ноҳияи Ёвон

ЁВОН – ЗОДГОҲИ МАРДУМИ ТАБИАТАН ШУХУ ЗИНДАДИЛ

Маълумоти мухтассари таърихӣ: Ёвон дар қисми марказии Тоҷикистон, дар шимоли водии Вахш воқеъ аст. Дар фаҳмиши ҳозираи мардум маънои калимаи «Ёвон» ифодакунандаи беобӣ, дашти камобро дорад.

Майдони умумии водӣ 976,2 км.м. аст. Маркази водӣ шаҳраки Ёвон мебошад. Водии Ёвон аз се тараф бо кӯҳҳо иҳота шудааст. Аз шарқ бо Қаротоғ (Сияҳкӯҳ) маҳдуд шуда, дарёҳои Вахш ва Ёвонро аз ҳам ҷудо мекунад. Баландии кӯҳ дар қисми шимолӣ аз 1720 то 1750 метр мерасад. Паҳноии он дар ин ҷо ба 8,7 км. баробар аст. Аз ғарб Ҷетимтоғ (Ҳафткӯҳ) ба водӣ ҳад гузоштааст. Баландиаш аз 700 то 1400 метр. Сарҳади шимолӣ бо обтақсимкунаки силсилаи дарёҳои водии Ҳисор ва дарёи Вахш мегузарад. Дар ин қисм кӯҳҳои Миркӯҳ, Рангонтоғ ва пуштакӯҳи Хоҷаабдолон, ки ҳамвориҳои он ба доманаҳои Ҷетимтоғ пайваст мешаванд, воқеанд.

Дар қисми ҷанубӣ водии Ёвон ба водии Даҳанакиик пайваст шуда, бо зинаи 35-40- метра ба дарёи Вахш ва шохоби он-дарёи Шӯр, ки давоми дарёи Ёвон аст, мебарояд.

Соҳилҳои дарёи Ёвон панҷ зина доранд. Обҳои дараҳои водӣ ба Ёвонрӯд мерезанд. Шохобҳои Ёвонрӯд аз дараҳои Даҳана, Норин, Миркӯҳ, Бешбулоқ, Қамбарӣ ва ғайра гузашта, аз обҳои зеризаминӣ ва барфу борон ибтидо мегиранд.

Барои иқлими водии Ёвон тобистони дарози гарм ва зимистони кӯтоҳи рутубатноки нарм хос аст.

Аҳолии аслии водии Ёвон тоҷиконанд ва баъдтар лақайҳо, қарлуқҳо, қунғуротҳо сокин шудаанд. Деҳоти тоҷикнишин асосан дар қисмати шимолии водӣ, дар кӯҳистон ҷойгир шудаанд: Ғӯлакандоз, Пӯстхӯр, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Зулмобод, Қамбарӣ, Даҳана, Чаманзор, Хучак. Лақайҳо дар қисми ғарбии водӣ ва соҳилҳои Ёвонрӯд ҷо гирифтаанд. Деҳоти калонтарини онҳо Бош Қайнар, Катта Қайнар, Шӯрча, Норин маҳсуб мешаванд. Дар деҳаи Ғарав тоҷикон ва лақайҳо зиндагӣ мекунанд. Қарлуқҳо дар соҳили чапи Ёвонрӯд ҷойгиранд. То инқилоби Октябр (1917) тоҷикон ба заминдорӣ машғул буданд. Лақайҳо ва қарлуқҳо бо чорводорӣ.

Мавзеъҳои сайёҳии ноҳия: Дар робита бо эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” қайд намудан ҷоиз аст, ки ноҳияи Ёвон дорои мавзеъҳои сайёҳӣ ва диққатҷалбкунанда мебошад. Маконҳои диққатҷалкунандаи ноҳия инҳо мебошанд: мавзеи Мирзоӣ, қадамгоҳи Хоҷа Абдоли Валӣ, мавзеъҳои Чилбибиён, Чаноро, Каҳдарав, Ғаравқалъа, мавзеи шифоии Оби шифо (Гугирдоб), муҷассамаҳои Модар, шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода, шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон.

