Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ- макони муқаддас ва зиёратгоҳи аҳли дин ба ҳисоб рафта, он дар мавзеи зебою хушбоду ҳавои Балҷувон, ки аз ду тарафаш дарёи Сурхоб мегузарад, воқеъ гардидааст. Ҳавлӣ- боғ ва ҳудуди ин зиёратгоҳ наздики як гектарро ташкил медиҳад. Дар қисми болои зиёратгоҳ бинои мақбараи зебою хуштарҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ҷой гирифтааст.