• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

Рушди сайëҳии экологӣ дар вилояти Хатлон

27.11.2023 / adminka / 0 Comments
Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуъи «Рушди сайëҳии экологӣ дар вилояти Хатлон» баргузор шуд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, масъулони бахши сайëҳии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, намояндагони дигар сохторҳои дахлдор ва доираи васеъи ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои сайëҳии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон дар рушди дигар соҳаҳа заминаи устувор мегузорад.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти доштани зарфиятҳои зиëди табиӣ барои тараққӣ додани соҳаи сайëҳӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад. Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» аз мавзеҳо мувофиқ барои тараққӣ додани сайëҳии экологӣ ба ҳисоб меравад.
Таъсиси ширктҳои сайëҳӣ, ҷорӣ намудани хатсайрҳои нав ва ҷалби бештари сайëҳон ба вилояти Хатлон муҳим ва ҳатмӣ шуморида шуд.
Раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод аз имтиëзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар самти ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайëҳӣ, аз ҷумла 5 соли аввал фаъолият озод будан аз пардохти андоз, озод будан аз пардохти боҷи гумрукӣ зимни ворид кардани таҷҳиҳизоти зарурӣ барои бунëди инфрасохтори сайëҳӣ ëдовар шуда, истифодаи самараноки ин имкониятро муҳим ва ҳатмӣ шуморид.
Донистани забонҳои хориҷӣ барои кормандони ширкатҳои сайëҳӣ, иншооти хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхонаҳо ва ғайра асоси пешрафти соҳа дониста шуд.
Заминаи пешрафти соҳаи сайëҳӣ тозагии муҳити зист мебошад.
Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки тозагии мамлакат аз тозагии хонаву дар ва маҳалли зисти ҳар як шаҳванд маншаъ мегирад. Аз ин рӯ ҳар як сокини ҷумҳурӣ бояд дар тозагии диëр саҳми худро гузорад. Сипас миëни роҳбарияти Кумитаи рушди сайëҳӣ ва иштирокчиëни ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина барои пешрафт ва бештар тараққӣ додани соҳаи сайëҳӣ, инчунин амалӣ намудани нақшаву чорабиниҳои нав пешниҳодоти мушаххас ироа гардид.
Таъсис додани бахшу шуъбаҳои рушди сайëҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо асоси пешрафти соҳа ҳисобида шуд.
Барои хизматҳои арзанда дар соҳаи сайëҳӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо сипосномаи Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Сипас иштирокдорони чорабинӣ аз намоиши лавозимоти сайëҳӣ ва дастовардҳои соҳа дар ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.
Дар доираи ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуи «Рушди сайëҳии экологӣ дар вилояти Хатлон» иштирокдорон аз мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дидан намуданд. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар ноҳияи Дӯстӣ зиëда аз 50 ҳазор гектарро дар бар мегирад, ки аз он 15 ҳазор гектараш ҷангалзор, 4 ҳазор гектараш кӯл, боқимонда туғайзор, теппа ва биëбон мебошад.
Дар мамнуъгоҳ беш аз 50 намуд паранда, ҳайвоноти нодир ва хазандаҳо сукунат мекунанд. Дар кулҳои мамнуъгоҳ 20 намуд моҳӣ мавҷуд аст.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Ҳамоиши минтақавӣ дар мавзӯи “Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар вилояти Хатлон”
Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.