• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

Номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Фалак

18.10.2019 / admin / 0 Comments

Ҳамдиёрони азиз!   

Таҷлили «Рӯзи Фалак»-ро, ки иқдоми фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду нумӯъ ва эҳёи арзишҳои  миллӣ мебошад, ба ҳамаи шумо ва миллати сарбаланди тоҷик муборакбод мегӯям.

Хушбахтона, гардиши айём ба сари халқи тоҷик, фарзанди фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат овард, ки  дар давраи роҳбарии ин сиёсатмадори нотакрор, мо тавонистем анъанаҳои ниёгон, махсусан санъати асили миллии худро эҳё намоем.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007-ум бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ ҳар сол 10-уми октябр «Рӯзи Фалак» дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, ки имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.

Дар ин радиф Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст.

Рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

Барои нигоҳдошт ва ҳифзу инкишофи дастовардҳои фарҳангии хеш дар миқёси умумибашарӣ мардуми тоҷик низ саҳми беандоза гузоштааст.

Маҳз заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат буд, ки тавонистанд мероси фарҳангиву таърихии халқи хешро, новобаста аз тазодҳои замона ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд ва бар замми куҳанбунёд будан, таърихи бою пурғановати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Фалак аз рӯйи эҷоди оҳангу сурудҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад. Аслан ду намуди онро имрӯз мутахассисон маъмул мешуморанд. Ин фалаки роғӣ ва фалаки даштӣ аст.

Фалаки роғӣ фалакест, ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбобҳои созӣ суруда мешавад.

Дар қатори онҳо имрӯз фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ ва фалаки кӯҳистонӣ ҳам маъмул гаштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳар минтақа ин жанри мусиқӣ ба таври вижа тавлид ва иҷро мешудааст. Танҳо фалаки кӯҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар медонанд.

Фалакхонӣ ҳунари мардумӣ буда, ба гӯшу ақлу ҳуши мардуми одӣ аз воқеияти замон, ҳаводиси рӯзгор маълумот медод, яъне хусусияти маърифатӣ дошт.

Тавассути шунидани сурудҳои фалакӣ мардуми тоҷик зина ба зина вориди доираи хештаншиносӣ мегардиданд, оҳангҳои фалак, қиссаҳои кӯтоҳи лирикӣ, ишқӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, иҷтимоӣ, таърихӣ аз насл ба насл хотираи фарҳангии миллатро ташаккул медоданд.

Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми мост.

Фалак ҳамчун жанр аз рӯйи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти носозгори умрро дар назар дорад. Аммо, ба андешаи бархе аз коршиносони мусиқишинос фалакхонӣ ин фақат ифодаи сӯзу гудоз ва дарду ҳасрат нест, балки дар бисёр ҳолатҳо таронаҳои Фалак шодиву нишоти дили мардумро низ баёнгаранд.

Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ бо мурури замон такомул ёфта, хусуси-ятҳои тоза касб намудааст.

Айни ҳол, таваҷҷуҳ ба Фалак чун намунаи ҳунари волои мардумӣ афзудааст.

Бисёр ҳунармандон кӯшиш доранд, ки ба оҳанги фалак, ба ҷои рубоиётҳои халқӣ матнҳо аз ғазалу рубоиҳои шоирони классикӣ ворид намоянд. Ин анъана метавонад ба он оварда расонад, ки дар оянда «Фалак» мукаммалтар ва касбитар шавад.

Хушбахтона,мактаби фалакхонӣ дар сарзамини мо решаҳои амиқ дошта, то замонҳои қадим рафта мерасад ва мутрибону сарояндагони ин сарзамин дар маҳфили фарҳангиёни ҷаҳон ҳамеша мавқеи пешоҳангӣ доштанд.

Ин аст, ки имрӯз низ ҳавзаҳои фалакхонӣ дар Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Туркия ва ғайра дар асоси мактаби фалакхонии Тоҷикистон такомул кардан доранд.

Зеро, дар мо мактабҳои фалакхонии Хатлон, Суғд, Бадахшон ва Рашту Ҳисор арзи вуҷуд дошта, новобаста бо тафовутҳои сабку услуби иҷро мазмуну мундариҷаи ягона доранд.

Дӯстони гиромӣ!

Дар вилоятамон бо супориши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори раиси вилоят аз 10-уми марти соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Фалак» ташкил карда шуд, ки  имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Итминони комил дорам, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо жанри мусиқии суннатии миллӣ рушду нумӯъ ёфта, таҳкимбахши фарҳанги миллӣ мегардад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар санаҳои фархундаи Рӯзи Фалакро ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, муборакбод гуфта, бароятон хушбахтию шодкомӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Манбаъ : сомонаи
http://khatlon.tj

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« Предыдущая запись
ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ФАЛАК» ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ФАЛАК ҶУЗЪИ ҚАВИИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН АСТ! »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.