шаҳри Левакант

ЛЕВАКАНТ – ЭҲЁИ ДУБОРАИ ШАҲРИ КӮҲАН

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Шаҳри Левакант (собиқ шаҳри Сарбанд) зодаи даврони истиқлолият буда, дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии зарнисори Вахш ҷойгир шуда, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 1996, №247 дар ҳайати вилояти Хатлон аз ҳисоби хурд кардани ноҳияҳои Бохтар ва А.Ҷомӣ бо маркази маъмуриаш дар шаҳри Калининобод таъсис дода шудааст. То 2 феврали соли 1996 шаҳри Сарбанд бо номи шаҳри Калининобод арзи вуҷуд дошта, ба ҳайати шаҳри Қӯрғонтеппа дохил гардида, яке аз шаҳрҳои тараққикардаи саноатии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Соли 2018 шаҳр номи Левакантро гирифт. Масоҳати шаҳр 131,09 км2 буда, аҳолии он ба 01.01.2018 миқдори 46225 нафарро ташкил медиҳад. Аҳолии шаҳри Левакант асосан аз тоҷикон 38543 нафар, узбекон 7342 нафар, русҳо 158 нафар қазоқҳо 6 нафар ва дигар миллатҳо 176 нафар иборат аст. Шаҳр бо ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Вахш ва А.Ҷомӣ ҳамсарҳад мебошад. Масофаи байни шаҳр то маркази вилояти Хатлон–шаҳри Бохтар 17 км, аз шаҳри Душанбе то шаҳри Левакант         117км ташкил медиҳад. Ҳудуди шаҳр аз маркази Левакант ва ду ҷамоати деҳоти «Гулистон» ва «Ваҳдат» иборат аст. Дар маркази шаҳр зиёда аз 16000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар шаҳри Левакант мавзеъи муҳимми сайёҳӣ бо номи Уштурсанг мавҷуд аст. Уштурсанг маконест дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левкант ҷойгир аст. Тибқи ривоятҳо мегӯянд уштуре, ки ба санг мубаддал гаштааст ба Хоҷамастони Валӣ тааллуқ дорад. Дар замонҳо қадим дар мулки араб аввал Муовия ва писараш Язид, ки ба Пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) як умр душманӣ доштанд, аз паи нест кардани авлоди Пайғамбар (с) мешаванд.

Бо сабаби нооромиҳои онвақта Хоҷамастони Валӣ бо ҳамроҳии се бародар ва як ҳоҳарашон, ки наберагони ҳазрати Алӣ буданд барои зинда мондан ба уштурҳои худ савор шуда, ба сӯи Осиёи миёна фирор мекунанд. Бародарон омада, дар лаби дарёи Вахш мехоҳанд, ки сукунат кунанд, аммо дар онҷо бо душманон рӯ ба рӯ шуда, барои зинда мондан уштурҳои худро партофта мегурезанд. Хоҷамастони Валӣ бо як бародару хоҳарашон ба тарафи рости дарё ва ду бародари дигар ба тарафи чапи дарёи Вахш мегурезанд. Баъди аз иҳотаи душманон халос ёфтанашон ба онҳо маълум мегардад, ки яке аз уштурҳояшон, ки дар он китобҳо бор карда шуда буданд ба дасти душманон меафтад.

Бародарон ғамгин шуда, даст ба дуо бардоштанд, ки уштурашон аз дасти душман халосӣ ёбад. Дар пайи ин дуо уштури Хоҷамастони Валиро дар ҳамон ҷояш ба санг мубаддал мегардад. Аз он вақтҳо садсолаҳо гузашт ин Шутурсанг макони зиёратгоҳ гардид. То имрӯз одамон ба зиёраташ омада, бо умед барои шифо бахшидан ба ҳаргуна захмҳои худ хоки онро истифода мебаранд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Левакант асосан шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имрӯз 29 ададро ташкил медиҳад. Дар шаҳр барои сайёҳон тамоми шароитҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои сатҳи олӣ ва миёна, ҳаммомҳо (маъруфтаринаш меҳмонхонаи “Фароз”) ва муассисаҳои фарҳангиву тафреҳӣ, аз ҷумла китобхона, қасри фарҳанг, осорхона, мактаби мусиқӣ мавҷуд аст. Инчунин, Левакант яке аз шаҳрҳои таъминкунандаи нерӯи барқ буда, доро силсила Неругоҳҳои барқии обии “Вахш”, неругоҳи “Левакант” ва неругоҳи «Марказӣ» мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Сокинони шаҳри Левакант соҳиби касбу ҳунарҳои гуногунанд. Аз ҷумла дар шуҳр ҳунари оҳангарӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Устохонаҳои оҳангарӣ асосан дар кӯчаю гузарҳои серодам, бозор, инчунин, дар ҳавлии худи устоҳо низ мавҷуд аст. Дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Левакант ҳунарҳои мардумӣ аз қабили кандакорию табақтарошӣ, заргариву сабадбофӣ, нақшпартоиву гулдӯзӣ ва оҳангарӣ аз нав эҳё мегарданд. Инчунин, занони ҳунарманди шаҳри Левакант дар духтани либосҳои мардумӣ ва пухтани хурокҳои миллӣ маҳорати баланд доранд.

Вижагиҳо. Левакантро асосан бо заводи Нуриҳои азотии Осиё мешиносанд. Ин заводи калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки эҳтиётҷоти натанҳо сокинони кишвар, балки берун аз онро вобаста ба нуриҳои минералӣ бароварда месозад. Шаҳр дорои нерӯгоҳи барқӣ-обӣ буда, ба гуруҳи шаҳрҳои саноатӣ дохил мешавад. Инчунин, дар шаҳр Литсейи касбии саноати кимиёвӣ фаъолият дорад, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил намудааст.