• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

ПАЛАНГИ ТУРОНӢ

02.08.2022 / admin / 0 Comments

Паланги туронӣ калонтарин намояндаи оилаи гурбашаклон буда, зернамуди дар кураи Замин пурра нобудгардида ба ҳисоб меравад. То аввали солҳои 30-юми асри гузашта паланг дар пастхамиҳои поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу ва Ёхсу дучор меомад. Ин дарандаи боҳашамат дар туғайзорони касногузари наздисоҳилӣ, ки бо хусусиятҳои экологии худ ба шароити ҷангалзорҳои касногузари Ҳиндустон шабоҳат доранд, сукунат мекард.
Зернамуди паланги туронӣ дар баробари зернамудҳои банғолӣ ва амурии паланг яке аз калонҷуссатарин намояндагони гурбаҳои ваҳшии олам ба ҳисоб мерафт. Вазни палангҳои болиғ 240 кг ва дарозии бадани онҳо то ба 3м мерасид. Берун аз қаламрави Тоҷикистон паланги туронӣ дар ҳудуди Қафкоз, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон паҳн гардида буд.
Тӯъмаи асосии паланг дар туғайзорони Тоҷикистон хуки ваҳшӣ ба ҳисоб мерафт. Паланг ҳамчунин гавазни бухороӣ, ғизол, ҷайра, парандагон, хояндагон ва сангпуштро низ тӯъмаи худ қарор медод.
Паланги туронӣ дар синни 3-солагӣ ба балоғат мерасид. Давраи ҳомиладорӣ 3 моҳ идома меёфт. Ҷинсҳои модина баъд аз ҳар 2-3 сол аз 2 то 4 насл таваллуд мекарданд.
Паланги туронӣ бо зебоии ҳайратангези худ фарқ мекард. Ин дарандаи калонҷусса хеле пурқувват, оромтабиат, тезҳаракат ва хушандом буд. Барои он тарзи ҳаёти ҷудогона хос буд. Ҳар як фард дар алоҳидагӣ тӯъмаи худро шикор мекард. Ин дарандаи боҳашамат аз инсон намеҳаросид, вале ба одам ҳуҷум намекард. Мардуми таҳҷоӣ паланги турониро рамзи қудрат ва тавоноӣ меҳисобиданд. Онҳо эътиқод доштанд, ки чанголи паланг одамро аз қувваҳои бадӣ эмин нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, аксар маврид чанголи онро ба либосҳои кӯдакон медӯхтанд.
Ҳанӯз сад сол қалб паланги туронӣ сокини муқаррарӣ ва ҳокими мутлақи туғайзорони Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Саршумори паланг дар асри XIX дар ҳудуди паҳншавии он 10 000 фард баҳогузорӣ гардида буд. Босуръат аз худ гардидани туғайзорони наздисоҳилӣ ба мақсади кишт намудани зироатҳои кишоварзӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта боиси маҳдуд гардидани ҳудуди паҳншавӣ ва саршумори паланги туронӣ гардид.
Дар соҳили дарёи Сир охирин паланги туронӣ соли 1933 нобуд карда шуд. Соли 1938 дар поёноби дарёи Вахш мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” таъсис дода шуд. Мақсади асосии таъсиси ин мамнӯъгоҳ ҳифзи туғайзорони наздисоҳилӣ якҷоя бо намояндагони хос ва беназири олами ҳайвонот, аз ҷумла ҳифзи паланги туронӣ буд. Мутаассифона, мамнӯъгоҳ натавонист палангро аз маҳвшавӣ наҷот бахшад. Охирин паланги туронӣ дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” аз ҷониби ғӯруқшиканҳо тобистони соли 1953 паронда шуд. Вале паланги туронӣ дар хотираҳо боқӣ мемонадва мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ҳамчун гӯшаи беназири табиат арзи вуҷуд дорад. Бархе аз олимон гумон мекарданд, ки шояд паланги туронӣ то солҳои 70-уми асри гузашта зинда монда буд ва баъзан аз Афғонистони Шимолӣ ба туғайзорони қисмати ҷанубӣ-ғарбии Тоҷикистон ворид мегардид.
Паланги туронӣ намуди бебозгашт маҳвгардида ба шумор мераад. Баъзеҳо гумон мекарданд, ки шояд он дар ягон боғи ҳайвоноти дунё боқӣ мондааст, вале ин тахминҳо нодуруст баромаданд. Далел раднопазир боқӣ мемонад. Паланги туронӣ алҳол дар ҳеҷ куҷо боқӣ намонда, бо айби инсон пурра маҳв гардидааст. Маҳв гардидани паланги туронӣ ин талафоти бебозгашти гуногунии биологӣ мебошад.
Омилҳои асосии нобуд гардидани паланг ғӯруқшиканӣ ва маҳдуд гардидани масоҳати туғайзорони наздисоҳилӣ ба ҳисоб меравад. Нест гардидани паланги туронӣ фоҷиаи хеле ғамангез аст. Ҳамагонро зарур аст, ки ҷиддӣ андеша намоянд, то ки чунин хатогӣ дар оянда такрор нагардад.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« ТУРАНСКИЙ ТИГР
ТАШКИЛИ МАРКАЗИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.