• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

“Чакан” ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ

18.06.2019 / admin / 0 Comments

Куртаи чакан. Ин куртаест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Бештар куртаи халқии духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва он метавонад номи «Попурӣ»-ро низ гирад. Ин намуди либосро духтарон дар ҷашну идҳои миллӣ бахсус ҷащни Наврўз ба бар мекунанд. Дўхтани чакан аз 3 то 7 рўзро талаб менамояд. Ҳангоми дўхтани он аз риштаҳои ранга истифода мешаванд.

Чакан зеби ҳар бонуи тоҷик буда, дар тамоми хонаводаи минтақаи ҷанубу шимол пироҳани чакан ва чодару рўймоли чаканро дидан мумкин аст.

Бо эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуну фарҳанги бойи халқи тоҷик 29-уми ноябри соли 2018 дар нишасти 13-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Порт-Луи похтайти Ҷумҳурии Маврикий қарор оиди “Чакан” ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба феҳристи ЮНЕСКО қабул гардид.

Нигораҳои Чакан  яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он, ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Чуноне равшан аст, ба ҳангоми шунидани вожаи «чакан», ба худии худ пурсише ба миён меояд, ки ин вожа дар куҷореша дорад ва маънии семантикии он ба чӣ ишора дорад.

         Вожаи  «чакан» — ро фарҳангномаҳои муътабартарини кӯҳани мо, чун «Бурҳони қотеъ», (соли 1652), «Ғиёс-ул-луғот» (соли 1827), «Фарҳанги Рашидӣ» (соли 1653), «Кашф» (соли 1780) шарҳ додаанд. Ин мафҳум аз ҷумла дар  «Бурҳони қотеъ» ба шакли «чакин», «чикин» ва дар «Ғиёс-ул-луғот» ба шакли «чикин» омадааст. Шарҳи ин вожа дар «Бурҳони қотеъ» чунин аст: «навъе аз кашида ва заркашдӯзӣ ва бахиядӯзӣ бошад ва ҷомаву қабоеро, ки чунин дӯхта бошанд, «чакиндӯзӣ» гӯянд….»

         Муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» бошад, ин вожаро ба шакли «чикин» оварда, «навъе аз кашида, ки решми алвон бар ҷома ва ғайра нақш кунанд», тафсир намудааст. Ӯ барои исботи ин далел фарҳангономаҳои «Рашидӣ», «Мадор», «Бурҳони қотеъ» ва «Кашф» — ро мадраки тафсири худ қарор додааст.

        Мебояд пурсишеро низ  ба миён гузошт, ки «чакан», «чикин», «чакин» ба кадом вожаи дигар иртибот дошта, аз чи маънӣ баргирифта шуда бошанд?! Чун чакандӯзӣ ҳунар аст ва ҳунар дар навбати худ офариниши бадеист, гумон ба яқин аст, ки ин вожа ба мафҳуми  «чома», «чакома», дар паҳлавӣ «чакомак», яъне суруд пайвастагие дорад.  Ин гумонро метавонад вожаи дигари форсӣ «чамона» таъйид кунад, зеро маънии «чамона» «нимкадӯи мунаққаш, ба сурати пиёлаи  шаробхӯрӣ бошад» («Ғиёс-ул -луғот»).

         Дар гурӯҳи забонҳои славянӣ, аз ҷумла рӯсӣ, украинӣ, чехӣ, белорусӣ, булғорӣ вожаи «чеканка», (аз он феъли «чеканить») мавҷуд аст, ки маъниаш нақшнигориҳо рӯи чӯб, мис ва дигар филизот мебошад.

        Дар луғати этимологии забони русӣ (М.Фасмер, «Этимологический словарь русского языка», М, 1987) вожаи «чекан» — и русиву украиниро баргирифта аз калимаи «чакуш» донистаанд. Ин вожашиноси доно бар он аст, ки сайри таърихии вожаи «чакуш» чунин сурат гирифтаст, ки он нахуст аз забони форсӣ (асолатан форсӣ -авастоӣ) ба туркӣ гузашта, дубора дар шакли дигаре ба забони форсӣ баргаштааст. (луғати номбурда, саҳ. 325). Дар луғати мазкур ҳамчунон феъли «чикать» шарҳ дода шудааст, ба маънии «плести», яъне бофтан.  

Инак ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои  «Чакан», дар нигаҳдории ҳувияти миллии тоҷикон, ки глобализатсия ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста дорад.

Дар рӯзгори мо рӯ овардан ба мероси фарҳангии бостон моҳияти хосса пайдо кардааст, зеро новобаста ба пайдоиши усулҳои навини техникии ороиш (декор), ҷараёни баргашт ба усулҳои (стили) таърихӣ, дар нигаҳдошти фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи ивазнашаванда дорад. Донистани таърихи нигорҳои миллӣ имрӯз бештар барои онҳое муҳим мебошад, ки дар риштаҳои меъморӣ, ороишиҷавоҳирот, ҳунари мебелсозӣ, нассоҷӣ, либосдӯзӣ ва монанди  он шуғл меварзанд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР .
Ҳамоиши илмӣ — бадеӣ дар мавзӯи «Мавқеи тиб дар рушди сайёҳии вилояти Хатлон» »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.