Инфрасохторҳои хизматрасонӣ: Дар ноҳияи Ёвон барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароитҳои мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла вобаста ба хизмтарасонии нақлиётӣ зикр намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Ёвон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Ёвон-Бохтар фаъолият менамояд, ки ҳама рӯза ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Терминали мусофирбарии ноҳия бошад ба тамоми самтҳои дохили ноҳия ва ҷумҳурӣ бо беҳтарин шароит ва нархҳои мусоид хизмат мерасонанд. Дар ноҳия се бозори доимӣ аз ҷумла Меҳргон, Тиҷорат, Ансор ва панҷ бозорҳои яквақтаина Ганҷи деҳқон, Шурчабозор, Панҷшанбебозор, Молбозор ва Баракати Ёвон дар Ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба мардум хизмат менамоянд. Дар ин бозорҳо тоҷирон ба фурӯши маводҳои хӯрока, кишоварзӣ, сару либос, масолеҳи сохтмонӣ, армуғонҳо ва дигар ашёҳои ниёзи мардум машғул мебошанд. Инчунин, дар ноҳияи Ёвон ба сайёҳон се меҳмонхонаҳои замонавӣ аз ҷумла меҳмонхонаи “Сабрина”, меҳмонхонаи “Ёвон” ва меҳмонхонаи “Мустафо” хизмат мерасонанд, ки дорои 59 утоқ, 20 утоқи люкс, 18 утоқи нимлюкс мебошанд. Ҳамзамон, барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ноҳия беҳтарин ва зеботарин тарабхонаҳои замонавӣ аз қабили тарабхонаҳои “Ёвон”, “Дунё”, “Кушон”, “Ориён”, “Осиё”, “Диёр”, “Умар”, “Бибимарям” ва ғайра хизматрасонӣ манемоянд. Дар ноҳия як ҳавзи шиноварии болопушида ва шаш ҳамомҳои ҷамъиятӣ ба мардум хизматрасонӣ мекунанд. Маҷмааи варзишии Ваҳдат, толори варзишии дастони моҳир ва толори варзиши ба номи Раҷаб Тешаев аз калонтарин толорҳо ба ҳисоб рафта садҳо нафар ҷавонон ҳамарӯза аз рӯи намудҳои гуштингирӣ, таэквандо, карате-до, тринажор, бокс ва ғайра машқу тамрин менамоянд. Толорҳои мазкур дорои 950 ҷойи нишаст мебошанд. Дар ноҳияи Ёвон ду мавзеи хизматрасонии фарҳангӣ аз қабили Қасри фарҳанг дорои 450 ҷойи нишаст, Кохи синамои Наврӯз дорои 600 ҷойи нишаст ва дар назди 9 Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 6 кохи фарҳанг ва 5 хонаи маданият, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 31 китобхонаҳои деҳотӣ, театри халқии Ёвон, ансамбли тарона ва рақси Ёвон ва мактаби бачагонаи санъат барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги мардум хизмат мерасонанд.

Барои фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва мардуми ноҳия ҳамарӯза се боғи фарҳангӣ – “Ғалаба”, “Фароғат” ва “Бобоҷон Ғаффуров” хизмат мерасонанд. Хиёбонҳои марказии ноҳияи Ёвон бо гулу гулбуттаҳо ороиш ёфта диди ҳар як меҳмони дохиливу хориҷиро мафтум менамояд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ: Аз қадим то ба имрӯз дар ноҳияи Ёвон ҳунрамандони чирадаст ва машҳур фаъолият намуда, ҳунарҳои онҳо аз даст ба даст ва аз насл ба насл омада расидааст. Дар ноҳия ҳунарҳои гуногуни қадима ва муосир аз қабили сӯзанидузӣ, қолинбофӣ, намадбофӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва ғайра машғул мебошанд. Занони ҳунарманди ноҳияи Ёвон анвоҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ аз ҷумлаи таҳмол, қалама, оши палав, оши бурида, қурутоб, шакароб, қулчақандҳо, нони чапотӣ, умоч, чанголӣ, ширруған, ширчой, ширкаду, ширбиринҷ, дамлама, манту, хомшурбо, қайла, тандурӣ, хуришҳои гуногун, таҳқаймоқ ва ғайраро бо маҳароти баланди кадбонугӣ омода менамоянд.

Вижагиҳо. Ноҳия дар байни ду қаторкуҳ — Боботоғу Қаротоғ ҷойгир буда, иқлими ба хуб хосу дилкаш дорад. Ноҳия ба воситаи нақби обгузари дарозиаш 7,5 км аз дарёи Вахш обёрӣ мегардад, ки чунин таҷрибаи обёрӣ дар кишвар хеле камназир аст. Яке аз хусусиятҳои ҷолиби Ёвон аз он иборат аст, ки меҳмон дар ин макон ҳеҷ гоҳ зиқ намемонад ва агар алами зиндагие ҳам дар дилаш бошад, дар суҳбати хушу зарофатгӯиҳои мардуми соҳибдилу шӯхтабиати ноҳия зуд ба шодиву фараҳ табдил меёбад. Сокинони Ёвон лаҳҷаи харфзании ба худ хос доранд, ки кас бояд хатман ин лаҳчаро бо гуши худ шунавад ва ҳаловат барад.

Дилгир шудам, биё ба Ёвон равем,

Сайри чаману пистаи хандон равем.

Ҳушёрӣ бас аст, масту хандон бархез,Мастона диёри Хоҷамастон равем.