• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

ЁВОН зодгоҳи мардуми табиатан шуху зиндадил

27.03.2023 / admin / 0 Comments

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАРИ ТАЪРИХӢ.

Ёвон дар қисми марказии Тоҷикистон, дар шимоли водии Вахш воқеъ аст. Дар фаҳмиши ҳозираи мардум маънои калимаи «Ёвон» ифодакунандаи беобӣ, дашти камобро дорад.Майдони умумии водӣ 976,2 км.м. аст. Маркази водӣ шаҳраки Ёвон мебошад. Водии Ёвон аз се тараф бо кӯҳҳо иҳота шудааст. Аз шарқ бо Қаротоғ (Сияҳкӯҳ) маҳдуд шуда, дарёҳои Вахш ва Ёвонро аз ҳам ҷудо мекунад. Баландии кӯҳ дар қисми шимолӣ аз 1720 то 1750 метр мерасад. Паҳноии он дар ин ҷо ба 8,7 км. баробар аст. Аз ғарб Ҷетимтоғ (Ҳафткӯҳ) ба водӣ ҳад гузоштааст. Баландиаш аз 700 то 1400 метр. Сарҳади шимолӣ бо обтақсимкунаки силсилаи дарёҳои водии Ҳисор ва дарёи Вахш мегузарад. Дар ин қисм кӯҳҳои Миркӯҳ, Рангонтоғ ва пуштакӯҳи Хоҷаабдолон, ки ҳамвориҳои он ба доманаҳои Ҷетимтоғ пайваст мешаванд, воқеанд. Аҳолии аслии водии Ёвон тоҷиконанд ва баъдтар лақайҳо, қарлуқҳо, қунғуротҳо сокин шудаанд. Деҳоти тоҷикнишин асосан дар қисмати шимолии водӣ, дар кӯҳистон ҷойгир шудаанд: Ғӯлакандоз, Пӯстхӯр, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Зулмобод, Қамбарӣ, Даҳана, Чаманзор, Хучак. Лақайҳо дар қисми ғарбии водӣ ва соҳилҳои Ёвонрӯд ҷо гирифтаанд.

МАВЗЕЪҲОИҶОЛИБИ САЙЁҲӢ

Дар робита бо эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” қайд намудан ҷоиз аст, ки ноҳияи Ёвон дорои мавзеъҳои сайёҳӣ ва диққатҷалбкунанда мебошад. Маконҳои диққатҷалкунандаи ноҳия инҳо мебошанд: мавзеи Мирзоӣ, қадамгоҳи Хоҷа Абдоли Валӣ, мавзеъҳои Чилбибиён, Чаноро, Каҳдарав, Ғаравқалъа, мавзеи шифоии Оби шифо (Гугирдоб), муҷассамаҳои Модар, шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода, шаҳидони ҷанги дуюмДар қисми ҷанубӣ водии Ёвон ба водии Даҳанакиик пайваст шуда, бо зинаи 35-40- метра ба дарёи Вахш ва шохоби он-дарёи Шӯр, ки давоми дарёи Ёвон аст, мебарояд. Соҳилҳои дарёи Ёвон панҷ зина доранд. Обҳои дараҳои водӣ ба Ёвонрӯд мерезанд. Шохобҳои Ёвонрӯд аз дараҳои Даҳана, Норин, Миркӯҳ, Бешбулоқ, Қамбарӣ ва ғайра гузашта, аз обҳои зеризаминӣ ва барфу борон ибтидо мегиранд.

ИНФРОСОХТОРИ САЙЁҲӢ    

      

     Дар ноҳияи Ёвон барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароитҳои мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла вобаста ба хизмтарасонии нақлиётӣ зикр намудан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Ёвон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Ёвон—Ёвон-Бохтар фаъолият менамояд, ки ҳама рӯза ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад. Терминали мусофирбарии ноҳия бошад ба тамоми самтҳои дохили ноҳия ва ҷумҳурӣ бо беҳтарин шароит ва нархҳои мусоид хизмат мерасонанд. Инчунин, дар ноҳияи Ёвон ба сайёҳон се меҳмонхонаҳои замонавӣ аз ҷумла меҳмонхонаи “Сабрина”, меҳмонхонаи “Ёвон” ва меҳмонхонаи “Мустафо” хизмат мерасонанд, ки дорои 59 утоқ, 20 утоқи люкс, 18 утоқи нимлюкс мебошанд. Ҳамзамон, барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ноҳия беҳтарин ва зеботарин тарабхонаҳои замонавӣ аз қабили тарабхонаҳои “Ёвон”, “Дунё”, “Кушон”, “Ориён”, “Осиё”, “Диёр”, “Умар”, “Бибимарям” ва ғайра хизматрасонӣ манемоянд. Дар ноҳия як ҳавзи шиноварии болопушида ва шаш ҳамомҳои ҷамъиятӣ ба мардум хизматрасонӣ мекунанд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо донишҷӯёнӣ ихтисоси сайёҳат ва меҳмоннавозии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баҳри дар сатҳи баланд хизмат ва қабул намудани сайёҳони дохиливу хориҷӣ корҳои омӯзишӣ баргузор гардонид.
YOVON is the birthplace of a naturally cheerful people »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.