ноҳияи Қубодиён

ҚУБОДИЁН — ЁДГОРЕ АЗ ГУЗАШТАГОН

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Қубодиёни куҳанбунёд ҷузъи таърихи қадимаи тоҷикон буда, тибқи маъхазҳои таърихӣ мафҳуми Қубодиён ба номи асосгузори сулолаи Каёниён — Кайқубод мансуб аст ва аз рӯи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дорои таърихи сеюнимҳазорсола мебошад. Ноҳияи Қубодиён ба водии Кофарниҳони Поён мансуб буда, дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, қисмати шарқи ва чапи руди Кофарниҳон дар баландии 788 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ноҳия дар қисмати ғарби бо ноҳияи Шаҳритуз, дар шарқ бо ноҳияҳои Дӯстї ва Ҷайҳун ҳамсарҳад аст.

 Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Қубодиён дорои мавзеъҳои барои сайёҳон ҷолиби таърихии Қалъаи мир, Қайқубодшоҳ, Тахти Сангин, Тахти Қубод, Шоҳтеппа, Хушдормулло (Уштурмулло), Куҳандиж, масҷиди “Хоҷа Салим” буда, ҳамаи ин аз таърихи чандинҳазорсолаи ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Дар ҳақиқат Қубодиён, яке аз ноҳияҳои қадимаи тоҷикон, гаҳвораи маданияти он ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Қубодиёни бостонӣ 8 адад ёдгориҳои таърихии аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ дошта мавҷуд аст, ки ба асрҳои 6-и пеш аз мелод ва 4-5-и мелодӣ тааллуқ доранд. Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба Тахти Сангин дарёфти “Хазинаи Амударё” аз ин маҳал буд. Хазинаи мазкур аз дараҷаи инкишофи ҳунари бадеии ин давр шаҳодат медиҳад ва асоси ин колексияро, ки ба асрҳои VI-IV то мелод тааллуқ дорад, маснуоти дар шимоли Бохтар ёфтшудаи давраи хаҳоманишиниҳо ташкил медиҳанд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳия 1адад Кохи фарҳанг, 3 хонаи фарҳангии типпи шаҳрӣ, 3 хонаи фарҳангии деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 11 китобхонаи деҳотӣ, мактаби санъати бачагона ва дастаи гуруҳи ҳунарии (Ғунча) ва (Шабчароғ) ба мардум хизмати фарҳангӣ мерасонанд. Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия се бозори молҳои ниёзи мардум, ду бозори масолеҳи сохтмонӣ, ду меҳмонхона ва якчанд ошхонаҳо ба мардум хизмат мекунанд. Дар ноҳия 63 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 литсейи бачагони лаёқатманд, 6 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд. Ноҳия асосан ба корҳои кишоварзӣ машғул буда, дар он парвариши пахта, ғаладонагиҳо, боғу токпарварӣ, маҳсулотҳои полезӣ сабзавот ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Инчунин соҳаи чорводорӣ низ фаъолият мекунад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Дар ноҳияи Қубодиён касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, оҳангарӣ, дуторсозӣ ва гулдўзӣ дар байни мардумия ноҳия дида мешавад.

Вижагиҳо. Ноҳия асосан зодгоҳи аллома Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад, ки мазраи зиёрати аҳли адабу сухани ҷаҳон гаштааст. Дар ноҳия мавзеъи таърихии қадимтарину нодир дар Осиёи миёна Тахти сангин – нишастангаҳи шаҳриёрон (императорон)-и ориёӣ ҷойгир аст, ки бозгӯи таърихи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.

Худ Қубодиён ҷавону таърихаш бошад куҳан

Ҷойгир андар харита дар ҷануби ин Ватан,

Мешиносанд мардуми моро ба номи ин ду тан

Қайқубоди шаҳриёру Хусрави пири сухан.