Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карданд.
Дар Форуми мазкур шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ФМД Донишгоҳи Байналмилалии Сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон “Намоишгоҳи сайёҳӣ” бо мақсади рушди сайёҳии вилояти Хатлон ташкил намуд.