Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди сайёҳии экологӣ” дар ноҳияи Данғара

Санаи 22 апрели соли 2020 шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди сайёҳии экологӣ” дар ноҳияи Данғара баргузор  намуд.

Семинари мазкур бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва донишҷӯёни дар риштаи сайёҳӣ таҳсилдошта баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур баромади намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Вазъи рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баромади мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, баромади роҳбари ширкати сайёҳӣ ҶДММ “Хуталон” дар ноҳияи Данғара ва ҶДММ “Панҷакент интур” дар шаҳри Панҷакент дар мавзӯи ташкили хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ ва баромади директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон шунида шуд.

Дар охир, масъулини соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва донишҷӯёни дар риштаи сайёҳӣ таҳсилдошта дар мавриди сайёҳати экологӣ ва пешравии ин самт аз намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суолҳои гуногун пурсиш намуда, ҷавобҳои қаноатбахш ва маслиҳатҳои муфид гирифтанд.