ноҳияи Ҷайҳун

ҶАЙҲУН ВА ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ОН

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ҷайҳун ҳамчун ноҳияи мустақил санаи 19-уми январи соли 1936 аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ ташкил ёфтааст.

Ноҳияи Ҷайҳун дар қисми ҷанубии водии Вахш доман паҳн кардааст. Шароити обу ҳавои ноҳия дар зери таъсири иқлими шадиди минтақа ташаккул меёбад. Мавсими зимистон гарчанде, ки нарм ва кутоҳмуддат аст, метавонад ҳодисаҳои ногаҳонии боришоти барфи зиёд ва хунукии то дараҷае эҳсосшавандаеро биёрад. Нишондиҳандаҳои миёнаи ҳарорат дар моҳи январ +2-4 С0 дараҷа буда, сардтарини он дар дараҷаи -23,5 С0 ба қайд гирифта шудааст. Фасли баҳор рутубатнок ва сербориш аст. Тобистони ноҳия гарм ва хушк буда, ҳарорати миёнаи ҳаво аз 33 то 46 С0 дараҷа гарм мешавад. Меъёри солонаи рутубатнокӣ дар ҳудуди аз 120 то 350 мм-ро ташкил медиҳад. Киштзорҳои ноҳия барои парвариши зироатҳои гармипараст хеле мусоид аст. Ноҳия дар минтақаи хатарноки сейсмологӣ ҷойгир мебошад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар Ҷайҳун барои сайёҳон маконҳои ҷолиб инҳо мебошанд муҷассамаи “Модар”, муҷассамаи “Абуабдулоҳи Рeдакӣ”, муҷассамаи “Шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон” ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки Осоишгоҳи «Дустӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун яке аз марказҳои истироҳатии воломақоми вилояти Хатлон буда, мавсими фаъолият менамояд. Ҳамасола ба осоишгоҳи мазкур на кам аз 400 нафар беморони алоқаманд аз тамоми гушаву канори Тоҷикистон ташриф оварда ба дарди хеш дармон меёбанд. Дар осоишгоҳ хизматрасониҳои пизишкӣ аз қабили гиёҳдармонӣ бо истифода аз гиёҳҳои табиӣ, ванаи барқӣ, маҳси бадан, табобат бо усули хобидан миёни лойи пизишкии табиӣ, вана бо оби шифобахш, табобат бо усули парафин ва сузанзанӣ бо нархҳои дастрас пешкаши муштариён мебошад, ки тамоми сокинони дохилию хориҷи метавонанд аз хизматрасониҳои осоишгоҳи мазкур баҳра баранд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳияи Ҷайҳун ба тамоми гушаву канори ноҳия ва берун аз он хатсайри нақлиётӣ бо нархҳои дастрас мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, ба ғайр аз он, ки дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо камаш як мағозаи савдои молҳои омехта мавҷуд аст, инчунин 2 бозори калон (бозори марказии “Дӯстӣ” ва бозори “Сафар” дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор дорад. Дар ин бозорҳо савдогарон аслан ба фуруши либос, хӯрока, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар ашёи ниёзи мардум машғул мебошанд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар ноҳияи Ҷайҳун шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ 54 адад мебошанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 22 адад дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки дорои сертификати сифат мебошанд.

Дар ноҳияи Ҷайҳун ду меҳмонхона (“Иззат” ва “Ориён”) фаъолият мекунад, ки бо тамоми шароиятҳои муосир таъмин мебошанд.

Ноҳияи Ҷайҳун — мавзеи парвариши зироат ва полезиҳои барвақтӣ, дарвозаи ҷануби Тоҷикистон, маркази тараққинамудаи дорои корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатии ба содирот нигаронидашуда ва бо технологияҳои нави каммасраф таҷҳизонидашуда, бо фазои ҷолиб ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ, бо шароити хуби иҷтимоию инфрасохтори заминавии аввалия, «Минтақаи озоди иқтисодӣ»-и истеҳсолию тиҷоратии рушдёфта ва обод, соҳаҳои рушдёфтаи иҷтимоӣ ва инфрасохтори замонавӣ, ки дар он аҳолии сермиллати меҳнатдусту бофарҳанг дар муҳити тозаи экологӣ зиндагии шоиста менамоянд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Гузашта аз ин мардуми ноҳияи Ҷайҳун аз қадим-ул-айём ба корҳои хонагии бофандагӣ, ресандагӣ, қроқдӯзӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, намадбофӣ, дӯхтани ҷиҳози арусӣ, аз чуб тайёр намудани асбобҳои рӯзгор, оҳангарӣ, заргарӣ ва кулолгарӣ шавқу рағбати беандоза доранд.

Бояд қайд намуд, ки аз миёни ҳунарҳои мардумии болозир яке аз машҳуртарин ҳунар ин оҳангарӣ мебошад, ки миёни мардуми таҳмилии ноҳия аз насл ба насл гузашта то ба имрӯз омада расидааст, ки он метавонад диққати сайёҳонро ба худ ҷалб созад. Воқеъан ҳам оҳангарӣ ҳунари волои мардуми тоҷик буда, метавонад маҳсули дасти оҳангарони ҷайҳунӣ кишвари азизамон Тоҷикистонро ба худ ҷалб созад. Ба ақидаи оҳангар Абдураҳим Исмоилов асбобҳои сирф оҳанин ду тарзи омода намуданро дороанд. Яке бо усули гарм намудани оҳанҳои қолабӣ ва кeфтан ба асбоби лозими табдил додани он ва дигаре бо усули ба мое табдилдодани оҳан ва дар қолабҳои махсуси асбобҳои рузгор бо андозаи кофӣ рехтани он.

Вижагиҳо. Ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун таъминкунандаи бозори кишвар бо лимуи дараҷаи аъло машҳур гаштааст. Лимуи Ҷайҳун бо назардошти иқлими парвариш аз лимуҳои дигар минтақаҳо бо андоза ва тамъи хосаи худ фарқ карда, чунин хусусият дар лимуҳои дигар минтақаҳо дида намешавад. Ғайр аз ин, дар ноҳияи зодагони вилояти Бадахшон зиёд ҳастанд, ки бо хусусияту урфу одатҳои мардумии кӯҳистон Ҷайҳунро шуҳрати дигар бахшидаанд.