ноҳияи Балҷувон

БАЛҶУВОН – ЁДГОРЕ АЗ МОДАРИ ШАҲРҲО

Маълумоти мухтасари таърихӣ: Балҷувон дар гузашта яке аз қадимтарин ва калонтарин ноҳияҳои тоҷикнишин буд. Тибқи маълумоту бозёфтҳои бостоншиносӣ ин сарзамин ба ҳудудҳои Бохтар дохил буд. Балҷувон дар тӯли ҳазорсолаҳо макони мардуми ориёӣ будааст. Дар сарчашмаҳои антиқӣ Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо номидаанд. Балҷувон, ки вориди ҳудудҳои шаҳри Бохтар буд, аз ин лиҳоз дар байни олимону донишмандон дар хусуси пайдоиши этимологияи номи Балҷувон ақидаҳои ҳархела то ҳол маҳфуз мебошад. Тибқи ақидаву андешаҳои муйсафедони рӯзгордидаи ноҳия истилоҳи Балҷувон аз решаҳои “Бале” ва “ҷавон” бармеояд. Маънояш, “Бале ҷавон” аст. Ба ин ривоят гуё ин сарзамин ҷавонони зиёди ҷасур паҳлавон, ростқавлу қавииродаро ба халқи тоҷик додаст. Ин фикру ақидае, ки дар байни насли калонсолу рӯзгордидаӣ ноҳияи Балҷувон паҳн гардидааст. Вале мувофиқи андешаи муҳаққиқону донишмандон Балҷувон шакли тағирхӯрдаи калимаи Балхувон ва ё Балхиён буда, бозёфтҳои таърихии аз ҳудуди ноҳия бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекардаанд.Тибқи маълумот Балҷувон таърихи зиёда аз дуҳазорсола дошта ба қавле ёдгор аз модари шаҳрҳост.

Балҷувон дар баландии 1380 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Масоҳати умуии он 132662 гектарро ташкил медиҳад. Роҳ аз Балҷувон то маркази ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе 175 километр аст. Ноҳия дар мавқеъи хуби ҷуғрофӣ ҷойгир буда, дар ҳама фасли сол иқлими салқину муътадил дорад.

Айни ҳол шумораи умумии аҳолӣ дар ноҳия 31 ҳзору 254-нафарро ташкил дода, аз 5-ҷамоат ва 104 деҳа иборат аст.

Дар ҳақиқат ноҳияи Балҷувонро ноҳияи рудҳои кӯҳиву чашмаҳои мусаффо ва дашту даманҳои сарсабз гуфтан мумкин аст. Чунки тамоми талу теппаҳоияш алафзор буда, дарахтонаш ҳамеша сарсазбзанд. Заминҳои Балҷувон асосан барои кишту кори зироаткорӣ ва боғу токпарварӣ хело мувофиқ буда, соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои рушдёфтаи ноҳия ба ҳисоб меравад.

Мардуми Балҷувон аз қадим бо Ҳисору Дарвоз ва манотиқи дигар робитаҳои тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Афғонистону Россия ва Тоҷикистону Ҳинд маҳсулотҳои гуногун ворид карда мешуд. Минбаъд олимон муйян кардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни Балҷувон на танҳо тилло, нуқра ва мис, балки конҳои сурб, намак ва нафту газ мавҷуданд

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон мавзеъҳои воқеан тамошобоб ва ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили Қалъаи Мир (асрҳои ХVI-XIX), Қалъаи Чорбоғ (асри миёна), Қалъаи Тӯпхона (асри 1-и пеш аз мелод), Қалъаи Дектур (асри XVll-XlX), мавзеъҳои “Чаноро”, “Чавгонӣ”, “Додӣ”, оромгоҳҳои ҳазрати шоҳи Аккоша, Искандар, Хинчи Парвоз, Санги сабз, Соҳиб Шоҳбақои Туморӣ, Саид Минҳоҷи Марди Валӣ, Шоҳ Неъматуллои Заробӣ, Хоҷа Қутбиддин ва бошишгоҳҳои давраи асри санг дар деҳаҳои Файзобод ва Шаҳиди Бобохон вуҷуд доранд, ки гувоҳи таърихи бостонии Балҷувон ба ҳисоб мераванд.

