ноҳияи Ҳамадонӣ

ҲАМАДОНӢ – ҶАВОНТАРИН НОҲИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН\

Маълумоти мухтасари таърихӣ. 15-уми сентябри соли 1950 Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон дар бораи ташкили ноҳияи нав бо номи «Чубак» дар ҳайати вилояти Кӯлоб қарор баровард. Баъди ин, аз кӯҳистон кучонидани мардум, ки барвақт оғоз ёфта буд, авҷу нумӯи тоза гирифт ва аҳолии ноҳия аз ин ҳисоб  зиёд шуда, баъдан номи Москва (Московский)-ро гирифт. То 12 феврали соли 2004 ноҳия номи Москваро дошт. Номи нави ноҳия дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти мутафаккири тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузошта шудааст.

Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соҳили дарёи Панҷ, ки байни Ҷумҳурии мо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳад мегузарад воқеъ аст. Ин дарё, ки аз қуллаҳои Помиру Дарвоз ибтидо мегирад, ба ин ҷо ба водӣ расида аз шасту ҷавлонаи худ каме ором меёбад. Ин аст, ки аввали солҳои 50-ум канале канданд, ки барои обшор ва киштбоб намудани заминҳои ноҳия хеле мувофиқ буд.

Ноҳия Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масоҳати зиёда аз 100 километр, дар Ҷануби Ғарбӣ бо ноҳияи Фархор дар масоҳати 9 километр ва дар Шарқ бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар масофаи 150 километр ҳамсарҳад мебошад. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз навоҳии ҷавонтарини минтақаи Кӯлоб ба шумор мервад, вале тавассути меҳнати бунёдкоронаи мардум дар тӯли 4-5 даҳсола аз туқаю ботлоқ воқеъан ҳам ба боғу бӯстон табдил ёфт.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Яке аз бойигариҳои табиӣ ва ифтихори мардуми ноҳия кӯҳи намаки Хоҷамуъмин ба шумор меравад. Куҳи намаки ҳазрати Хоҷамуъмин дар соҳили чапи дарёи Яхсу воқеъ гардидааст. Ин кӯҳ яке аз гумбазҳои калонтарини намаки ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Диаметри гумбаз бештар аз 8 км буда, баландиаш аз сатҳи баҳр 1338 метр ва аз сатҳи дарёчаи Яхсу қариб 700 метро ташкил медиҳад. Ин мавзеъ яке аз беҳтарин маконҳои саёҳати экологии вилояти Хатлон аст.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳия бозор, меҳмонхона барои 10 ҷой, ошхона ва терминали мусофирбарӣ вуҷуд дорад.Масофа аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то шаҳри Душанбе 180 км мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар тамоми Ҷумҳурӣ ва берун аз он ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мардуми ҳунарманд, санъаткорон, адибон, ҳунармандон ва дигар зиёиёни соҳибистеъдодаш машҳур аст. Ин зумра ашхос аз насл ба насл мардуми моро тарбия кард, завқу назокат бахшид ва ба зебогиҳои ҳаёт наздику қаринтар кард. Табақтарошӣ, сабатбофӣ, гаҳворасозӣ, мухпару рафидасозӣ, сандуқсозӣ, чакандӯзӣ, қаламзанӣ, ҷевонсозӣ, бурёбофӣ, чакандӯзӣ ва ғайра аз зумраи маъмултарин ҳунарҳоанд.

Вижагиҳо. Ҳамадонӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои сарҳадии кишвар ворид гардида, аз ҳудуди он бахше аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намоён аст. Ин аз зумраи камтарин мавзеъҳост, ки кас метавонад аз ин сӯи марзи ором истода, бо истифодаи дурбин (ва ҳатто бе истифодаи он ҳам) ба ҳаёту зиндагии рӯзмараи мардуми ҷангзадаи Афғонистон бештар ва аз наздик шинос шавад.