Дар қисмати шимоли ноӽияи зебоманзари Муъминобод, тахминан 25км дуртар аз маркази он қаторкӯӽӽои сурхчаи одаммонанд ба назари бинанда мерасад. Кас гумон мекунад, ки дар он баландӣ афсарон дар либоси сурхчаи низомӣ дар дифои марзу буми ин диёр рост истодаанд. Ин гумони бинандаи ноошно аз ӽақиқати таърихии чандинӽазорсола сарчашма мегирад.
Ин манзараи аҷибу назаррабо қаторкӯӽӽои овозадори Чилдухтарони таърихист, ки оиди ин макони муқаддас байни мардум нақлу ривоятӽои гуногун пайдо гаштаанд.
Чуноне ки аз ривоётҳо бармеояд, чиӽил духтари тиркашу шамшерзан барои ӽифзи номуси худу диёри гузаштагонашон дар муқобили лашкари ғосиб ҷасурона мубориза мебаранд. Аз ҷасорати ин духтарон дар урдуи душман ваӽму ӽаррос пайдо мегардад. Онӽо то нафаси охирини ӽаёташон дар муқобили адуи хунхор истодагирӣ мекунанд ва ниӽоят бо шамшерӽою пайконӽои шикаста ва тирдонӽои холӣ ақибнишинӣ мекунанд, вале пеши душман сар хам намекунанд.
Дар охири кор духтарон эӽсос карданд, ки қувваи ин ғосибон зиёд буда, имкони истодагарӣ бо онҳоро надоранд. Аз ин рӯ даст ба осмон бардошта аз Худованди кариму меӽрубон ёрию мадад хостанд. Дуъои чил духтари отифаи париваш мақбули даргоҳи Худо гаштааст, ки ӽар кадом дар ҷои худ ба таври абадӣ дар қалби қаторкӯӽӽои муӽташам ба муҷассамаҳои сангин мубаддал ёфтанд. Вақте ки ғосибон ба санг табдил ёфтани духтаронро мебинанд, ба тарсу воӽима афтода он маконро тарк месозанд. Ин ривоят насл ба насл гузашта ёдоварӣ мешавад. Ӽазорсолаӽо боз ин мавзеъ бо номи Кӯӽи Чилдухтарон маълуму машӽур аст ва боиси ифтихору сарбаландии тоҷикон ва рамзу нишонаи озодихоӽию ватандӯстии гузаштагон ва имрӯзиён мебошад.
Дар поини қаторкӯӽӽои Чилдухтарон, қад-қади сангоби болои деӽаи Дашти ар-ар чанд чашмаи хурду миёна ба назар мерасад. Баъзеӽо бар он ақидаанд, ки оби сангоб такшин шуда аз ӽар макон мисли чашма берун мешавад. Касони дигар нақл мекунанд, ки гӯё оби сангоб аз ашки чашмони духтарони мубориз пайдо гаштааст ва ғайра. Ба ин макони муқаддас ӽар сол зоирон, сайёӽон, дӯстдорони табиати биӽиштосои Чилдухтарон баӽри тамошо қадам ранҷа месозанд.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.