Тахти Сангин шаҳрест, ки дар замони Искандари Мақдунӣ бино шудааст, вай қисми таркибии калонтарин бозёфти асри ХХ Ганҷинаи Амударё мебошад. Димнаи Тахти Сангин дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости саргаҳи Амударё, ки оби дарёҳои Вахшу Панҷ ба ҳам омезиш меёбанд ҷойгир аст.
Тахти Сангинро аз шарқ Амударё, аз ѓарб кўҳи Таҳти Қубод, аз шимол ва ҷануб иншоотҳои дуқабатаи муҳофизаткунананда иҳота кардаанд.
Тахти Сангин якҷоягӣ бо Тахти Қубод, ки 5 км дуртар воқеъ аст, ба воситаи деворҳои пурқуввати сангӣ бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил дода, роҳҳои обӣ ва хушкиро назорат менамуданд.
Водиҳои қамбарӣ дар байни силсилакўҳҳо ва дарёи Вахш ҷойгирбударо аз шарқ ба ѓарб бо ду девори азим буридаанд. Масоҳати байни деворҳои 2 км буда, байни онҳо хонаҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ намудоранд. Девори мудофиавӣ масоҳати 85 гектарро иҳота кардааст. Димна аз арк (165х235 м) ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тул кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51х51 м) фаро гирифтааст. Ба асрҳои 4-и қабл аз милод 3-и милодӣ мансуб аст.
Аз соли 1976 то соли 1979 эъломия (экспедитсия) бостоншиносии Тоҷикистони ҷануби таҳти сарварии академики АУ Тоҷикистон Б.А. Литвинский гузаронида шудааст.
Солҳои 2010-2018 теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба Тахти Сангин рў ба афзоиш овардааст. Мавзеи мазкур имконияти қабули зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро доро мебошад.
Масъалаи ҳалталаби мавзеъ ин таъмири роҳ буда болои маъбаъд баъди гузаронидани кофтукобҳои археологӣ пушида нест, ки имконияти гум шудани ҳолати аввалаи маъбад аз боду борон ба чашм мерасад. Мавзеи мазкур пурра омухта нагардидааст (танҳо 20 %) корҳои археологӣ гузаронида шудааст.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.