Сарзамини бостонии Ховалинг
кайҳо боз бо таърихи қадима, нигораҳои пурарзиш
ва табиати беназираш дили мардуми Шарқу Ғарбро тасхир
намудааст. Зиёратгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, дар ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг, имрӯзҳо таваллуди мардумони
зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Яке бо мақсади зиёрати
қабри Султон
Увайс, дигаре бо нияти истироҳату нӯшидани об аз
чашмаҳои мусаффои ин макон рӯ ҷониби
Ховалинг мекунанд.
Дар сарчашмаҳо то кунун
ба ҷуз зиёратгоҳи Ховалинг дар мавриди чанд маконе ба номи зиёратгоҳи Султон
Увайс низ маълумот дода мешавад. Ихлоси зиёди зоирони ин даргоҳ ва ҳисси хайрхоҳии
Ҳукумати Тоҷикистон дар шахси Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба ин шахсияти таърихӣ сабаби пайдо гардидани боз як зиёратгоҳ — мақбараи Султон
Увайси Қаранӣ дар Хатлонзамин шудааст.
Ному насаби ин марди ориф дар ҳамаи
сарчашмаҳо Увайс ва кунияташро Абӯ Амр гуфтаанд. Номи падари ӯро
Омир ва исми модари покдомани ин марди фозилро Бидор зикр намуданд. Қаран гуфта, ба
маконе аз мулки Яман, ки зодгоҳи Увайс мебошад, ишора мешавад.
Калимаи Султон ба исми ӯ баъди гирифтани дуои модараш ва тибҚи
ишораи аксари маъхазҳо аввалин бор аз забони Пайғамбар Муҳаммад (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) садо додааст.
Ҳамин тариқ, фикрҳои болоро хулоса намуда, гуфтан
мумкин аст, ки номи пурраи орифи бузург Султон Увайс буда, зодгоҳаш деҳаи Қарани
давлати Яман мебошад.
Аксари сарчашмаҳо давраи зиндагии Султон Увайси Қараниро дар замони Пайғамбари
ислом (с.) зикр намудаанд. Гарчанде ин мардони бузург якдигарро дар зиндагӣ
надида буданд, Пайғамбар(с.) борҳо дар мавъизаҳояш зикру васфи номи ӯ менамудааст.
Вафоти Увайси Қараниро сарчашмаҳо дар даврони хилофати Ҳазрати Алӣ (к) дар яке аз муҳорибаҳо гуфтаанд.