ноҳияи Данғара

ДАНҒАРА – ДИЁРИ РОДМАРДОН

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёри тоҷикон Данғараи бостонӣ таърихи басо бою рангин дошта, он ба қаъри асрҳо мерасад. Мутаасифона, оид ба таърихи ин манотиқ то кунун асаре ва ё таълифоте, ки таърихи ин диёрро аз ибтидо то кунун фаро гирифта бошад, ба табъ нарасидааст.

Зикр бояд кард, ки дар қаламрави ноҳия заҳмати бостоншиносону олимони барҷастаи Шӯравӣ ва ҷумҳуриамон назаррас аст ва ин мавзӯъ бахшеро ишғол мекунад. Олимон дар таҳқиқу муайян гардонидани бошишгоҳҳои Данғара, ки асри сангӣ – даҳҳо ҳазор солро дар бар мегирад ва давраи биринҷӣ, ки ба ҳазорсолаи саввум мансуб аст, заҳматҳои зиёде кашидаанд. Дар ин таҳқиқотҳо хизмати олимони намоён А.П. Окладников, Б.А.Литвинский, В.А. Ранов, А. Х. Юсупов, Р. Маҳмадшоев, Г. В. Коробков ва чанде дигарон, ки Данғараро берун аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ маълум намудаанд, шоистаи таҳсину сипос аст. Бошишгоҳҳои зиёди таърихӣ дар ноҳияи Данғара зери ковишҳои бостоншиносӣ муайян карда шудаанд, ки дар маҷмуъ таърихи онҳо ба ҳазорсолаҳои V-IV то мелод рафта мерасад.

Бозёфтҳои бостоншиносон, ёдгориҳои таърихӣ, ҳикояву ривоятҳо далели равшани онанд, ки дар ин сарзамин чандин садсолаҳо инҷониб мардум ба зиндагиву бунёдкорӣ машғул будааст. Хушбахтона, бо кӯмаки таърихшиносон гузаштаи наздику дури ин сарзамини бостонӣ то қадри имкон омӯхта шудааст.

Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Миллатҳои мутамаддин мероси гаронмояи аҷдодони худро на танҳо пос медоранд, балки онро бо арзишҳои нав ғанӣ мегардонанд.”[1]

Мавзеи Данғара дар гузашта ва имрӯз ҳам баҳри ободию шукуфоии кишвар ва хизмати башарият афроди бузургу диловарони зиёдро ба майдон овардааст, ки намунаи олии он дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум гардидааст.

Аз гузаштаи дури таърихи ин диёр сарчашмаҳои зиёди илмӣ маълумот додаанд. Бозёфтҳои археологӣ аз бошишгоҳҳои таърихии мавзеи Пушинг, Кӯи Булён, Туғузак, Сои Сайёд, Мундоқ, Муноскул, Данғара нишонаи чандин ҳазорсола асту онҳо ёдгории қадимтарини таърихӣ ҳисобида мешаванд.

Дар асарҳои барҷастаи таърихӣ ба монанди “Авесто”, “Таърихи Табарӣ”-и Абӯалӣ Балъамӣ, “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, “Таърихи Эрони Бостон”, “Таърихи муфассали Эрон”-и Абдуллоҳи Розӣ, “Таърихи Эрон”-и Серпери Сояне, “Ҳудуд-ул-олам”, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Мероси Эрон”-и Ричард Фрай, “Асрори номҳои кишвар”-и А. Девонақулов ва ғайраҳо ҷо-ҷо нисбати кӯҳанбунёд будани Данғара ишораҳо ба назар мерасанд.

Ишораву навиштаҷоти муаррихон, сайёҳон ва нақлу ривоятҳои ашхоси солхӯрда ва кӯҳансоли диёр гувоҳи онанд, ки Данғара амсоли Ҳулбуку Фархор таърихи қадима ва чандҳазорсола дорад ва ин мулк дар замони Пешдодиён, Куруш ва Доро шаҳри зеботарин ва ободтарини Хатлон будааст.

Ривоятҳое мавҷуданд, ки номи қадимаи Данғара “Хуррамзамин” ва ё “Маърифатгоҳ” будааст, ки аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ин диёр ба хок яксон карда шудааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Данғара дубора ба ҳамон “Хуррамзамин” ва ё “Маърифатгоҳ”- бо диди муосир баргаштаистодааст.

Калимаи “Данғара” аз ду ҳисса иборат аст. “Дан” — об ва “ғара” – кӯҳ буда, истилоҳан обшорони зеркӯҳҳои талу теппа ва дашту даман мебошад.

