Дар масофаи 26 км қисмати шимолии маркази ноҳияи Муъминобод, назди деҳаи Дашти ар-ар қаторкўҳҳои одаммонанде мебошанд, ки дар ду қисмати шимолии Мўъминобод доимо дар қиём рост истодаанд. Дар назди ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебо, бо резапайкарҳои сурхкўҳи одаммонанд хувайдост. Кўҳҳои Чилдухтарон аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат мебошад, ки дар натиҷаи шамолҳои тўлонӣ суфта шудаанд.
Дар мавзеи мазкур имконияти рушди туризми куҳнавардӣ ва экологӣ ҷой гирифтааст.
Аз рӯи афсонаи маъмули кӯҳи Чилдухтарон забткорон ба саргаҳи Муъминобод мерасанд. Баҳорон буд ва 40 духтари зебочеҳра дар дашту даман сайр дошт. Ғосибон онҳоро пайгирӣ карданд ва гулрухон бо ҳарос роҳи тарафи дарёчаи Сурхакро пеш гирифтанд. Дар рӯзи чилуми сарсониҳо духтаракон аз дарёча мегузаранду ба дашти фароху гул — гулшукуфоне мерасанд. Душман низ дар фосилаи кӯтоҳе қарор дошту ба онҳо хеле наздик шуда буд. Зебочеҳраҳои боиффат рӯ ба даргоҳи Кирдгор оварда, бо илтиҷо мадад ҷустанд то онҳоро санг гардонаду дар банди ишғолгарон гирифтор накунад. Пас аз лаҳзае дар ин дашти фарохи Паҳндара кӯҳи бузурге сар ба фалак кашид. Духтарони бонангу ор дар теғаҳову қуллаи кӯҳ ба ҳайкалҳои сангин табдил ёфтанд ва кӯҳ ба шарофати ҳамин отифаҳои камназир исми Чилдухтаронро гирифт.
Дар атрофи Чилдухтарон деҳаҳои Дашти Ар — ар, Дучандон, Баландҳоит, Дарусара, Ғалакдара, Турёб, Сиёҳмӯза, Паҳндара доман густурдаанд.
Алҳол ин ҷо парваришгоҳи давлатии «Чилдухтарон» фаъол аст. Он беш аз 14 ҳазор гектарро фаро гирифта, зиёда аз 40 ҳазор бех арча, 40 ҳазор дарахтони бодому себу олуча, олу, зелол, 40 номгӯй гиёҳҳои шифобахш, кабк, уқоб, шоҳин, оҳу дорад. Асали Чилдухтарони Муъминобод шифоист.
Аз деҳаи Ғеш то наздикии кӯҳи бонувони ватанпараст, ки 25 ҳазор метр бештар меояд, роҳи нави мошингард кушод. Роҳи нав бо пули 130 — метраи болои дарёи Сурхак ба ноҳия пайваст мегардад. Аз ин роҳ бошандагони деҳаҳои мавзеи Дуоби Боло равуо доранд. Ҷолиб аст, ки аз ин роҳ сайёҳон низ ба саёҳати Чилдухтарон меоянд. Як чизи ҷолиб он аст, ки дар ин диёр филмҳои машҳури бадеии «Рустам ва Суҳроб», «Айёми туманҳои зимистон» ба навор гирифта шудаанд. Ҷое, ки падар писари худро ба қатл мерасонад, бо номи «Қабри Суҳроб» ёд мешавад. Он ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Аз камару домани кӯҳ чашмаҳои софу беғубор, сарду ширин ҷорианд. Аз онҳо омадагон бо як ҳаловату кайфият нӯши ҷон мекунанд, аз таъму лаззати онҳо дар ҳайрату аҷобат мемонанд
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.