ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ – МАКОНИ ДЕҲҚОНОНИ БОИРОДА

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ санаи 29 августи соли 1930 дар шимоли вилояти Хатлон ташкил шуда, ба ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва Кушониён ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии ноҳия 68,2 ҳазор метри мураббаъ буда аҳолиаш беш аз 168,1 ҳазор нафар аст. Аз маркази ноҳия (марказаш ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ) то маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар 36 км буда, то шаҳри Душанбе 86 километрро ташкил менамояд.

Ноҳия қаблан бо номҳои Арал, Куйбишев ва Хоҷамастон ном бурда мешуд. Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004 номи ноҳияи Хоҷмастон ба номи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иваз карда шуд. Дар ҳудуди маъмурии ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот амал мекунанд.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ноҳия ба сифати мавзеъҳои сайёҳӣ ҳайкалу лавҳаҳои зиёди таърихӣ, майдони “Оташи абадӣ” ва мавзеи хушбоду ҳавои ҳавзи обтақсимкунӣ муайян шудааст.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳия 1адад Кохи фарҳанг, 3 хонаи фарҳангии типпи шаҳрӣ, 3 хонаи фарҳангии деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 11 китобхонаи деҳотӣ, мактаби санъати бачагона ва дастаи гуруҳи ҳунарии (Ғунча) ва (Шабчароғ) ба мардум хизмати фарҳангӣ мерасонанд. Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия се бозори молҳои ниёзи мардум, ду бозори масолеҳи сохтмонӣ, ду меҳмонхона ва якчанд ошхонаҳо ба мардум хизмат мекунанд. Дар ноҳия 63 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 литсейи бачагони лаёқатманд, 6 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд. Ноҳия асосан ба корҳои кишоварзӣ машғул буда, дар он парвариши пахта, ғаладонагиҳо, боғу токпарварӣ, маҳсулотҳои полезӣ сабзавот ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Инчунин соҳаи чорводорӣ низ фаъолият мекунад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, оҳангарӣ, дуторсозӣ ва гулдўзӣ дар байни мардумия ноҳия дида мешавад.

Вижагиҳо. Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо релефи хосу аҷоиби худ фарқ мекунад. Агар шаҳру навоҳии дигари вилоят аксаран аз сатҳи баҳр ва ё дарёҳои Тоҷикистон баланд бошанд, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 11 метр аз сатҳи дарёи Вахш паст аст. Атрофи ноҳияро гирдогирд кӯҳу теппаҳо иҳота кардааст, ки дар натиҷа чор фасли солро дар ин ноҳия бо тамоми хусусиятҳояшон дидан мумкин аст. Инчунин, дар ноҳия намояндагони тамоми маҳалҳои Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, ки сайёҳ метавонад дар як сафар ба ин ҷо ҳам ба урфу одати мардуми Хатлон шинос шаваду ҳам Суғду Бадахшон.