 Ноҳияи Данғара 8 июли соли 1932 бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳияи маъмурии Данғара ташкил ёфта то соли 1936 Оқсу ном дошт. Данғара дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Вахш ҷойгир аст. Аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 116 км, то шаҳри Кӯлоб 86 км масофаро ташкил медиҳад. Масоҳати ноҳия 2,0 ҳазор км2 мебошад.Ноҳия аз 8 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳрак иборат мебошад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз нав барқарор карда шудаанд, аз ҷумла мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ки ифодагари таърихи қадимӣ будани ноҳияи Данғара мебошад, аз қабили Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин, Қалъаи Золи Зар, Қалъаи Шаҳиди Данғараи Боло, Ҳазрати Сабзпуш, Сангтуп, Чила Мазор, Ҳазрати Ҳоҷаи Зинда, Ҳазрати Мулло Тоҳири Балогардон, Бошишгоҳи давраи ҷамъияти ибтидоии Оғзикучук (Даҳани саг), Гавҳорасангҳо, Мавзеъи Чанорҳои Ҳазорсола, Мақбараи Домулло Файзулло, Расадхонаи Санглох, Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагии Ҷунтай-Данғара Син-Силу-Текстил, Донишгоҳи Давлатии Данғара, ки таҷассумгари санъати меъморӣ ва арзишҳои бойи таърихро дар худ инъикос менамоянд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Бо дарназардошти мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, имконият барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Данғара зиёд аст. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия раванди таъсис ва сохтани инфрасохтори мукаммал барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ идома дорад. Дар доираи инфрасохтори хизматрасонӣ метавон хизматрасонии нақлиётӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, меҳмонхонавӣ ва ғайраро номбар намуд.

Дар ноҳия барои сайёҳон хизматрасонии нақлиётӣ дар шакли Терминали роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ бо хизматрасонии шабонарӯзӣ, Фурудгоҳи ҳавоӣ хизмат мерасонанд.

Ҷиҳати дастрасии меҳмонон ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ, КАТС- дар маркази ноҳия ва дар деҳаву маҳалаҳо 75 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолияти шабонарӯзӣ доранд.

Барои бурду боши меҳмонон дар ноҳия 5 меҳмонхонаи наву замонавӣ бо тамоми шароитҳо мавриди истифода қарор дода шудааст.

Меҳмонхонаҳои “SPA HAYOT”, “Нахш”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Ориёнбонк”, “Агроинвестбонк” ва ғ.

Дар ноҳия барои фароғату истироҳати меҳмонон чойхонаву тарабхонаҳои барҳавову замонавӣ фаъолият менамоянд. Чойхонаи “Хуррамшаҳр”, Чойхонаи “Раҳмониён”, Чойхонаи “Роҳат”, Боғи фарҳангиву фароғатӣ, Театри ноҳиявӣ (бо 360 ҷойи нишаст), Қасри фарҳанг фаъолият намуда, гулгаштҳои зебо ва кучаҳо ноҳия бисёр дилфиребанд, ки ҳангоми гашту гузор касро мафтуни худ мегардонанд.

Барои машку тамрин ва бозиҳои гуногуни варзишӣ дар ноҳия Маҷмааи варзишӣ, Майдони марказӣ, 2 майдончаи сунъӣ барои футболи хурд мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд.

Барои дастраси пайдо намудан ба сару либос, маҳсулоти хурокворӣ, таҷҳизотҳои электронӣ ва хизматрасонии бонкӣ дар ноҳия Бозори “Марказӣ”, бозори “Каёнуш”, Минимаркетӣ “Каёнуш”, “Фариддун” “Эраҷ”, филиалҳои БДА “Амонатбонк”, Ориёнбонк, Бонки Эсхата, ТҚХ “Имон интернейшнл, Финка, Ҳумо, Оксус ва ғайра хизмат мерасонанд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Бо дарназардошти таърихи куҳан аҳолии ноҳия ҳунарҳои аҷдодони худро аз насл ба насл то имрӯз оварда расонидаанд. Бо эълон гардидани Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пешниҳоди онҳо ҳамчун намунаи олии таърихи куҳанбунёди ин сарзамин ба сайёҳон, тадбирҳои зарури андешида шуда истодаанд. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ хело зиёданд. Аз қабили: адрасбофӣ, қуроқдузӣ, гилембофӣ, гулдузӣ, зардузӣ, курпачадузӣ ва ғайра. Ҳамзамон анвои гуногуни ғизои миллӣ дар ноҳия барои сайёҳон омода карда мешавад. Аз ҷумла: рубич, оши бурида, сумалак, далда ва ғайра.

Вижагиҳо. Ноҳияро асосан бо заминҳои васеъи ғаллааш мешиносанд, ки тамоми кишварро бо гандум таъмин менамояд. Ноҳия дар баробари аграрӣ буданаш ҳамчун манбаи нур шинохта шудааст. Зеро ки дар он ду неругоҳ — Сангтуда 1 ва 2 қарор доранд. Аммо асли манбаи нур будани ноҳия ин зодгоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданаш аст, ки ин фарзанди сарсупардаи миллат дар мудҳиштарин лаҳзаҳо барои халқи азизаш пайки нуру рушанӣ ва сулҳу суботу оромӣ овард. Дар ноҳия Осорхонаи Пешвои миллат мавриди истифода қарор дорад, ки бозгӯи рӯзгори шарафмандонаи ин абармарди сиёсат аст. Ҳамзамон мактаби дар он Пешвои миллат таҳсил намудааст, фаъолият дорад.


[Э. Раҳмонов, “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. – Душанбе, “Матбуот”, 2001, саҳ.21.