Мадрасаи Хоҷа Машҳад
Ин мадраса ва мақбараи бохашамат ба асри 9-12 тааллуќ дошта, аз маркази ноњияи Шањритуз 8 км љанубтар воќеъ аст, алњол дар атрофи ин ёдгории бузург дењаи Сайёд мављуд мебошанд.
Мадрасаи Хоча Машхад аз ду толори калон иборат буда, онњо гунбазшакл пушонда шуданд. Баландии каноти гумбази рост 13 метр ќаноти чапаш 24 метр мебошад. Толори дасти рост буда љои хониши толибилмон буда дар толори чап намоз мехондаанд, зеро дар тарафи ќиблаи ин толор мењроб мављуд аст.
Алњол дар даруни толори чап 23 ќабр дар даруни тарафи рост бошад 22-то ќабр гуронда шудааст, бо наќли назоратчи Азимов Давлатмурод онњо авлоди њазрати Хоча Машњад мебошанд. Дар инљо бостоншинос Хмелинский солњои 1950-ум хафрёт бурда њамаи онњо ќабрњоро омухтааст. Таќрибан 100 м шимолтар аз мадраса њуљрањо барои толибилмон сохта шудааст. Дар ќисмати шарќии мадраса бошад ба гуфтаи назоратчи китобхона мављуд будааст.
Дар иртибот бо мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ пажӯҳишу корҳои муайян ба сомон расонда шудаанд.
Онҳо дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдо-иш, бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд.
Месазад, аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф Сергей Григоревич Хмелнитский, ки беш аз 40 сол гурӯҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар он корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
Маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60 — уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама, исбот гардид, ки биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон, муайян гардид, ки 54 гӯри дар дохили ҳар ду бинои ёдгорӣ мавҷудбуда, дар асрҳои IX — XII не, балки баъдтар, ҳангоми истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён пайдо гаштаанд.
Дар рафти ковишҳои археологӣ аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шудааст, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду бино дар маъраз аст Мавриди зикр аст, ки С. Г. Хмелнитский доир ба мадрасаи Хоҷа Машҳад ва таърихи бунёди он матлабҳои зиёди илмию тадқиқотӣ навишта, ба ҳамватанони мо ва ҷаҳониён манзур намудааст.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад», нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостонши-носи маъруф Александр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақола.
Мадрасаи Хоча Машњад дар асри 9-10 бино ёфта пойдевор ва тамоми деворњои гумбаз аз хишти пухта сохта шудааст. Ѓавсии пойдевор 3 метр буда ин иншоот дар тулии ќарнњо ба њама офатњо тоб оварда, то рузњои мо расидааст. Бо дастгирии њукумати кишвар соли 2010 тармим гардид.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.