ВАХШ – САРЗАМИНИ ЗАРХЕЗ
Маълумоти мухтасари таърихӣ. Вахш ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 январи соли 1965 таъсис ёфта, дар водии Вахш воқеъ гаштааст. Вахш аз шимол ба шаҳри Сарбанд, аз шарқ бо навоҳии Данғараву Фархор, аз ҷануб бо ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва аз ғарб бо ноҳияи Кӯшониён ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 965,11 км 2 буда, шумораи аҳолиаш ба 1 январи соли 2016-ум 183700 нафарро ташкил менамояд. Дар ноҳия 2 ҷамоати шаҳрак, 5 ҷамоати деҳот, 20 корхонаи саноатӣ, 3 ширкати сохтмонӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаи коммуналӣ, 2 хоҷагии давлатӣ, 1 хоҷагии ҷамоавӣ ва зиёда аз 6000 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Вахш ба ҳисоб меравад.
Ноҳияи Вахш аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, боғдорӣ, чорводорӣ ва пиллапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст.
Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ноҳияи Вахш ҷолибтарин мавзеъи сайёҳӣ ин ёдгории Аҷинатеппа мебошад. Аҷинатеппа — боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ. Маъбад дар роҳи корвонгарди аз Балх ба сӯи шаҳрҳои Шумон (Ҳисор), Вашгирд, Ғуркан (Ғарм), Чин, Ҳулбук, Фархор, Бадахшону Ҳиндустон ҷой дошт ва ба тоҷирони будоии ҳинду ва чинӣ хидмат менамуд. Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст. Аҷиннатеппаро соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кард. Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40-и асри 20 ба он дода шудааст. Тибқи ривоёти мардуми маҳал солҳои 40-и асри 20 дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо пиндошта, Аҷинатеппа номгузорӣ кардаанд.
Инфрасохтори хизматрасонӣ. Барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар ноҳияи Вахш шароитҳои мусоиди лозимаи хизматрасонҳои маишӣ муҳаё мебошад. Меҳмонон дар ноҳияи Вахш аз хизматрасонии босифати воситаҳои алоқа, нақлияти хусусии мусофирбар, хизматрасонии тиббӣ, меҳмонхона, ошхонаҳо ва тарабхонаҳо метавонанд истифода намоянд. Дар ноҳияи Вахш танҳо як намуди хизматрасонии нақлиятӣ, хизматрасонии автомобилӣ вуҷуд дорад, ки ба таври шабонарӯзи ба мардум хизмат мерасонанд. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани сербари Тирмиз — Қӯрғонтеппа — Ёвон мегузарад. Роҳҳои автомобилгард ноҳияи Вахшро бо шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе мепайванданд. Меҳмонхонаи хусусии «Мусаффо» бо тамоми лавозимоти ҳозиразамон муҷаҳаз буда, дорои 10 утоқ (4-люкс, 6-оддӣ) 1-ҳавзи шиноварӣ, 1-утоқи массаж, 4-утоқи оббозӣ мебошад, ки дар тамоми фасли сол барои кабули меҳмонон омода мебошад. Дар ноҳияи Вахш хизматрасонии тиббӣ сол то сол рушд ёфта, ба мардум беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази тибби оилавӣ, 13 маркази саломатии деҳот, 6 дорухона, 47 бунгоҳи саломатӣ, маркази давлатии беҳдоштӣ (сантарию эпидемеологӣ), шифохонаи зидди бемориҳои сил, шифохонаи бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия фаъолият карда, ба мардум хизмат мерасонанд.
Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳияи Вахшасосан тоҷикон кору зиндагӣ мекунанд, ки аз қадим касбу ҳунарҳоии миллии хешро то ҳол ҳифз намуда идома медиҳанд. Мардуми ҳунарманд ба бофандагӣ (ҷӯроббофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, порадӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, пояфзолдӯзӣ…), намадмолӣ, дуредгарӣ (табақтарошӣ, тайёр намудани зину афзори асп, гаҳворасозӣ), оҳангарӣ (бел, каланд, дос, корд, тануру лулатанур…), пазандагӣ (истифодаи махсус аз маҳсулоти ширӣ, гуштӣ, нонӣ ва алафӣ…) ва ғайраҳо машғуланд. Занону модарони кадбону ноҳияи Вахш метавонанд нуқлу анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширравған, шакароб, рубич, нашоиста ва ғайраро бо маҳорати баланд омода кунанд.
Вижагиҳо. Ноҳияи Вахш бо мардумизаҳматқарини худ шуҳрат дорад. Ноҳия таъминкунандаи бозори истеъмолии кишвар ба қулфинай (клубник) ба ҳисоб меравад. Қулфинай дар табиати хоси ноҳия хеле хуб рушду нумуъ карда бо тамъу лаззати хоси худ дар кишвар дар ҷойи аввал меистад.
Тоҷикистон Вахш дорад, Вахши ганҷафшони худ, Тоҷикистон гушаи танг аст, бе Вахшони худ.