• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ЯКҶОЯГИИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ МАШВАРАТИ ВИДЕОӢ ДОИР НАМУДАНД

13.04.2020 / admin / 0 Comments

Санаи 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар якҷоягии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Бонки Ҷаҳонӣ тариқи онлайн машварати видеоӣ баргузор намуданд.

Дар ин машварати видеоӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, роҳбари гурӯҳи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Андреа Далл Олио (аз Вашингтон дар алоқа), муовини роҳбари лоиҳа Талайбек Кошматов (аз Бишкеки Қирғизистон дар алоқа), мутахассисон Татяна Сегал ва Юн Фан (аз Вашингтон дар алоқа) ва мушовирони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алишер Исоев, Наврӯза Алиқулова (аз Душанбе дар алоқа) ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, инчунин вусъат додани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Бонки Ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуданд, ки дар сурати ҳарчи тезтар татбиқ гардидани лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” Бонки Ҷаҳонӣ дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод шудаанд, саҳми намоён мегузорад.

Таъкид гардид, ки дар доираи чорабиниҳои лоиҳа ҷудо намудани грантҳои хурд, барои дастгирии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, шир ва ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ гардонидани мавзеъҳои “Чилучорчашма”, Хоҷа Машҳад ва қалъаи Ҳулбук ҳамчун объектҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ Андреа Далл Олио зикр намуд, ки барои пешбурди корҳои барқарорсозӣ ва беҳбуд бахшидан ба ҳолати иншоотҳои Хоҷа Машҳад (Шаҳритус), қалъаи Ҳулбук (Восеъ), “Чилучорчашма” (Носири Хусрав), таҳияи коркарди бизнес-планҳо 4,5 миллион доллар сармоягузорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи лоиҳа инчунин грантҳои хурд барои рушди бизнеси хусусӣ дар самтҳои такмили сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, тарабхонаҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди ин ҷудо карда мешаванд.

— Мо омодаем, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ ва лоиҳаҳои бо маблағҳои ин бонк амалишаванда ҳамкории доимӣ ва манфиатбахш дошта бошем, — қайд карданд раиси вилоят дар интиҳои конференсияи видеоӣ. – Боварӣ дорам, ки амалишавии “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Бонки Ҷаҳонӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Конфренсияи вилоятӣ Брендикунонии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз бренди миллии сайёҳӣ”
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди сайёҳии экологӣ” »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.