• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

ТАЗАРВ

02.08.2022 / admin / 0 Comments

Тазарв яке аз парандагони зеботарин ва хушҷилои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин паранда дар қитъаи Авруосиё васеъ паҳн гардидааст ва зернамуду хелҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон зернамудҳои тоҷикӣ (Phasanus colchicus bianchii), зарафшонӣ (Phasanus colchicus zeravshanicus) ва сирдарёии (Phasanus colchicus turkestanicus) тазарв паҳн гардидааст. Ҳар сеи ин зернамудҳо дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта, ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
Зернамуди тазарви тоҷикӣ дар туғайзорҳои водии Вахш, соҳили рости дарёи Панҷ, поёноби дарёҳои Қизилсу ва Кофарниҳон, соҳилҳои дарёҳои Ширкент, Қаратоғ, Хонақоҳ ва мавзеъҳои кишоварзии водии Ҳисор вомехӯрад. Ҷамоаи нисбатан устувори ин зернамуд дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” боқӣ мондааст.
Зернамуди зарафшонии тазарв паҳншавии маҳдуд дошта, дар туғайзорҳои дарёи Зарафшон ва зернамуди сирдарёии он дар водии дарёи Сир вомехӯрад. Муҳити хоси сукунати тазарв башазори санҷид ва патта, буттазор ва қамишзори соҳилӣ ба ҳисоб меравад.
Тазарв парандаи сернасл аст. Дар шароити Тоҷикистон моҳҳои апрел-май афзоиш мекунад. Ҷинсҳои модина аз 8 то 12 тухм мегузоранд. Ҷинси наринаи тазарв нисбат ба ҷинси модинаи он калонҷусса буда, бо парҳои ҷилодори худ фарқ мекунад. Тазарв аз тухм ва меваи растаниҳои гуногун ғизо мегирад. Дар мавсими тирамоҳу зимистон дар таркиби ғизои тазарв меваи санҷид нақши муҳим мебозад.
Дар гузаштаи на он қадар дур, тазарв парандаи сершумори туғайзорҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аз худ намудани туғайзорҳо, истифодаи заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ ва шикори ғайриқонунӣ боиси маҳдуд гардидани саршумори ҳар се зернамуди тазарв гардид. Ворид намудани зернамудҳои бегона ва зотҳои дурагаи тазарв аз минтақаҳои дигар, барои зернамудҳои таҳҷоии тазарв хавфи калон дорад. Ба табиат сар додани ин зернамудҳо ва зотҳо метавонад сабаби нобудшавии зернамудҳои таҳҷоӣ гардад. Тазарв парандаи фоидарасон аст, зеро шумораи зиёди ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзиро нобуд месозад. Дар сурати зиёд ва барқарор гардидани саршумор, тазарв метавонад объекти муҳими шикорӣ гардад.
Тазарв рамзи туғайзорҳои Тоҷикистон аст. Ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқарорсозии саршумори ин парандаи нодир тақозо менамояд, ки мавзеъҳои хоси зисти он таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор гиранд ва бар зидди шикори ғайриқонунӣ чораҳои муассир андешида шаванд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.
ФАЗАН »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.