ШАҲРИТУС-МАКОНИ МАРДУМОНИ МЕҲНАТӢ
Маълумоти мухтасари таърихи. Ноҳияи Шаҳритуз 29 августи соли 1930 таъсис ёфта, марказаш шаҳраки Шаҳритуз буда, масоҳаташ 1,5 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолиаш зиёда аз 120 ҳазор нафар аст. Дар ноҳия 22 миллату халқиятҳо дустона зиндагони мекунанд, ки аз онҳо қариб 70 000 нафар тоҷикон, зиёда аз 38 000 нафар узбекон ва 12 000 нафар дигар миллату халқиятҳоро ташкил мекунад. Аз ноҳия дарёҳои Кофарниҳон ва Амударё дар масофаи зиёда аз 150 километр мегузарад. Соли 1978 ноҳияи Қубодиён ва соли 1996 ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияи Шаҳритуз ҷудо шудааст.
Дар ноҳияи Шаҳритуз 5- Ҷамоати деҳот (Пахтаобод, Обшорон, ба номи Талбак Садриддинов, Худойназар Холматов, Ҷӯра Назаров) 1- Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз мавҷуд буда дар деҳот зиёда аз 30 деҳаҳо арзи вуҷуд дошта дар он меҳнаткашони ноҳия бо истеҳсоли ғалла, пахта, сабзавот, мева, ангур, зироатҳои полези ва бо чорводори шуғл доранд.
Ноҳияи Шаҳритуз марҳилаҳои таърихии бунёди сотсиализм, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), солҳои барқароркунии баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ва аз ҳама муҳим давраи расидан ба Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистонро паси сар намудааст.
Айни замон дар ноҳия зиёда аз 50 адад муассисаҳои таълими, зиёда аз 40 муассисаҳои тандурустӣ зиёда аз 10 адад муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ ва зиёда аз 2000 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра фаъолият дорад.
Мардуми ноҳияи Шаҳритуз хусусиятҳои меҳмондустӣ, ватанпарастию маърифати баландро доро буда тарс аз мушкилоте надоранд.
Инфрасохтори хизматрасӣ. Дар маркази ноҳия 2- меҳмонхона, хонаҳои ба шаҳрвандон таалуқдоштаи ҳамчун меҳмонхона истифодашаванда, тарабхонаву ошхонаҳои ҳозиразамон, шумораи зиёди нақлиёти мусофиркаш мавҷуд мебошад, ки ба сайёҳон барои буду бош дар ноҳия ва барои ташриф ба ёдгориҳои таърихи мададгор мешавад.
Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳи. Аҳолии ноҳия яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор рафта, дорои ёдгориҳои таърихи ва зиёратгоҳҳо мебошад: аз ҷумла мавзеи экологӣ ва таърихии «Чилучорчашма» дар масофаи қариб 10 км аз маркази ноҳияи Шаҳритуз воқеъ гашта, он ба макони тамошо ва сайру гашти аҳолии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ гаштааст. Ин ёдгории таърихи иборат аз 44- чашма буда ба 17- гуруҳ ҷудо мешавад ва обҳои чашма ба касалиҳои хуни бинӣ, табларза, устухондард, рутубат ва сардарди, споризм (пустсафед), ветелига (пес), барои равшанкунии чашмҳо ва ғайра шифо мебахшад. дар давоми сол ҳар руз беш аз ҳазорон нафар ба зиёрати ин манзараи худодод омада истиҳорат мекунанд ва аз дардҳо шифо меёбанд.
Мадрасаи «Хоҷа Машҳад» дар қисмати ҷануби ноҳия дар даромадгоҳи деҳаи «Сайёд»-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ҷойгир шуда масофаи он бо марказ 10 км ташкил мекунад. Ёдгории таърихии мазкур дар асрҳои 9-10 сохта шуда, аз бинои дуҳуҷрадори гунбаздор иборат буда, майдони васеъ дорад. Аз руи нишондоди сарчашмаҳо мадрасаи «Хоҷа Машҳад» дар замони сохта шуданаш яке аз калонтаринҳо ба шумор мерафт. Дар ин мадраса аз ҳар гушаю канор толибилмон омада сабақ мегирифтанд, Носири Хусрави Қубодиёни низ дар ҳамин мадраса таълим гирифтааст.
Мақбари «Хоҷа Дурбод» дар қисми ғарбии деҳаи Чуянчии Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия мавҷуд буда аз хиштҳои пухтаи чорпаҳлу дар асрҳои 11-12 сохта шудааст.
Мақбара куррашакл буда дар масофаи 15 километр аз марказ ҷойгир шудааст. Боми иморат гунбазшакл буда, қисми берунии он аз хишт гулпартои карда шудааст. Бо вуҷуди зоҳиран мураббаъ будани асосаш, девори дохилии он ҳаштқирра ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад ва хело зебо мебошад.
Зиёратгоҳи «Ҳазратбобо» дар деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» дар сарҳади байни Ҷумҳуриҳои Узбекистону Тоҷикистон дар баландии 1700 метр дар масофаи зиёда аз 70 километр аз маркази ноҳия ҷойгир шудааст ва соли 2008-ум аз навсози карда шуд.
Боз дар ноҳияи Шаҳритуз зиёратгоҳҳои таърихии «Хоҷа Сарбоз», «Хоҷа Ғоиб», «Тилло Ҳалоҷи» ва «Эшони Миёнтура» арзу вуҷуд дошта ба сайёҳон на он қадар ҷалб кунанда мебошанд.
Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Ба ғайр аз шуғл шудан бо кишоварзӣ аҳолии ноҳия бо кулолгарӣ, кашидадузӣ, адрасбофӣ, устокорӣ, гилембофӣ, қуроқгарӣ ва ғайра машғул мебошанд, ки маҳсулоҳои истеҳсолкардаи онҳо барои сайёҳон армуғон шуда метавонад.
Вижагиҳо. Ноҳия табиати махсуси беҳамто дорад.Ҳанӯзмоҳи май дар ҳудуди ноҳия аввалин зардолуҳои ширини пешпазак пухта мерасанд. Пиёз дар моҳи апрел пухта мерасад, ки дар кишвар аввалин ҳосил ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар ноҳия таълимгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ бо номиХоҷамашҳад мавҷуд мебошад, ки ёдгории беназир аст.