Шаҳритуc (Шаҳритуз) Худи ин номвожаи ҷуғрофӣ ишора бар он дорад, ки ин мавзеъ замоне шаҳр будааст. Мавҷудияти мадрасаҳо низ гувоҳи гуфтаҳоянд. Зеро маҳз дар манотиқи рушдкардаву таърихӣ мадрасаҳо бунёд меёфтанд ва аҳли илму хирад он ҷо мешитофтанд. Дар ноҳияи Шаҳритус мадрасаҳои Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбод, мақбараҳои Хоҷа Сарбоз, Тилло Ҳаллоҷӣ, ки дар замони Сомониён ва баъд аз он бунёд ёфтаанд, ба бостонӣ будани минтақа далолат мекунанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Шаҳритус як бахше аз Қубодиёни таърихист, ки сарзамини куҳани ниёгони мо буд.
Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар асрҳои IX — XII сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта баҳампайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ аст. Гунбазу равоқҳо ва нижвонҳо аз хишти моил чидашуда, бино ёфтаанд. Ба андешаи таърихшинос А. Л. Литвинский, дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардидааст. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон пӯшида шуда будааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат дошт.
Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоиро дар ҳамин мадраса гирифтааст.
Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё Мақбараи дугона дар деҳаи Сайёд, Ноҳияи Шаҳритус ҷой гирифтааст. Мадраса ва мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Хоҷа Машҳад ҳамчун номзад ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Дар иртибот бо мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ пажӯҳишу корҳои муайян ба сомон расонда шудааст. Онҳо дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдоиш, бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд. Месазад, аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф Сергей Григоревич Хмелнитский, ки беш аз 40 сол гурӯҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар он корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
Маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60 — уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама, исбот гардид, ки биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон, муайян гардид, ки 54 қабри дар дохили ҳар ду бинои ёдгорӣ мавҷудбуда, дар асрҳои IX — XII не, балки баъдтар, ҳангоми истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён пайдо гаштаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шудааст, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду ба маъраз гузошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки С. Г. Хмелнитский доир ба мадрасаи Хоҷа Машҳад ва таърихи бунёди он матлабҳои зиёди илмию тадқиқотӣ навишта, ба ҳамватанони мо ва ҷаҳониён манзур намудааст.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад», — нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф Александр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақола. Дар дохили бинои дуюм 13 адад хишти даври гунбаз ба назар намерасад. Хиштҳоро, ки бо навиштаи зарҳалии арабиасос оро ёфта буданд, дар даврони шӯравӣ бо тавсияи С. Г. Хмелнитский барои таҳқиқу омӯзиш ба Осорхонаи шаҳри Ленингарад (Санкт-Петербурги имрӯза) — и Федератсияи Россия интиқол доданд ва то ҳол баргардондани онҳо чун муаммо боқӣ мондааст.
Қисме аз бинои мазкур дар тӯли асрҳо вайрону валангор гардида буд. Хушбахтона дар доираи сиёсати созандаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ёдгории таърихӣ дар замони истиқлолият соли 2000 тармим карда шуда, аз байн рафтану харобгаштани деворҳои он пешгирӣ карда шуд.
Масъалаҳои тармиму таҷдид, бунёди инфрасохтори иловагӣ барои ҷалби сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо, ҷолиб намудани гирду атрофи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дар маҷмӯъ ба сатҳи байналмилалӣ расонидани онҳо дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар баробари ин дар назар аст, ки дар наздикии иншоотҳои мазкур утоқҳои қабули сайёҳон, инфрасохтори сарироҳӣ, аз ҷумла нишонаҳои сарироҳӣ ва дигар шароитҳои муосир бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бунёд карда мешаванд.
Тадбирҳои мазкур дар партави иҷрои саривақтӣ ва пурраи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот амалӣ карда мешаванд.
Тибқи таҳлили коршиносони дохиливу байналмилалӣ, зимни тармиму таҷдид ва азнавсозии иншоотҳои сайёҳиву таърихӣ масолеҳи аслӣ истифода шуда, намои қадима ва таърихии ёдгориҳои таърихӣ ҳифз карда мешаванд.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.