ноҳияи Хуросон

ХУРОСОН БАЪД АЗ ДАҲ ҲАЗОР СОЛ

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Ноҳияи Хуросон дорои таърихи куҳан мебошад. “Қадимтарин ёдгориҳои аҳди биринҷи, ки дар Тоҷикистон Ҷанубӣ ва маркази кашф шудаанд–маснуоти мису биринҷӣ, аз ҷумла табарҳои мисӣдалели исботи гуфтаҳои боло мебошанд. Яке аз ин ёдгориҳо, ки табар мебошад,  дар деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент, дигаре аз қишлоқи Шар-шари ноҳияи Куйбишев (ҳозира Хуросон) ва саввум аз наздикии қишлоқи Арчини Варзоб ёфт шудааст. Таърихи ҳамаи онҳоро охири ҳазораи 11 пеш аз милод муайян кардаанд” (аз китоби “Тоҷикон”–и Б. Ғафуров, саҳ 35.). Аз ҳуҷҷати дар боло овардашуда бармеояд, ки ноҳияи Хуросон таърихи бой дошта, аҳолии он аз давраҳои қадим дар ин минтақа зиндагӣ ба сар мебурданд. Аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ Хуросон (Ғозималик) аз соҳили дарёи Кофарниҳон ибтидо ёфта, то худи дарёи Панҷ тӯл мекашад. Он аз чор куҳ иборат мебошад: Қаратоғ, Гоктоғ, Ариқтоғ ва кӯҳи паси кӯҳ Қаринтоғ. Қаторкӯҳҳои Боботоғ як қисмаш пурра Ақтоғ ва қисми Рангкӯҳро дар бар мегирад.

 Ноҳияи Хуросон баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ва инқилоби Бухорои Шарқӣ танҳо соли 1925 ҳамчун кент ва тумани алоҳида шинохта шуд. Пеш аз ин ҳам ноҳияи Хуросон, ки дар тарафи рости дарёи Вахш ҷойгир буда, ҳамчун воҳиди алоҳидаи маъмурӣ дар байни ду мавзеи калонтарин Хатлон ва Чағониён (Ҳисор) амал мекард.

 Дар аввал ноҳияи Хуросони ҳозира аз соли 1936 то соли 1959 ноҳияи Даҳанакиик номида мешуд. Моҳи марти соли 1959 ноҳияи Даҳанакиик ба ноҳияи Куйбишев (ҳозира А.Ҷомӣ) ҳамроҳ карда шуд. Моҳи апрели соли 1983 ноҳияи нав бо номи Илич таъсис ёфт, ӯ аз ноҳияи Куйбишев ҷудо карда шуд. Моҳи марти соли 1992 ба ноҳия номи Ғозималик гузошта шуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12–феврали соли 2004, №503 ба ноҳияи Ғозималик номи Хуросон дода шуд. Масоҳати ноҳия 896,1 км мураббаъро ташкил медиҳад. Марказаш шаҳраки Обикиик буда, аз Душанбе дар масофаи 45-км ва аз шаҳри Бохтар дар масофаи 40-км ҷойгир аст.

Дар ноҳия асосан тоҷикону ӯзбекон ва ба миқдори хеле кам тотору русҳо, кореягияҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд.

 Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи сурх бо забони туркӣ “Қизилқалъа” ном дошта, дар ҳудуди Ҳалқаҷар, Сарбанд ва Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ ва Қизилқалъа ҷойгир мебошанд. Қалъаи сурх дараҷаи ҷумҳуриявӣ дошта, дар Феҳристи мероси ҳифзи таърихию фарҳангии ҷумҳури ба қайд гирифта шудааст. Аз қалъаҳои номбаршуда нишонаи кам боқӣ мондааст. Аз солҳои пеш то имрӯз аз деҳаи Ҳалқаҷар, Сарбанд ва Ҳаёти нав аз наздикиҳои талу теппаҳое, ки дар он ҷо Қалъаи сурх ҷойгир будааст, ҳар гуна маснуотҳои заргарӣ, тангаҳои сикказадашудаи тиллоӣ ва кӯзаву хумҳои калон ёфт шудаанд, ки ба давраи давлатдории Кушониён мансуб будааст.

 Ёдгориҳои таърихи меъморие, ки дар давраи собит иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳия сохта шудаанд, то имруз ҳифз карда мешаванд. Инҳо 2-адад муҷассамаи доҳии пролетариат В. И. Ленин яке дар боғи фарҳангӣ истироҳатии ноҳия ва дигаре дар ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, 1-адад лавҳаи ёдгории “Ҷанговарони башардӯст” солҳои 1979–1992 дар боғи фарҳангӣ–истироҳатии ноҳия, 1-адад муҷасамаи “Аскари ҷанговар” солҳои 1941-1945 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, 1-адад муҷассамаи “Зану мард бо ситораҳо” ва 1-адад мемориали аз санг сохташудаи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Фахробод, мемориали “Водии Вахш” дар даромадгоҳи шаҳраки Хуросони ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ мавҷуд буда, онҳо дар мувозинаи ҳамин ҷамоатҳои деҳот мебошанд.

 Дар ҳудуди ноҳия зиёратгоҳҳои ҳазрати “Таъба Тобиин” дар деҳаи Тобашар, “Зокирҷон” дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, “Гулчечак” дар ҷамоати Қалъаи сурх, “Хуҷабехоб” ва “Хуҷа Ганҷина” дар ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, “Хуҷазаррин” ва “Ёрмачит” (аввал ибодатгоҳи пайравони дини Зурдушт буд ва баъди зуҳури ислом ба масҷиди мусалмонон табдил ёфт) дар ҷамоати деҳоти Фахробод ҷойгир буда, мардуми ноҳия ва берун аз ноҳия барои пос доштан, барои шифои бемориҳо ин зиёратгоҳҳоро зиёрат мекунанд. Ҳолати ёдгориҳои таърихии ноҳия дар ҳолати қаноатбахш буда, бо дастгирии сокинони ҷамоатҳо таъмир карда шудаанд ва ба сайёҳон ғановати баланди маънавӣ мебахшанд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Ноҳия дорои терминали мусофиркашонӣ, меҳмонхона, бозору мағозаҳо, иншооти фарҳангиву маишӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Мардуми ноҳия бештар ба ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чӯбтарошӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гулдӯзӣ, шероздӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷуроббофӣ, қолинбофӣ, докатурдӯзӣ ва маҳсулотҳои нону кулчапазӣ, ва хӯрокҳои милли майлу рағбати зиёд доранд ва инчунин ба чорводорию паррандапарвари шуғл меварзанд.

Вижагиҳо. Дар ноҳияи Хуросон ягона ибодатгоҳи зардуштиён боқи мондааст, ки ҳоло бо номи Ёрмачит ба ибодатгоҳи мусалмонон табдил ёфта аз ваҳдати динҳову андешаҳои нек шаҳодат медиҳад.  Инчунин, Оҳаки Хуросон дар кишвар аз лиҳози сифат дар ҷойи аввал мебошад. Конҳои калони оҳак садсолаҳо метавонад кишварро бо оҳаки табиӣ таъмин намоянд.