шаҳри Кӯлоб

КӮЛОБ – ШАҲРИ ДАЛЕРОН

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб шуда, бо таърихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохтааст. Таърихи беш аз 2700-сола доштани ин шаҳрро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат дода, дар таърихномаҳо Кӯлоб ҳамчун шаҳри обод бо мардуми ҳунарманд ва дар айни замон далеру ҷасур зикр ёфтааст. Дар солҳои 1993-1994 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ хумдонеро пайдо карданд, ки ба асри ҳафти пеш аз мелод мансуб буд, яъне 2700 сол умр дошт.

Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001-ум шурӯъ шуда, то кунун идома дорад. Дар атрофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки панҷтои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Дигар ёдгориҳое, ки пайдо гардиданд аз давраи салтанати Кӯшониён, Бохтариён, Ҳахоманишиён, Ҳайтолиён, Сосониён ва ғайра гуфоҳӣ медиҳанд, ки дар мавриди ҳар яки ин давраҳо дар Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб маълумоти муфассал бо далелҳои воқеӣ маҳфузанд. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрҳое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои IX-VII — пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд. Ин шаҳр дар таърих бо аспҳои хушзоти бидави худ — «аспҳои хатлӣ» ва мардуми ҷангии худ машҳури кишварҳои Хуросону Мовароуннаҳр будааст.

Ҳудуди шаҳр 272, 9 келометри квадратиро ташкил медод ва дар он дар баробари тоҷикҳо намояндагони дигар миллатҳо аз қабили русҳо, ӯзбекҳо, асетинҳо ва ғайра зиндагӣ доранд. Шаҳри Кӯлоб аз 4-ҷамоат ва 63 маҳалла иборат мебошад, ки дар онҳо беш аз 200 000 ҳазор аҳолӣ зисту зиндагони мекунанд. Дар айни ҳол Кӯлоб сеюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар Кӯлоб барои сайёҳон маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон инҳо мебошанд: Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихии Кӯлоб, Осорхонаи шоирон Сайдалӣ Вализода ва Ашӯр Сафар, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдонҳои Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи “Модар”, муҷассамаи “Оила”, муҷассамаи “Шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон”, муҷассамаи шоири тавонои Кӯлоб Шамсиддин Шоҳин, оромгоҳи ҳакими машриқзамин Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, чашмаи пурмоҳии “Девоначанор”, оромгоҳи Хоҷағоиб (шахсиятҳои шинохтаи Кӯлоб дафн шудаанд) ва ғайра.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар шаҳри Кӯлоб барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла вобаста ба хизматрасонии нақлиётӣ бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб Фурудгоҳи байналмиллалӣ, Истгоҳи роҳи оҳан ва терминали мусофирбарӣ фаъолият мекунад. Ҷойи зикр аст, ки ба тамоми гушаву канори шаҳри Кӯлоб ва берун аз он хатсайри нақлиётӣ бо нархҳои арзон мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, ба ғайр аз он, ки дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо камаш як мағозаи савдои молҳои омехта мавҷуд аст, инчунин 4 бозори калон (бозори марказии “Саховат”, бозори “Сомонӣ”, бозори “Якуми май” ва “Деҳқонбозор”) дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор дорад. Дар ин бозорҳо савдогарон аслан ба фуруши либос, хӯрока, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар ашёи ниёзи мардум машғул мебошанд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ 101 адад мебошанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳри Кўлоб 80 адад дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки дорои сертификати сифат мебошанд.

