дуртар аз маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Мавзеи Ҳулбукро бостоншиносон дар ҷойи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ донистаанд, ки қисми онро мардум Хишттеппа меномиданд. Аз харобаҳои Хишттеппаи Меҳробод ҳангоми ҳафриёт қасри подшоҳ, куҳандиж, биноҳои гуногуни аз хишти пухта сохташуда ва дигар иморатҳои ёрирасон пайдо шуданд. Харобаҳои шаҳристони Ҳулбук 70 га масоҳатро ишғол мекунад, ки дар қисми он имрӯз бозор ҷойгир шудааст. Дар солҳои 50–60 асри 20 дар мавзеи Қурбоншаҳид теппачаҳои зиёде воқеъ буданд, ки сокинони деҳа ин теппачаҳоро канда, хиштҳои онро барои сохтмони хона истифода кардаанд. Харобаҳои шаҳри Ҳулбук дар деҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ бори аввал солҳои 1953–54 аз тарафи бостоншиносон Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович пайдо ва таҳқиқ шудааст. Аз харобаҳои Ҳулбук беш аз 5 ҳазор шикастпора ва лавҳаҳои гуногуни гаҷи кандакорӣ ёфт шудаанд, ки бо нақшу нигори хеле зебои ҳандасӣ ва хати кӯфӣ оро ёфтаанд. Тимсоли ду мусиқинавозро, ки соли 1984 аз толори қасри шоҳони Хатлон пайдо кардаанд, аслаш дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст. Ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бостоншинос Ю. Яъқубов солҳои 2004–05 харобаҳои Ҳулбукро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, собит намуд, ки дар ин мавзеъ қасри ҳокимони Хатлон ҷойгир буд. Шаҳрҳои қадимии Восеъ бар асари тохтутози муғулҳо ва сулолаи Шайбониён хароб шуда, ба ҷойи деҳаҳои куҳан деҳаҳои нав бунёд шудаанд.
Восеъ ҳамчун ноҳия соли 1936 ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии ноҳия 0,8 ҳазор километри мураббаъ буда, дар ин ҷо наздики 200 000 сокинон зиндагонӣ мекунанд.
Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар Восеъ барои сайёҳону меҳмонон маконҳои ҷолибу диданибоб зиёданд, ки овозадорашон инҳо мебошанд: Қалъаи таърихии Ҳулбук, Манзартеппа, Нозкул — воқеъ дар шаҳраки Қайнар, Мавзеъи таърихии Эмоми Алӣ, Авғондилӣ, Даштидилӣ, Сопкадилӣ, оромгоҳи деҳоти Ғелот, оромгоҳи Ғоиб Сафарзода (деҳаи Кадучӣ), оромгоҳи Султони Кабир (деҳаи Меҳнатобод), Осорхонаи Ҳулбук, куҳи намаки Хоҷамумин ва ғайра.
Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳияи Восеъ барои сайёҳони хориҷӣ ва сокинони дохилӣ шароити хуби хизмаирасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла 14 бозори калон (Бозори Марказии ноҳия, Ҷамъияти Матлуботи ноҳия, Ҷумабозор, Деҳқонбозор, Бозори “Савхоз”, Шанбебозор, Бозори “Гулистон”, Маркази савдои “Султони Кабир”, Бозори “Роҳи Абрешим” ва ғайра) бо молҳои хушсифат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор дорад.
Сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар шаҳру деҳаҳои Восеъ 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи умумӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (беҳдошти саломатӣ), 1 маркази тибби оилавӣ, 22 бунгоҳи саломатӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ, 38 маркази саломатии деҳот, 48 дорухонаи давлатӣ ва хусусӣ мавҷуд аст.
Ноҳия 193 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, варзишгоҳ, 21 толори варзишӣ, мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон ва майдончаҳои оммавии варзишӣ дорад.
Дар ноҳия маркази таҳсилоти иловагӣ, 5 боғчаи кӯдакон, 72 муассисаи таълимӣ, аз ин 55 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (гимназияи давлатӣ, мактаб интернати кӯдакони ятим, мактаб интернати хонандагони болаёқат) мавҷуд мебошад.
Дар ноҳияи Восеъ меҳмонхонаи «Сомон» дар маркази ноҳияи Восеъ, Меҳмонхонаи «Бахт» воқеъ дар ҷамоати Рӯдакӣ, Меҳмонхонаи “М.С” воқеъ дар ҷамоати Рӯдакӣ ҳастанд, ки тамоми шароитҳои муосирро доро мебошанд.
Ноҳияи Восеъ дорои истироҳатгоҳи маъруф бо номи Тосқаъла воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалӣ ва дорои боғи фарҳангию – фароғатӣ мебошад.
Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Ноҳияи Восеъ аз қадимулайём бо ҳунарҳои милии хеш машҳур буда, диққаттӣ ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст. Пас аз эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамаи ҳунармандони ин ноҳия ба сайқалдодани ҳунари худ машғул гаштанд. Ҳунарҳои миллӣ ба монандӣ дӯзандагӣ, сӯзандӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, адрасбофӣ, шероздӯзӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, ҳайкалтарошӣ, пазандагӣва амсоли инҳо рӯз то рӯз рушд карда истодаанд. Инчунин занону модарони ҳунарманди ноҳияи Восеъ анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, қурутоб, оши бурида (отала), фатирмаска, қалама, ширбиринҷ, ширбат, ширруған, шакароб, нашоиста ва дигар таомҳои милии тоҷиконаро бо маҳорати баланд омода карда метавонанд.
Вижагиҳо. Бидуни доштани маълумот дар бораи Қалъаи Ҳулбук таърихи вилояти Хатлонро омӯхтан ғайриимкон аст. Зеро Қалъаи Ҳулбук дар маҷмуъ гаҳвораи тамаддуни шаҳрсозии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, Ҳулбук рамзи ҳуввияту ҷасорати миллии мардуми Хатлонзамин ба ҳисоб рафта, арабҳои истилоъгар дар тамоми давраи муҳорибаҳои худ аввалин маротиба маҳз дар ҳамин ҷо шармандавор шикаст хурданд. Инчунин, Восеъ бо кӯҳи намаки Хоҷамуъмин машҳур аст, ки ин захираи намаки поки табииӣ (ҳоҷат ба коргарди иловагӣ надорад) камаш як аср ҷаҳонро таъмин карда метавонад. Қайлабат, таҳмол, ғалмандӣ, далдаи ба шир ва қаласон аз зумраи хӯрокҳои миллие ҳастанд, ки хоси ноҳияи Восеъ буда, дар дигар минтакахо кам дида мешаванд.