шаҳри Норак

НОРАК – ШАҲРИ РӮШНОӢ

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Норак диёри бостонӣ буда, мувофиқи маълумоти таърихнависон дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки дар асри санг ин ҷо одамон мезистанд. Деҳкадаи Норак таърихи 2500-сола дорад. Дар ин бора баъзе маъхазҳои таърихию адабӣ ёдовар мешаванд.  Бо барқарор гардидани Ҳукумати Шуравӣ солҳои 20-30-юм дар ин гӯшаи диёрамон нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шуравӣ ба мувофиқ будани бунёди Неругоҳи барқӣ-обӣ дар шаҳри Норак таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Охирҳои соли 1960 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қарор қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак оғоз гардид. Ҳамон сол дар ҷойи деҳаҳои хурди Тутқавул, Норак, Лангар ва Деҳи Сабур корҳои сохтмонӣ сар шуд. 21 декабри соли 1960 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ба Норак ҳуқуқи шаҳр шудан дода шуд. Шаҳр дорои Нерӯгоҳи барқи обии Норак мебошад. Бо шарофати ин нерӯгоҳ корхонаҳои азим бунёд ёфтанд, заминҳои бекорхобидаи Ёвону Данғара обшор гаштанд, барои тараққиёти саноати сабук, озуқа ва кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам омад. Ин иншооти азимро намояндагони қариб 50 миллату зиёда аз 200 шаҳрҳои кишвар ва хориҷӣ бунёд кардаанд. Баъд аз НБО-и Норак дар дарёи Вахш Нерӯгоҳи Бойғозӣ қомат рост кард. Норак ҳамчун шаҳри энергетикҳо дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир шуда, масоҳати он 394,5 мураббаъ километр мебошад. Масофааш аз маркази шаҳр то пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 64 километр ва то маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар 130 километр аст. Айни замон дар шаҳри Норак 59,2 ҳазор нафар аҳолӣ кор ва зиндагӣ мекунанд, ки миллатҳои гуногунро дар бар мегирад Аз ин шумора занон 28837 ва мардон 30356 нафарро ташкил медиҳад. Шаҳр дорои 39 деҳаю маҳаллаҳо аст. Дар қаламрави шаҳр Ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дӯконӣ ва бештар аз 100 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо вуҷуд доранд.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Қариб ҳамарӯза ба шаҳри Норак аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ меҳмонҳо ташриф меоранд. Онҳо пеш аз ҳама аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак ва сарбанди он дидан мекунанд. Ба истифода додани НБО-и бузургтарини минтақаи Осиё – НБО-и Норак, ки аз ҷиҳати сохт ва иқтидори як бозёфти нодири инженериву гидроэнергетикӣ дар олам ба шумор меравад, бартарӣ ва афзалияти истифодаи обро ҳамчун манбаи нерӯи барқ амиқу возеҳ исбот сохт.                 

Инчунин, аз байни куҳҳое, ки Норакро дар дар оғӯш гирифтаанд, куҳи Нор зеботарин ва баландтаринаш (174 метр) аст ва шояд номи он ба номи Норак умумияте ҳам дошта бошад. Дигараш Кӯҳи сандуқ аст, ки мутобиқи риҷоятҳо пас аз ҳуҷуми душманҳо мардуми Норак тамоми дороиҳояшонро дар сандуқе ҷо карде зери он кӯҳ мондаанд. То ҳол касе он сандуқи пурзару гавҳарро наёфтааст ва ба ривояти рӯз ин кони ганҷ ҳамин Нерӯгоҳи барқиву обист, ки сарвати миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Норак ёдгориҳои таърихӣ монанди “Мақбараи Мавлоно Мирзо Юсуф”, “Хоҷа Сурхпӯш”, “ Шайх Абдулҳай” “Амири Бузург” ва ғайра мавҷуданд, ки ин ёдгориҳо мавриди таҳқиқи бостоншиносон қарор гирифтааст.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои «Сайёра» ва «СССР» дар шароити ҳозиразамон омода карда шудааст. Дар ошхонаи меҳмонхонаи «Сайёра» хурокҳои миллӣ ва аврӯпоӣ пешкаши меҳмонон мегардонанд. Меҳмонхона аз 90-ҷойи хоб: 30 люкс, 15 пололюкс, 45 оддӣ иборат буда дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Дар шаҳр инчунин истироҳатгоҳи табобатии “Пули Сангин” дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир шудааст, ки мутобиқ ба талаботи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб карда шудааст. Истироҳатгоҳ аз қабулгоҳ бинои меҳмонхона, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, дар соҳили дарё майдончаҳои варзишӣ, толори сақобозӣ, мошинҳои хурди барқӣ барои ҳаракат дар атрофи истироҳатгоҳ, иподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус ва марказҳои дилхӯшӣ иборат аст. Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошад.

