ТЕМУРМАЛИК — МАКОНИ САЙЁҲОНИ ТАБИАТДӮСТ
Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ноҳияи Темурмалик марказаш шаҳраки Совет (собиқ Қизилмазор) аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе бо шоҳроҳҳои асосӣ дар дурии 206-207 км мавқеъ дорад. Ноҳия аз ҷиҳати марзӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг, Данғара аз тарафи даштҳои Олимтой тавассути қишлоқи Тошбулоқ ва Фархор хати сарҳад дорад.
Шаҳраки Совет маркази ноҳия маҳсуб шуда, дар соҳили дарёи Сурхоб дар байни теппаҳои начандон калон ба масофаи то 3-3, 5 км дарозӣ аз саргаҳи қишлоқи Шибанай то насосҳои обкаш бирдам мавқеъ дорад ва аз сатҳи баҳр дар баланди 900 метр воқеъ гаштааст. Замини шаҳрак қисми шарқию ҷанубиаш сангу қум, сатҳи оби заминаш баланд, қисми ғарбии шимолиаш сафедхок аст.
Ноҳия расман 19-уми январи соли 1936 бо номи Совет ташкил ёфта, дар замони соҳибистиқлоли номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро ба худ гирифтааст. Сокинони ноҳияро аслан тоҷикон ташкил медиҳанд. Ноҳияи Темурмалик як қисмати сарзамини Хатлон, аз минтақаи Кӯлоби он аст, ки таърихи он ба таърихи хатлониён аз қадим як аст. Аз руи шаҳодати таърих, кашфи бостоншиносон маълум аст , ки ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ шуғл варзида ибтоидои зисти одамонаш ба ориён мансуб аст. Ба ин ақида, бозёфтҳои археологии Ҳулбук, Фархор, Мунк, Балҷувон, Қубодиён, Данғара ва Тутқавул мисоли равшан шуда метавонанд.
Инфрасохтори хизматрасонӣ. Ноҳияи Темурмалик аз лиҳози инфрасохтор барои қабули сайёҳон омода мебошад. барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ маконҳои ҷолиб дорад. Роҳҳои дохилии ноҳия пайваста таъмиру тармим гашта, хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш барои дохил ва беруни ноҳия дар сатҳи зарурӣ ва арзон таъмин аст. Дар ноҳияи 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 1 осоишгоҳи «Оби шифо», 1 шифохонаи солимгардонии «Нигора» ҷавобгӯ ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ, 1 стансияи беҳдошт, 3 беморхонаи қитъавӣ, 25 бунгоҳи маркази саломатӣ, осорхонаи ба номи Бобоюнус бозору мағозаҳои ва ғайра мавҷуд мебошанд .
Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Темурмалик барои сайёҳони геологӣ бисёр ҷолиб аст.Ноҳия дар байни қаторкуҳҳои Илонтоғ, Хӯҷаи Нур, Кӯҳи Хӯҷа Сартез, ки аз 60 то 80 км тӯл кашидаанд, мавқеъ доранд. Аз миёни ноҳия дарёҳои Сурхоб, Тоҳирсу ва Оби Шӯрак мегузарад. Дарёи Сурхоб аз дарёҳои машҳури ҷумҳурӣ буда, дар таркибаш оби ширин, талх, шӯр ва газдори тунди аз элементҳои химиявӣ бойи махлутшуда бисёр аст. Иқлими давродаврии ноҳияи Темурмалик ба худ табиати хос дорад. Дар қисми ғарбу шимоли ноҳия боронгарӣ бисёртар буда, дар қисми шарқу ҷануби ноҳия боронгарӣ камтар аст.
