Бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаю озода намудани атрофи иншооти таърихӣ, аз ҷумла, ёдгории бостонии дайри буддоии Аҷинатеппа бо иштироки донишҷӯёни бахши сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва сокинони ноҳияи Вахш ҳашар баргузор гардид.
Тозаю озода намудани муҳити атроф яке аз оинҳои ҷашни бостонии Наврӯз буда, ҳадафи аслӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сазовар таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.