Мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” яке аз ҷойҳои таърихӣ ва озодаю дилфиреби ноҳияи Дӯстӣ мебошад.
Мамнӯъгоҳ бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти комплекси табиии биёбони ҷануби ҷумҳурӣ ва гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи илмӣ бо Қарори Шӯрои Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 ташкил карда шуда буд. 14 январи соли 1942 мамнӯъгоҳ ба ихтиёри филиали Тоҷикистонии Академияи Фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (баътар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон) супурда шуд. 9 майи соли 1959 бо Қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ мамнӯъгоҳ ба ҳайати Коммитети давлатии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ дохил карда шуд.
Мамнӯъгоҳ дар масофаи 160 км ҷануби пойтахти ҷумҳурӣ ва 60 км дуртар аз маркази вилоят воқеъ аст. Ҳудуди мамнӯъгоҳ аз Шимол то Ҷануб 45 км ва аз Шарқ то Ғарб 30 км аст. Мамнӯъгоҳ дар ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ, шимолтари минтақаи якшавии дарёҳои Вахшу Панҷ ҷойгир шуда, туғайзор, соҳилҳои поёноби дарёҳои Вахшу Панҷ қитъаи биёбони Қашкақум ва нимбиёбони доманакӯҳи ҷануби кӯҳи Хоҷақозиёнро дар бар мегирад. Соҳили чапи мамнӯъгоҳ дар баландии 223-520 метр аз сатҳи баҳр соҳили рошташ дар баландии 1000-1200 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст.
Релефи соҳили чапи поёноби дарёҳои Вахшу Панҷ ҳамвории паст буда, аз кӯлҳои боқимондаи рӯдхонаи дарёи Вахш, ки дар гирду атрофи онҳо алафҳои обӣ (кӯлҳои Аллакӯл, Кабуди хурду калон, Халакӯл, Дедов, Пионер ва ғайраҳо) мерӯянд ва аз ботлоқзорҳо иборат мебошад.
Дар байни ин кӯлҳо Аллакӯл кӯли калонтарин ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 2 км дарозӣ ва то 10 метр чуқурӣ дорад. Тобистони мамнӯъгоҳ гарм ва зимистонаш нисбатан хунук буда, барф ниҳоят кам меборад. Ҳарорати ҳаво дар инҷо моҳи август то 40-45дараҷа гарм ва дар моҳи январ 3-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳайвоноти гуногуни мамнӯъгоҳ чун табиаташ хосса аст. Дар кӯлу дарёҳои он зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, сиёҳмоҳӣ ва яке аз моҳиҳои қадима калбакибелбар ҳастанд. Аз хазандаҳо морҳои заҳрдори айнакдор, кубро, гурза, мори афъи, инчунин калтакалоси Осиёи Марказӣ сусмор, тимсоҳҳои биёбон вомехӯранд.
Дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” махсусан паррандагон бисёр вомехӯранд. Зимистон дар кӯлҳои инҷо то 10 – 15 ҳазор мурғон ҷамъ меоянд. Тазарв (Фазан) ифтихори мамнӯъгоҳ аст ва шумораи он ба 1800-2500 мерасад.
Экосистемаи мамнӯъгоҳ барои муқимӣ гаштани парандагони кӯчӣ хеле мусоид мебошад. Айни ҳол дар манотиқи мазкур 214 намуди онҳо фориғ аз ҳама хатарҳои экологию ҷонӣ ҷойи зисти хуб доранд. Ҳине фасли зимистон фаро мерасад, парандагон аз иқлими сарди Чин, Қазоқистон, Сибири Шарқӣ ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ин иқлими гарм кӯч баста, лона бунёд карда, мавсими қаҳратунро паси сар мекунанд.
Дар мамнӯъгоҳ 33 намуди ҳайвоноти ширхӯр сокин шудаанд, ки хонгул, ғизол, шағол, гурбаи найзор, рӯбоҳ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмолӣ Раҳмон моҳи августи соли 1998 барои беҳбуд бахшидани фаъолияти мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” фармоне ба тавсиб расонд, ки мувофиқи он ба мамнӯъгоҳи давлатии “Бешаи палангон” мақоми мамнӯъгоҳи биосферӣ дода шуд.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.