Яке аз мавзеъҳои саноатии кишвари мо, пас аз бунёди Неругоӣи овозадори барќи обии “Норак” дар соли 1972, унвони “Шаҳри нур”-ро гирифт. Дар замони соибистиқлолӣ он боз ҳам ободу зеботар гашта, ба минтаќаи сайёҳӣ табдил ёфт. Доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр раиси он Фатҳулло Ҳурматзода чунин изҳори назар кард:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ, паёмҳои солона, ташрифашон ба шаҳр ва масоили марбут ба энергетика номи неругоҳи «Норак»-ро бо ифтихор ба забон мегиранд ва барои рушди минъбадаи он пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа медоранд.
Сокинони шаҳр дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, барҳи пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврўзи байналмилалии имсола, ки мизбонаш шаҳри Норак аст, омодагиҳои ҳамаҷониба мебинанд.
Аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр 24 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 65 иншооти ҷашни ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати назорати рафти корҳо се гурӯҳи кории алоҳида аз ҳисоби кормандону хизматчиёни давлатӣ таъсис ёфт.
Соли 2018 бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар 2 майдончаи варзиш, айвонча барои бозии кўдакон дар муассисаи томактабии №5, синфхонаи технологияи касбу ҳунар барои писарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ошхона бо ҷои 50 нишаст дар МТМУ №15, се синфхона дар МТМУ №16, як синфхона дар муассисаи таълимии №20 мавриди истифода ќарор гирифтаанд. Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ майдонҳои варзиш барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва 2 синфхонаи иловагии МТМУ №17 бо тарҳу симои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар доираи иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иќтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016-2020 32 лоиҳа ба маблағи 567, 7 миллион сомонӣ амалӣ гардида, 50 лоиҳаи дигар марҳила ба марҳила амали шуда истодаанд.
Корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли гузашта дар ҳаҷми 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 11 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуда, барои корҷўён 356 ҷойи кор ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид. Дар натиҷа, 131 корҷў бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд. Ба омўзиши касбҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, асосҳои омӯзиши кор дар компютер 763 сокини бекор ҷалб гардид.
Барои гирифтани маблағҳои имтиёзнок 39 шаҳрванд ба шӯъбаи Агентии меҳнат, муроҷиат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуд. Ба онҳо 130 ҳазору 764 сомонӣ маблағ дода шуд.
Бо маќсади равнаќи бештари соҳаи сайёҳӣ, дар шаҳр як ќатор корҳо сомон ёфтанд. Аз ҷумла, қомат афрохтани муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, баландтар сар афрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ, сохтмони растаи ҳунармандон, сабзу хуррамгардонии гулгаштҳои ҳудуди неругоҳ, шинондани 5 ҳазор гули мавсимӣ, 65 бех ниҳоли ҳамешасабз, созандагиву бунёдкорӣ ҳама ба хотири ҷалби бештари гардишгарони дохиливу хориҷӣ ба шаҳр аст.
Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон- сарзамини сайёҳӣ», ки тобистони соли сипаришуда дар шаҳри Норак гузашт, масъулонро водор намуд, ки дар ин самт талошу кушишҳои бештар намоянд. Дар чорабинии мазкур намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз кишварҳои Австрия, Кореяи Ҷанубӣ, Ќатар, Узбекистон, намояндагони шарикони рушд, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҳунармандон иштирок намуданд. Дар доираи форум 32 санади ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ширкатҳои гардишгарии ватаниву хориҷӣ ба имзо расонда шуд.
Обанборҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» ҳамчун баҳрҳои сунъӣ, 30 истироҳатгоҳи лаби баҳр, соҳили тӯлонии дарёи Вахш, тарабхонаву ошхонаҳои мавсими соҳил, таъомҳои лазизи аз моҳӣ омодашуда, шароити моҳидорӣ, манзараҳои ҷолибу диданӣ сайёҳонро ба шаҳри Норак мехонад. Танҳо муаррифии шоиста, роҳнамоҳо бо забонҳои хориҷӣ рушди ҳунармандӣ ва инфрасохтори деҳот, меҳмондории сокинон метавонад ин соҳаро боз ҳам равнаќ бахшад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.