ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ — ЁДГОРЕ АЗ ҲАЛЕВАРДИ ҚАДИМ

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ноҳия 21 марти соли 1933 таъсис ёфта, қаблан Кагановичобод, сипас Колхозобод ном дошт. Санаи 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия ба хотираи нобиғаи назми классикии тоҷик Ҷалолиддини Румӣ ва аз 3 марти соли 2016, № 203 ба Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ мегардад. 

Таърихшиносони асрҳои миёна номи ин ноҳияро Ҳалевард ёд карданд. Ҳалевард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда, арку шаҳристону рабаз дошта, калонтар аз Ҳулбук будааст. 

Шаҳр аз ҷониби арабҳо дар асри VIII бо мушкили зиёд ва талафоти калони истилоъгарон забт шуда, онро Кофирқалъа номиданд. Харобаҳои Ҳалевард солҳои 1960 асри 20 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дарёфт шуда, давоми якчанд сол корҳои археологӣ гузаронида шудааст.

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар қисми ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ байни доманакӯҳи Қизилтумшуқ ва дарёчаи Қумсангир ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Панҷ, Фархор, Ҷайҳун ва Дӯстии вилояти Хатлон ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди ноҳия 905 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ноҳия аз қаторкӯҳҳои паст ва ҳамвориҳо иборат буда, аз маркази вилоят шаҳри Бохтар дар масофаи 32 км ва аз маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 132 километр ҷойгир шудааст. Сохтори таркибии ноҳия аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иборатанд, ки онҳо 8-тоанд – ҷамоатҳои шаҳраки Балх ва Гулистон, ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Маданият, Навобод, Калинин, Фрунзе ва Узун. Дар ноҳия 71 кӯча ва 85 деҳа мебошад. Аз ноҳия дарёи Вахш ва канали Қумсангир мегузаранд.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Ба ин гурӯҳ пеш аз ҳама харобаҳои ёдгории таърихии Қалъаи Лағмон, харобаҳои ёдгории таърихии Қалъаи Ҳалевард, харобаҳои ёдгории таърихии Қалъаи Уртабуз-1, харобаҳои ёдгории таърихии Қалъаи Уртабуз-2, ёдгории муҷассамавии Модари маҳзун ва нимпайкараҳои панҷ қаҳрамони ҷанги дуюми ҷаҳон, ёдгории фарҳангии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ҳайкали Аскари номаълум (3-то), ҳайкали Карл Маркс, ҳайкали В. И. Ленин (4-то), нимпайкараи Умари Хайём, нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Сироҷиддин Исоев, нимпайкараи собиқадори меҳнат М. Ҳафизов, нимпайкараи собиқадори меҳнат Н. Бегов, лавҳаи хотираи Сироҷиддин Исоев, пояи Тоҷи заррин ва Парчами миллӣ шомиланд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Аз ноҳия магистрали роҳи оҳани «Москва-Тирмиз-Қӯрғонтеппа», Ёвон-Ҷалолиддини Балхӣ-Қӯрғонтеппа-Душанбе ва роҳҳои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи «Душанбе-Панҷ», «Тирмиз-Шаҳритус-Ҷалолиддини Балхӣ-Вахш» мегузаранд. Аз соли 1978 инҷониб истгоҳи роҳи оҳан фаъолият мекунад, ки алоқаи нақлиётиро (мусофиркашонӣ ва боркашонӣ) ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он таъмин менамояд. Дар ноҳия масҷидҳои мусалмонӣ ва ҳамчунин як калисои насронӣ вуҷуд дорад. Инчунин, дар ноҳия 9 бозор, 6 қаҳвахона, 3 тарабхона, 2 меҳмонхона, 63 нуқтаҳои алоҳидаи савдои умумӣ, 2 меҳмонхона ва 1 терминали мусофирбар мавҷуд аст.

Аз соли 1985 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ фаъолият менамояд, ки дар он айни замон 1846 нигораи таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошта мешаванд. Утоқҳои кории собиқадорони меҳнат Н. Бегов, С. Ҷумъаев ва Т. Исанқулов ҳамчун осорхонаҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Толори фарҳанг дар деҳоти Ҳалевард (540 ҷойи нишаст), Кохи синамо дар шаҳраки Балх (360 ҷойи нишаст)

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, оҳангарӣ, дуторсозӣ ва гулдӯзӣ дар байни мардумия ноҳия дида мешавад.

Вижагиҳо. Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мардуми заҳматқарин ва тиллои сафедаш машҳур аст. Дар ноҳия аз ҳама зиёд пахта ҷамъоварӣ гашта заминҳои пахтааш низ нисбати дигар ноҳияҳо зиёд аст.