ноҳияи Муъминобод

МУЪМИНОБОД – МАКОНИ ЗЕБОМАНЗАР

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Муъминобод дорои таъриху фарҳанги қадима буда, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал ин ном дар китоби “Таърихи Бадахшон” ҳануз дар охирҳои асри XI ҳамчун шаҳр ёд гардидааст. Аз ин рӯ чунин ба назар мерасад, ки он ҳамчун шаҳр дар асри X по бар арсаи вуҷуд ниҳода бошад. Ниҳоят, дар соли 1930 ноҳияи Муъминобод дар ҳайати Тоҷикистон расман таъсис ёфта, то ин ҷониб арзи вуҷуд дорад. Аз замонҳои қадим то имрӯз мардуми ин диёр ба зироаткорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ шуғл меварзанд. Ноҳия дорои беш аз 100 ёдгории таърихӣ, ҷойҳои муқаддас, мавзеъҳои тамошобоб мебошад.

Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Муъминобод» дар мавзеи имрӯзаи кӯчаи ба номи « И.Сомонӣ» яке аз мавзеъҳои қадима будани ноҳияи Муъминободро гувоҳ аст.

Ҳудуди ноҳия 880,6 келометри квадратиро ташкил медиҳад ва дар он дар баробари тоҷикон намояндагони дигар миллатҳо аз қабили русҳо, ӯзбекҳо зиндагӣ доранд. Дар солҳои соҳибхтиёрӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, саноат ва фарҳангии ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Ноҳияи Муъминобод ба таври тасаввурнашаванда симои худро дигар кард. Ноҳияи Муъминобод аз 7-ҷамоат иборат мебошад, ки дар онҳо беш аз 90 000 аҳолӣ зисту зиндагонӣ мекунанд.

 Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар ноҳияи Муъминобод барои сайёҳон ва меҳмонон маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон инҳо мебошанд: Мавзеъ ва куҳи “Чилдухтарон”, Қалъаи Муъминобод, Оромгоҳи “Шоҳи хомӯш” дар деҳаи Лангар, Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров дар маркази ноҳия ва Хонаи Асрори маънӣ дар деҳаи Кулчашма, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ғайра. Муъминобод обу ҳавои салқин дошта, он ба анвои меваҳои шаҳдбори худ –себ, ноку гелос ва ангуру чормағз дар минтақа ва ҷумҳурӣ машҳур аст ва барои сайёҳони экологӣ низ хеле писанд меояд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Дар ноҳияи Муъминободбарои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо камаш як мағозаи савдои молҳои омехта мавҷуд аст, дар ноҳия 1 бозори калон (бозори марказӣ) дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор дорад. Дар ин бозору мағозаҳо савдогарон аслан ба фуруши либос, хӯрока, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум машғул мебошанд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Муъминобод шумораи умумии муассисаҳои тиббӣ 29 адад буда, аз инҳо 20 ададашро марказҳои саломатии деҳотӣ, 9 адади дигарашро муассисаҳои тиббии зертобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Муъминобод ташкил менамоянд. Ҳамзамон тибқи маълумотҳо дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод 10 адад дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки дар онҳо пурра мутахассисони сертификатдори дорои иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд.

Ҷойи зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 35 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла: Қасри фарҳанг, Хонаи фарҳангӣ деҳотӣ, Клуби сайёр, Театри мардумӣ, Мактаби бачагонаи мусиқӣ, Ганҷинаи нақди адабии С.Табаров, Китобхонаи марказӣ, Китобхонаи бачагона, Китобхонаҳои деҳотӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Инчунин, дар ноҳияи Муъминобод се ҳаммоми ҷамъиятӣ, як ҳавзи шиноварӣ ва як комплекси варзишӣ мавҷуд мебошад.

Дар ноҳияи Муъминобод 1 меҳмонхона бо номи «Хоби ширин» фаъолият мекунад, ки ба меҳмонон хизмат мерасонад. Меҳмонхона дорои 10 утоқ буда, дар маркази ноҳия ҷойгир мебошад.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ Ноҳияи Муъминобод бо чеварону кадбонуҳо, устою дигар ҳунармандонаш аз қадим шуҳратёр аст. Имрӯзҳо дар ноҳияи Муъминобод мардум ба ҳунарҳои гунонгуни аҷдодии қадима ва муосир машғул мебошанд. Ба монанди бофандагӣ (ҷуроббофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, қаламарезгӣ, тоқидузӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, табақтарошӣ, гавҳорасозӣ, танӯрсозӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва ғайраҳо. Инчунин, занони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод анвои гуногуни хурокҳои миллӣ, аз ҷумла: қалама, оши бурида, оши палав, умоч, оши туппа, қурутоб, манту, ширбат, ширбиринҷ, ширравған, шакароб ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд метавонанд омода созанд.  Вижагиҳо. Ноҳия бо доштани боду ҳавои ниҳоят тоза ва кулҳои табиӣ барои варзиши шиноварӣ ва қайиқронӣ мутобиқ шуҳрат дорад, ки дар вилояти Хатлон беназир аст. Инчунин, аз гулу гиёҳҳои шифобахши он доруву дармон бо исми “Шифо” омода гашта, аз тамоми кишвар аз гиёҳҳои табобатии ноҳия истифода мебаранд. Нигораи силсилакӯҳҳои зебои табиӣ бо номи Чилдухтарон бошад бо ҳашамати худ дар ҷаҳон ҳамто надоранд.