Рӯзи 19 апрели соли 2019, дар шаҳри Бохтар мизи мудавар бо иштироки 60 нафар соҳибкорони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Вахш, Кӯшониён, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Қӯбодиён, Шаҳритуз, Левакант баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар масъалаи «Рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории сайёҳӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар назди иштирокчиён роҳбарону мутахассисони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилотҳои вилоятӣ, аз ҷумла сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ, мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ, сармутахассиси Раёсати ҷавонон ва варзиш ва мутаххасиси калони Раёсати андози вилоят баромад намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ оид ба соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории сайёҳӣ, тартиби таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ғайра ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамзамон, баъди нисфирўзӣ 20 нафар иштирокчиёни чорабинӣ, соҳибкорони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои болозикр аз корхонаҳои трансформаторбарорӣ, сехи дӯзандагӣ, шириниҳои Шарқи шаҳри Бохтар, гармхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири ноҳияи Кӯшониён, сардхона ва истеҳсоли қуттиҳои пластмасии шаҳри Левакант дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шиносоӣ пайдо намуданд.