Дар шаҳр дар соҳили дарёи Вахш аз карери-9 то деҳаҳои Гирдобу Далдахӯрон дар ду соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳҳои шахсӣ бо тарҳи замонавӣ сохташудаанд, меҳмононро ҳамарӯза дар фасли тобистон қабул менамояд, ки ҳар кадоми он дорои шароити хуби истироҳативу фароғатӣ мебошад.

Инчунин 2 териманили мусофирбарӣ ба шароити ҳозиразамон таҳрезишуда мавҷуд буда, ҳар рӯз дар миқиёси шаҳр ва инчунин хатсайр ба шаҳри Душанбе ва маркази вилояти Хатлон ба мизоҷон хизмат мерасонад.

Бозорҳои – “Сомониён” ва “Сайёра” фаъолият мекунад, ки ба аҳолии шаҳр ва меҳмононро бо меваҳои тару тоза, маҳсулотҳои хӯрокаву либоса, молҳо ва ашёҳои ниёзи мардум, 5 ҳамомҳои замонавӣ, сехҳои дузандагӣ ва сартарошҳонаҳо хизмат менамоянд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Мардуми шаҳри Норак аз қадим бо ҳунарҳои мардумии кашидадӯзӣ, қроқдӯзӣ, табақу қошуқтарошӣ, мӯзадӯзӣ ва аз чуб тарошидни асбобоҳои мусиқиро касб кардаанд ва то ҳанӯз ин ҳунарҳоро идома дода истодаанд. Бонувони чирадасти норакӣ имрӯз метавонанд, ки кашидадӯзиҳои гуногун аз қабилӣ тоқии мардона, болишту рӯймолҳои миёнбанд, болиштҳои калону хӯрд, куртаҳои тарҳи замонавӣ, зардӯзӣ-токиҳои зардузии занона, болиштҳои зардӯзӣ,    қуроқдӯзӣ-аз қуроқ омода намудани болишт, курпаву курпача, ҷузвадонҳои занона, ҳамёнчаҳо бо рангҳои гуногун духташуда, куртачаҳо барои духтаракон ва ғйраҳо. опурӣ- айни замон шағли дӯстдоштаи бонувону ҷавондӯхтарони норакӣ гардидааст. Дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ ҷавондӯхтарон дар матоъҳои якранг бо завқи зебандаву дилчасп, куртаҳои чакани попурӣ, болиштҳо ва дигар воситаҳои заруриро таҳия мекунанд.

Мардуми шарафманд ва меҳмоннавози шаҳри нурофарони Норак, ки бо меҳмоннавозии хосаи худ ва табиати зебову назаррабоаш шуҳрат дорад, метавонад диққати ҳар бинанда ва сайёҳро ба худ ҷалб намояд.

Вижагиҳо. Асосан Норакро бо бузургтарин неругоҳи барқиву обии “Норак”, ки дар Осиёи миёна ҳамто надорад, мешиносанд. Табиати ба худ хосу шаршараи зебо ва обандози НБО-и Норак басо дилфиребу диданӣ буда, пайваста сайёҳони зиёдеро аз дохилу хориҷи кишвар ҷалб месозад.

Субҳи Норак
шоми Норак