Бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳр аз марказҳои хизматрасонию маишӣ, таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ масъулини соҳа яқатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.
Бояд қайд намоем, ки дар маркази шаҳри Бохтар 17 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, манументалӣ ва меъмории дорои аҳмияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ инчунин 2 боғи фарҳангӣ ва 1 майдони парчам, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳии “Сайёҳ асри 21” ва “Сайри ҷаҳон”, 10 мағозаи фўруши армуғонҳо, 20 номгўи тарабхона ва 11 меҳмонхонаҳоро ташкил медиҳанд, ки ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ менамоянд.
Дар соли 2019 зиёда аз 22 ҳазор сайёҳон аз шаҳри Бохтар дидан намудаанд.
Ҳамзамон вобаста ба ин аз 31 майи соли 2018, №177 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар дар давоми солҳои 2018-2020” қарори дахлдор қабул гардидааст, ки аз 26 банд иборат мебошад.
Дар бораи барномаҳои маҳалли нақшаи чорабинӣ таҳия карда шуда, доир ба сархати дуюми банди 1-и нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар барои солҳои 2018-2020” санаи 2 июли соли 2019 бо мақсади муайян намудани иқтидори воқеии рушди сайёҳии шаҳр, конфренсияи сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳамат, ба Бохтар” баргузор карда шуд, ки дар конфренсияи мазкур озмуни номинатсия “Манзараи беҳтарини сайёҳӣ” ва “Армуғони беҳтарин” ҷамбаст карда шуда, ғолибони озмун бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шудаанд.
Вобаста ба банди 4-и нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар барои солҳои 2018-2020” мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ҳар нимсола ҷаласаи Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм баргузор карда мешавад, ки санаи 9- июли соли 2019 ҷаласаи Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар рўзномаи ҷаласаи Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризми шаҳри Бохтар 2 масъала мавриди барраси қарор гирифт:
1.Оиди “Барномаи рушди туризм дар давраи солҳои 2018-2020”
2.Оиди гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.”
Ҳамзамон вобаста ба банди 6-и нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар барои солҳои 2018-2020” санаи 26 апрели соли равон, барои рушди ҳунари “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” ҳамчун ҳунарҳои аҷдодӣ ва ташвиқу тарғиб намудани таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандони шаҳри Бохтар, озмуни “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” ташкил ва баргузор карда шуда, ғолибон бо сипоснома ва тўҳфаҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Ҳамчунин дар озмуни вилоятии “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”Мадамилов Мусоҷон ҷойи 2-ро ишғол намуд.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.