ноҳияи Кӯшониён

КӮШОНИЁН – ЁДЕ АЗ ГУЗАШТАГОНИ ПУРИФТИХОР

Маълумоти мухтасари таърихӣ. Кӯшониён (собиқ ноҳияи Бохтар) дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарину серсоҳа ба ҳисоб рафта, масоҳаташ 556 км2 буда, ба 1 январи соли 2018 дар ноҳия 236215 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 424 нафарро ташкил медиҳад. Маркази маъмурии ноҳия шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад.

Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 110 км, то шаҳри Бохтар 8 км ва то истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Бохтар 30 км аст.

Ноҳияи Кӯшониён дар қисмати шимолӣ бо ноҳияи Вахш, дар қисмати шарқӣ бо ноҳияи Левакант, дар қисмати ҷанубӣ бо ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ва дар қисмати ғарбӣ бо шаҳри Бохтар ҳамсарҳад мебошад.

Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ ноҳияи Кӯшониён солҳои 30-юми асри ХХ таъсис ёфта, маркази ноҳия ва гирду атрофии онро «Чечка» меномиданд, сипас онро Октябр номгузорӣ намуданд ва то солҳои 1965 дар ҳайати ноҳияи Қӯрғонтеппа буд. Баъди ташкил ёфтани ноҳияи Вахш шаҳраки Октябр (ҳозира Исмоили Сомонӣ) ва хоҷагии «Коммунизм» (ҳозира Меҳвар) ба ин ноҳия ҳамроҳ гардид.    Ҳамин тариқ, 16 ноябри соли 1980 ноҳияи Коммунистӣ ташкил ёфт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дархости аҳолии ноҳия 28 декабри соли 1991 дар Иҷлосияи 8-уми Шӯрои вакилони хаклқи ноҳия дар баробари дигар масъалаҳо масъалаи иваз намудани номи ноҳия низ дида баромада шуда, номи Коммунистӣ ба Бохтар иваз карда шуд.     Сипас, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018, № 511 номи Бохтар ба номи Кӯшониён иваз карда шуд. Ин ном моро воқеан ба гузаштагони пурифтихорамон, ки замоне тавассути империяи Кушониён ҷаҳонро идора мекарданд, пайванди маънавӣ мебахшад.

Дар ноҳия асосан тоҷикон ва аз ақалиятҳои миллӣ ӯзбекҳо, русҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва миллатҳои дигар зиндагонӣ мекунанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 8 ҷамоат, аз ҷумла 3 ҷамоати шаҳрак ва 5 ҷамоати деҳот мавҷуд аст.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Ноҳияи Кушониён бо соҳили пуртуғёни дарёи Вахш оғоз мегардад. Дарёи Вахш барои ҳар як бинанда ё худ сайёҳ диққатҷалбкунанда буда, оби он кабуду зулол, соф, сард ва пуртуғён мебошад. Дарёи Вахш аз дараҳои чуқур гузашта, 170 км болотар аз резишгоҳаш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шохаҳо тақсим мешавад. Манбаи оби дарё асосан пирях ва барф аст. “Вахш” – Охшо, Оахшо номи олиҳаи обу обёрӣ мебошад. Яқин аст, ки аз калимаи “вахшу”-и форсии қадим баромадааст. Дар забонҳои қадима Вахш ба маънои “руҳ” истифода шуда, баъзан “оби ҷорӣ” – ро низ ифода мекардааст. Минбаъд ва ҳоло номи ин олиҳаи қадимаро танҳо яке аз шохаҳои дарёҳои Панҷу Аму, яъне дарёи Вахш нигоҳ доштааст. Инчунин дар ноҳия осорхонаи таърихӣ ва ҳайкалу лавҳаҳои гуногуни таърихӣ мавҷуд мебошанд.