Ҷойи зикр аст, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб ба ҳайси Пойтахти фарҳангӣ давлатҳои муштаракулманофеъ шинохта шуда, дар он муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Дар ин росто метавон аз чунин муассисаҳои калони фарҳангӣ ном бурд: Қасри фарҳанг (дорои 150 утоқи корӣ толори калони консертӣ бо 550 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, толори рақс барои 100 нафар ва толори варзишӣ барои 100 нафар), Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода (соли 1936 дар заминаи маҳфили ҳаваскорони санъати омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад ва камаш дар як ҳафта ду барномаи театрӣ ба намоиш мегузорад), Коллеҷи мусиқии ба номи К. Қурбонов (ба тарбияи санъаткорони ҷавон машғул аст), ансамбли «Фалак», мактабҳои махсуси рассомӣ ва гурўҳҳои рақсиву созӣ, Амфитеатр (9000 ҷойи нишаст) ва ғайра.

Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб се ҳаммоми ҷамъиятӣ ва як ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ мавҷуд мебошад. Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб бошад соли 2014 ба истифода дода шуда, дорои толорҳои гуштин, толори саққабозӣ, тринажор, тенис, инчунин ду толори калон: дар ошёнаи якум толор бо 3500 ҷойи ниишаст ва дар ошёнаи дуюм толор барои 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон ихтисос дода шудааст.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳафт меҳмонхона “Хатлон”, “Кӯлоб”, “Чинор”, “Кӯлоб-Помир”, “Роҳи абрешим”, “Доро” ва “Шоми Кӯлоб” фаъолият мекунад, ки бо тамоми шароиятҳои муосир таъмин мебошанд.

Шаҳри Кӯлоб бисёр боду ҳавои фораму дилнишин дошта, дар баробари ин дорои ҷойҳои истироҳатӣ низ мебошад, ки чанде аз маъмултарини онҳоро метавон номбурд. Аз ҷумал, боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб, боғи ба номи Исмоили Сомонӣ, боғу гулгашти назди Муҷтамаи осорхонаҳои Кӯлоб ва боғи ғалабаи халқҳо бар зидди фашизм аз зумраи мавзеъҳои гаштугузори шабонаву рӯзона мебошанд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Шаҳри Кӯлоб аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти худ кайҳо боз машҳур гардидааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб мардум ба ҳунарҳои гунонгуни халқии қадима ва муосир машғул мебошанд. Ба монандӣ, бофандагӣ (ҷӯроббофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, порадӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, пояфзолдӯзӣ…), намадмолӣ, дуредгарӣ (табақтарошӣ, чумчатарошӣ, ҳайкалтарошӣ, зиниасптарошӣ, гаҳворасозӣ, асбобҳои мусиқӣ…), оҳангарӣ (асбобҳои рӯзгор аз қабили табар, болға, бел каланд, дос, тануру лулатанур…), заргарӣ, пазандагӣ (истифодаи махсус аз маҳсулоти ширӣ, гуштӣ нонӣ ва алафӣ…) ва ғайраҳо. Инчунин, занони ҳунарманди Кӯлоб анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, ривоч, нашоиста ва ғайраро бо маҳорати баланд метавонанд омода кунанд.

Вижагиҳо. Кӯлобро дар баробари шаҳри далерон метавон шаҳри санъаткорон номид. Чунки дилхоҳ сокини Кӯлоб (чи зану чи мард новобаста аз касбу кору вазъи иҷтимоӣ) ҳатман ягон асбоби мусиқӣ, лоақал дутор, ё таблаку доира навохта, суруд ё рақс иҷро карда метавонад. Инчунин, Кӯлобро бо санъати чакандӯзиву гулбасташ дар тамоми дунё мешиносанд. Махсусан матои гулбасти Кӯлоб беҳамто буда, дар дигар минтақаҳои кишвар қариб, ки тамоман дида намешавад. Аз дигар вижагиҳои Кӯлоб ин аст, ки маҳаллаҳояш бо ҳунарҳои мардумӣ ном бароварда аз қадим чунин номгузориашон ҳифз шудааст. Масалан, Чармгарон, Нонбой, Саросиёб ва ғайра. Ин ва дигар вижагиҳои Кӯлоб омили ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ гардидааст.

Дар надорад хонаи мо аз барои дӯстон,

Аз азал Кӯлоби моро мулки бедар сохтанд.