Мазори имом Зайналобиддин яке аз ҷойҳои муборак ва муқаддаси ноҳияи Дӯстӣ маҳсуб меёбад. Пеш аз он ки оид ба таърихи бунёди мазор маълумот диҳем, лозим ба ёдоварист, ки сари маънии вожаи “Зайналобиддин” таваққуф намоем.
Таърихшинос Олим Ғафуров оид ба маънои ин мафҳум чунин андеша баён месозад, ки он дар ибтидо ном не, балки унвон ва ё мартаба будааст. Авлодони ҳазрати Алӣ, ки бо номи Алавиё маъруф буданд, аз байни худ имом интихоб мекарданд, ки дар мартаба баробари халифаҳои расмӣ эҳтиром доштанд. Аввалин шуда, ин унвони фахриро имоми чорум Алӣ ном писари Ҳусайн, ки дар назди дашти Карбало шаҳид гаштааст, соҳибӣ кард.
О. Ғафуров менигорад: “Дар Осиёи Миёна, ки адабиёти динии шиа ба забони форсӣ паҳн мешуд, номи Зайналобиддин яке аз номҳои маъмули аҳолии суннии он гардид. Аммо вожаи Зайналобиддин” дар талаффуз чандон равон ва қулай набуд. Аз ҳамин сабаб дар Осиёи Миёна Зайналобиддин бештар дар шакли Зайлобиддин ё худ Зайнулобиддин истеъмол мешавад, Дар Эрон ва Озарбойҷон Зайналобиддин чунон ихтисор шудааст, ки ҳоло он дар намуди Зайнал ё худ Зейнал дучор мешавад”.
Аз 24 май то 24 июни соли 2002 гурӯҳи бостоншиносони Пажӯҳишгоҳи таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш А.У. Тоҷикистон бо супориши сарвари давлат дар ин ҷо кофтуков ва тадқиқоти илмӣ гузаронид. Яке аз он хулосаҳои илмии он чунин буд: “Маводи аз шурфаҳо ба даст омада аз он шаҳодат медиҳад, ки мақбараи Зайналобиддин дар болои шаҳраки замони Сомониён сохта шудааст, ки он дар сарҳади “Бешаи палангон” ҷойгир аст”. Инчунин як зерсутунчаи сангин сангини доирашакл, ҷузъи меҳроби оташ мебошад, ёфт шуд. Ин бозёфт шоҳиди он аст, ки дар ин ҷой ҳанӯз дар замони Кӯшониён ва юнонӣ – бохтарӣ шаҳрак ва маъбади зардуштӣ мавҷуд будааст. Бо сабаби он ки бинои кӯҳнаи мақбара қариб тамоман хароб гардида буд, солҳои 1920 – ум мардуми гирду атроф ҳашар ташкил карда онро таъмир мекунанд ва аз нав месозанд.
Дар бораи ҳазрати имом Зайналобиддин дар дастхатҳои асри миёнагӣ “Хазинат-ул-асфиё”, “Махбар – ул – восилин ”, “Шаводиҳ – ун — нубуват” ва баъзе дигар маълумот дода шудааст. Тибқи ин маълумот номи ӯ Алӣ, тахаллусаш Зайналобиддин ва кунияташ Абӯ Муҳаммад мебошад. Ў аз авлоди Муҳаммад – пайғамбар буда, набераи ҳазрати Алӣ ва писари имом Ҳусайн аст. Модараш Шаҳрбону духтари охирини шоҳаншоҳи Эрон аз сулолаи Сосониён Яздигурди III. буд. Ҳазрати Зайналобиддин соли 659 мелодӣ дар Мадина таваллуд шуда, соли 713 мелодӣ дар сини 54-солагӣ фавтидааст. Қабри ӯ дар мазори Бақеъи Мадина ҷой гирифтааст.Ҷолиби диқат аст, ки ҳазрати имом Зайнолобуддин аз тарафи модарашон эронинажод буданд, яъне аз ин ҷиҳат низ бо таъриху фарҳанги мо низ алоқаи бевосита дорад. Дар бораи ба Осиёи Миёна омадани ӯ дар таърих ягон маълумоте вуҷуд надорад. Мақбараи дар ноҳияи Дӯстӣ буда барои хотира, эҳтиром ва бузургдошти ӯ бунёд шудааст.” Моҳи июли соли 2001 Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари хидматии худ ба вилояти Хатлон аз мазори имом Зайналобиддин дидан кард ва баъдтар бо супориш ва кӯмаки сарвари давлат зиёратгоҳ таъмир ёфт.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.