Инфрасохтори хизматрасонӣ. Кушониён барои қабули меҳмонон тамоми шароитҳои заруриро дорост. Дар шаҳраки Бӯстонқалъа макони истироҳатию фароғатии Аквопарк мебошад, ки кӯдакон ба он ҷо рафта истироҳат, оббозӣ, тамошо ва сайругашт мекунанд.          Инчунин, дар маркази шаҳраки Бӯстонқалъа Чойхонаи замонавӣ ҷойгир аст, ки аз тарафи ҳунармандони мардумӣ ва чирадаст бо усулҳои гуногуни меъмориву ҳунармандӣ, бо тарҳи муосир ва ороиши хеле ҷаззобу зебо сохта шудааст. Чойхонаи мазкур маҳсули дасти ҳунармандон буда, тамошобоб, диққатҷалбкунанда ва истироҳатию фароғатист. Дар ин ҷо хӯроку таомҳои миллии хушлаззат омода карда мешавад. Сайёҳон дар қисмати дигари ин шаҳрак аз Меҳмонхонаи “Сайёҳ” метавонанд истифода намоянд. Ин Меҳмонхона бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта ба истифода дода шуда, яке аз меҳмонхонаҳои муосир мебошад. Меҳмонхонаи “Сайёҳ” аз 24 адад ҳуҷра, 8 ададаш люкс боқимондааш одӣ буда, дар як вақт ба 48 нафар хизмат расонида метавонад. Аз рӯи фармоиш хӯрокҳои гуногуни болаззат омода карда мешаванд, сифати хӯрок ва хизматрасонӣ хеле хуб аст.

Дар назди Меҳмонхона 1 майдончаи варзишии футболи хурд амал мекунад, сайёҳон метавонанд аз Меҳмонхонаи “Сайёҳ” истифода намоянд.

Инчунин, дар ҳар як деҳаву маҳаллаи ноҳия фурушгоҳҳои маводи хӯрока мавҷуд буда, дар бозори марказии ноҳия бошад интихоби васеи молу маҳсулоти гуногун вуҷуд дорад. Тарабхонаву ошхонаҳои ноҳия шабурӯз фаъолият намуда ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, таъмини шуғл ба занону духтарон, ҷиҳати дастгирии рушди фаъолияти бонувони ҳунарманд ва эҷодкор маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумї таъсис дода, он бо 16 адад мошинаи дарздӯзӣ таъмин гардид.

Таъсиси маркази омӯзишии бонувон дар ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ омили дигари рушди иқтисодиёти кишвар аст. Ҳамин тавр, баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ насли ҷавон, бахусус, занону духтарони бешуғл ба ҳунару ҳунаромӯзӣ майл мекунанд.

Дар ҳудуди ноҳия офарандагон ва таҳиягарони ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёданд. Мардуми меҳнатқарин анвои ҳунарҳои мардумиро аз насл ба насл ба мерос гузоштаву онро гиромӣ медоранд. Сокинони ноҳия дорои ҳунарҳои мардумии ба худ хос буда, хусусан ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ, адрасбофӣ, попурзанӣ, кӯрпаву куртадӯзӣ, ҷӯроббофӣ, ҷомадӯзӣ ва сабадбофӣ бештар паҳн гардидааст. Дар байни мардум ҳунарҳои табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва ғайра ривоҷ ёфтаанд.

Кадбонуҳои ноҳия бо санъати баланд аз гиёҳҳои шифобахш ва сабзавотҳои хӯрданибоб шакароб, қурутоб, оши палав, атолаи бурида, далда, гандумҷуш, ширкаду, умоч, тарҳалво, ҳалво, ширбиринҷ ва инчунин анвои нонӣ аз қабили кулча, чапотӣ, қалама, таҳмол ва ғайраҳо омода менамоянд.

Вижагиҳо. Ноҳия дорои имконияти васеъи кишоварзӣ буда, маҳсулоти барвақтии тару тоза барои сокинони вилоят аслан аз ҳамин ноҳия таъмин карда мешаванд. Аз хусусиятҳои хоси ҷуғрофии ноҳия он аст, ки ноҳияи Кушониён атрофи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтарро пурра “ба оғуш” гирифтааст. Яъне шаҳри Бохтар танҳо бо ноҳияи Кушониён ҳамсарҳад мебошад.