Дар кӯҳҳо заминҳои он аз товасанг, гаҷ, оҳак, қум ва дар баъзе қитъаҳо хоки кулоли сурх, сиёҳхок ва сафедхок мавҷуд аст. Хоки шӯрадор дорад. Аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок ноҳия ба кони намак, ангиштсанг, уран, газ аз рӯи баъзе маълумотҳои илми геологӣ аз нафт бой аст. Конҳои намаки Хоҷа Сартез, Танобчӣ, Девонабобо, Даҳаи Намак ҳамчун намаки ошӣ чандин солҳо мавриди истифода аст. Обу лойлақи пуштаи Танобчӣ аз ҷиҳати табобатӣ кайҳо боз ба илми тиб маълум ва мавриди истифода мебошад. Аз лойи ноҳияи Темурмалик, ки 25-30 дараҷа гармӣ дорад, дардмандон дар ҷояш нағз истифода мебаранд. Он барои табобати касалиҳои пӯст, пойдард, миёндард, ба тадриҷ овардани бофтаҳои бадан, васеъ истифода мешаванд. Инчунин, дар ноҳияи Темурмалик беш аз 3000 намуди растаниҳои табиӣмерӯяд. Растаниҳои табобатӣ асосан дар қисми кӯҳҳои Илонтоғ, ХӯҷаиНур, мавзеиЗангибобо, Дастарқозӣ ва кӯҳҳои Хӯҷа Сартез дида мешаванд. Дар дашту кӯҳҳо ва доманакӯҳҳои ноҳия растаниҳои буттагӣ ва дарахтӣ, аз ҷумла писта, шӯлаш, санҷит (ҷида), сафедор, чинор, ар-ар, заранг, дулона, олучабандак, олуча, тут, себ, ангат, туғ, хӯч, бодом, пушол, ангур, зелол, олу, гелос, чормағз, арча, қарақот, муруд ва ғайра аз гиёҳҳои шифобахш: аҷик, чоқла, чукрӣ, рошак, ров, шибит, шибитак, кравчак, зира, қузақарнӣ, чора, пиёзи кӯҳӣ, анзур, сир, арпомодиён, ширинбия, субинак, чоёкаҳак, ҷамбилак, қонтепар, пӯдина, сиёҳалаф, паи зоғак, кавар, камол, пӯдинаи лалмӣ, раҳдавак, чилбуғма, қоқу, шамантулоқ, тахач, лола, севчук, янтоқ, думирӯбоҳ, шифоқ, нахӯдак, ғеша, марғилон, говқисирак, алафҳои тухумдорва ширадори сафед ва ғайраҳо, ки беш аз 100 намуди он дар тибби имрӯза маълум аст, истифода мешавад. Ва ҳанӯз бисёр гиёҳҳе ҳастанд, ки ҷиҳати шифобахшии онро бояд биологҳо, фармасевтҳо (дорусозон) бояд таҳқиқ ва аз санҷиш гузаронанд .
Дар олами паррандагону ҳайвонот ва хазандагон дар ноҳия беш аз 115 намуди онҳо ба қайд гирифта шуда буд. Алҳол, аз паррандагон бештар кабк, кабӯтар, гунҷишк, фохтак (мӯсича), гунҷишкҳои муқимию мавсимӣ, зоғ, зоғча, аллака, қароғ, шоҳин бум, лочин, лошахӯр, уқоб, каргас, майна, булбул, фароштурукҳо, ҷулик, ҳудҳуд (шонасарак), санговдавак, зарғов, залич, бедона, аз дарранда ва хазандаҳо хирс, гург, рӯбоҳ, хук, гурбаҳои ваҳшӣ, мор, ҷайра, самур, каламуш (юрмон) ва ғайра мавҷуд аст .
Касбу ҳунарҳои мардумӣ . Ноҳияи Темурмалик аз замонҳои қадим бо ҳунармандон ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ машҳуру овозадор буд. Имрӯзҳо дар ҳудуди Ноҳияи Темурмалик касбу ҳунарҳои халқӣ аз қабили бофандагӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, пойафзолдузӣ, оҳангарӣ, гулпартоӣ, дар гилему намад, сузанидӯзӣ, косаю табақтарошӣ, зину лаҷом сохтан, заргарӣ, кулолгарӣ, гавҳора сохтан, дару тиреза сохтан, биносозӣ, кандакории чуб ва дигар ҳунарҳо хело хуб ривоҷ ёфтааст. Ғайр аз ин занони ҳунарманди ноҳияи Темурмалик намудҳои гуногуни хурокҳои миллӣ аз ҷумла оши палав, оши тупа, оши бурида, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, умоч, нашоиста, қалама, таҳмол ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд омода карда метавонанд .
Вижагиҳо. Табиати ноҳияи Темурмалик аз гулу гиёҳҳои нодиру камёфт, ки дар дигар гушаҳои дунё ба назар намерасанд, бой мебошад. Ба унвони мисол аз 3000 намуд гулу гиёҳе, ки мардумаш шинохта кардааст, танҳо 100 намуди онҳоро дар илм шиносоӣ кардаанд ва боқимондааш ба пажуҳиш ниёз дорад. Аз хӯрокҳо бошад таҳмол аслан хоси мардуми ноҳия мебошад, ки дар болои товаи сангин пухта шуда, таъми лазизу дилкаш дорад.