Мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Дурбоди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир аст. Иморати он аз хишти пухта сохта шудааст. Асоси иморат мураббаъ буда, намоҳои на чандон баланди он бо усули тоқдартоқ ва нижвон зинат ёфтааст. Ин тарзи ороиш (аз хиштҳои майдаи 22х22 сантиметрӣ чида шуда), намунаи нодир аст.Дар болои асос ҳашттарки се тарафаш даричадор устувор аст, ки хиштҳояш андармиён ба таври амудиву уфуқӣ чида шудаанд. Бандубасташ ғайриоддист. Бо вуҷуди аз берун мураббаъ будани асосаш девори дохили он ҳаштпаҳлуст ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад.
Дар девори дигар паҳлуҳо(ба ғайр аз он ки даромадгоҳ гузоштаанд) тоқчаҳои росткунҷаи на чандон чуқур ҷой дода шудаанд, ки заминашон бо ранги сурх гулпарто
гардидааст.
Мақбараи Хоҷа Дурбод аз дигар ёдгориҳо ба шарафаҳои ғайриодии худ фарқ мекунад. Аз тарафи шимол пештоқи калоне гузоштанд, ки қисми зиёди наморо ишғол кардааст. Бурҷҳои он бо тоқчаҳои ороишӣ зинат ёфтаанд. Як қисми гунбазаш хароб шудааст. Мақбараи Хоҷа Дурбод хеле зебост.
Истифодаи усулҳои меъмории ғайриоддӣ, ки хусусиятҳои хоси санъати бинокории маҳаллиро инъикос кардааст, қимати таърихиву бадеии онро зиёд намудааст.