Дар қаламрави ноҳия, инчунин манбаҳои фаровони об ва дигар неъматҳои бебаҳои табиӣ, аз ҷумла 200 чашмаҳои шифобахш, шаршараҳои Пушти Боғӣ Камолӣ, Сафедоб, обҳои шифобахши «Гӯгирд», «Қалъача», «Булғурӣ», «Шулук», чашмаи «Касхоҳ», «Ҳибил», рӯдҳои Сурхоб, Оби Мазор, Оби Тира, Дараҳои дашти Ангора, Шикелдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, дар маҷмӯъ, намудҳои нодири ҳайвонот, растаниҳои доруворӣ ва навҳои азимҷуссаи дарахтони «Шинг» дар деҳаи Шингидара ва чанори ҷувоздор дар деҳаи Даштарҳо мавҷуданд, ки нишондиҳандаи табиати воқеан зебову афсонавии Балҷувон ва деҳоти он мебошад.

Диққати сайёҳони хориҷиро метавонад табиати зебою афсонавии мавзеи Сари Хосор ба худ ҷалб мекунад. Боғи табии Сари Хосор дар ҳайати Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 3805 гектар дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, таҳти рақами 475, бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи ин мавзеъ таъсис дода шуд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳия 1 хонаи фарҳангӣ, 5 клуби деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 6 китобхонаи деҳотӣ, 1 осорхонаи мардумӣ, 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 осорхонаи Қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Саидқул Турдиев, 6 адад ёдгориҳои меъморӣ, 8 адад ёдгориҳои таърихӣ, 3 адад ёдгориҳои бостоншиносӣ, 6 адад ёдгориҳои монументалӣ ва 6 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст ва ба мардум хизмати фарҳангӣ мерасонанд.

Дар ноҳияи Балҷувон айни замон 1 меҳмонхона дар ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев, 10 ошхонаи хурду бузург ва дигар марказҳои савдою хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки ба ширкатҳои туристӣ алоқаманд набуда, ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд. Сайёҳони дохилию хориҷии ба ноҳия ташрифоварда аз ин марказҳои хизматрасонӣ истифода мебаранд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия. Дар ноҳияи Балҷувон касбу ҳунарҳои мардумии қадимаву имрӯза маъмул мебошад. Аз ҷумлаи табақтарошӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайра. Инчунин, занону духтарони ҳунарманди ноҳия ба ҳунарҳои зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, чодардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, ҷуробоффӣ, қолинбофӣ машғул буда, ҳар гуна армуғон барои сайёҳон омода месозанд. Хурокҳои маъмул дар ноҳия ин оши бурида, отала, оши палов, шакароб, рубич, фатирмаска, тутпиз, ширбиринҷ, шируған, чапоти, кулчаи калону майда, таҳмол, қалама, қурутоб ва амсоли инҳо мебошанд.

Воқеан, ноҳияи Балҷувон мавзеъи ҷолиби сайёҳӣ буда, мардумаш самимиву меҳмоннавоз ҳастанд, ки мисраҳои эҷоднамудаи шоири балҷувонӣ гувоҳи онанд:

Вижагиҳо. Дар ноҳия куҳҳои баланду шаршараҳои зебобо таносуби рангҳои обу сангу гиёҳҳо ва садои резиши шаршараву садои парандагони хушхонинсонро мафтун месозад, ки чунин манзараву муҳити дилфиреби табииро дар дигар ҷойи дунё дидан номумкин аст. Ҳамчунин, ноҳия мавзеъи хуби шикори ҳайвоноти гуногун ба ҳисоб рафта, шикорчиён аз гӯшаву канори гуногуни олам ба ин ҷо меоянд. Аз лиҳози таърихӣ, дидани қалъаи Мири Балҷувон, ки таърихи беш аз 250-300 соларо дорост, бисёр ҷолиб мебошад. Бо назардошти ин ва даҳҳо хусусиятҳои дигар ноҳия ба феҳристи мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ворид гардида, мақоми минтақаи туристии байналмирлалиро доро гаштааст.

Дар миёни кӯҳҳои сарбаланд,

Дар миёни рудҳо дилписанд,

Дар миёни тозагулҳои чаман,

Гаштааст обод мулки Балҷувон.