МАЪЛУМОТИ МУХТАСАРИ ТАЪРИХӢ.
Норак диёри бостонӣ буда, мувофиқи маълумоти таърихнависон дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки дар асри санг ин ҷо одамон мезистанд. Деҳкадаи Норак таърихи 2500-сола дорад. Бо барқарор гардидани Ҳукумати Шуравӣ солҳои 20-30-юм дар ин гӯшаи диёрамон нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шуравӣ ба мувофиқ будани бунёди Неругоҳи барқӣ-обӣ дар шаҳри Норак таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Охирҳои соли 1960 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қарор қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак оғоз гардид. Ҳамон сол дар ҷойи деҳаҳои хурди Тутқавул, Норак, Лангар ва Деҳи Сабур корҳои сохтмонӣ сар шуд. 21 декабри соли 1960 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ба Норак ҳуқуқи шаҳр шудан дода шуд. Шаҳр дорои Нерӯгоҳи барқи обии Норак мебошад. Дар қаламрави шаҳр Ҷамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дӯконӣ ва бештар аз 100 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо вуҷуд доранд.
МАВЗЕЪҲОИҶОЛИБИ САЙЁҲӢ
Қариб ҳамарӯза ба шаҳри Норак аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ меҳмонҳо ташриф меоранд. Ба истифода додани НБО-и бузургтарини минтақаи Осиё – НБО-и Норак, ки аз ҷиҳати сохт ва иқтидори як бозёфти нодири инженериву гидроэнергетикӣ дар олам ба шумор меравад, бартарӣ ва афзалияти истифодаи обро ҳамчун манбаи нерӯи барқ амиқу возеҳ исбот сох т. Инчунин, аз байни куҳҳое, ки Норакро дар дар оғӯш гирифтаанд, куҳи Нор зеботарин ва баландтаринаш (174 метр) аст ва шояд номи он ба номи Норак умумияте ҳам дошта бошад. Дигараш Кӯҳи сандуқ аст, ки мутобиқи риҷоятҳо пас аз ҳуҷуми душманҳо мардуми Норак тамоми дороиҳояшонро дар сандуқе ҷо карде зери он кӯҳ мондаанд. То ҳол касе он сандуқи пурзару гавҳарро наёфтааст ва ба ривояти рӯз ин кони ганҷ ҳамин Нерӯгоҳи барқиву обист, ки сарвати миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Норак ёдгориҳои таърихӣ монанди “Мақбараи Мавлоно Мирзо Юсуф”, “Хоҷа Сурхпӯш”, “ Шайх Абдулҳай” “Амири Бузург” ва ғайра мавҷуданд, ки ин ёдгориҳо мавриди таҳқиқи бостоншиносонқарор гирифтааст.
ИНФРОСОХТОРИ САЙЁҲӢ
Хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои «Сайёра» ва «СССР» дар шароити ҳозиразамон омода карда шудааст. Дар ошхонаи меҳмонхонаи «Сайёра» хурокҳои миллӣ ва аврӯпоӣ пешкаши меҳмонон мегардонанд. Меҳмонхона аз 90-ҷойи хоб: 30 люкс, 15 пололюкс, 45 оддӣ иборат буда дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Дар шаҳр инчунин истироҳатгоҳи табобатии “Пули Сангин” дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир шудааст, ки мутобиқ ба талаботи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб карда шудааст. Дар шаҳр дар соҳили дарёи Вахш аз карери-9 то деҳаҳои Гирдобу Далдахӯрон дар ду соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳҳои шахсӣ бо тарҳи замонавӣ сохташудаанд, меҳмононро ҳамарӯза дар фасли тобистон қабул менамояд, ки ҳар кадоми он дорои шароити хуби истироҳативу фароғатӣ мебошад.
Инчунин 2 териманили мусофирбарӣ ба шароити ҳозиразамон таҳрезишуда мавҷуд буда, ҳар рӯз дар миқиёси шаҳр ва инчунин хатсайр ба шаҳри Душанбе ва маркази вилояти Хатлон ба мизоҷон хизмат мерасонад.
Бозорҳои – “Сомониён” ва “Сайёра” фаъолият мекунад.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.