Шуъбаи рушди сайёҳӣ бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят дар соли 2022 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Боиси қайд аст ки, дар ҳудуди вилоят 931 адад ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 адад меҳмонхона, 130 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 134 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 132 адад тарабхона, 43 адад осорхонаҳо, 18 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 119 адад чойхона, 306 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 214 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 88 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 46 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тибқи маълумотҳои масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар соли 2022 дар умум 462503 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (445257 нафар сайёҳони дохилӣ ва 17246 нафар сайёҳони хориҷӣ) ташриф овардаанд.
Давоми моҳи январи соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо “Иттифоқи соҳибкорон ва сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кластери соҳаи сайёҳиро бо забони рӯсӣ омода намуда, мавриди истифода қарор доданд.
Санаи 3 феврали соли 2022 шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи Рушди иқтисодиёти деҳот бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии шаҳри Бохтар ҷиҳати азхудкунии маблағҳои лоиҳа семинари омӯзишӣ баргузор гардонид.
Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо телеканали “Мир 24”-и Федератсияи Россия вобаста ба тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон барномаи телевизионӣ омода намуда, тариқи телевизиони мазкур ва шабакаҳои интернетӣ намоиш дода шуд.
Санаи 17-18 феврали соли ҷорӣ шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризми Тоҷикистон дар толори Гӯшаи амрикои шаҳри Бохтар семинар машварат ҷиҳати мусоидат ба татбиқи таҷрибаи устувори истеҳсолот ва истеъмол бо иштироки намояндагони субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ, шарикони рушд, сармоягузорон ва як қатор донишҷӯёни Донишгоҳи Носири Хусрави шаҳри Бохтар баргузор гардонид.
Санаи 14 марти соли 2022 дар кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ бахшида ба солҳои рушди саноат ва индустрияи сайёҳи дар мавзӯи “Имкониятҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он кормандони шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, устодон, профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳи давлатии Бохтар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ба ин васила рушд додани сайёҳии дохилӣ шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 14 апрели соли равон як гурӯҳ ҷавонон ва наврасони имконияташон маҳдудро ба корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар ва мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафарбар намуданд.
Санаи 14 апрели соли 2022 Бахшида ба рӯзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 18 апрел таҷлил мегардад, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар якҷоягӣ бо кафедраи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки донишҷӯён ва мутахассисони соҳа мизи мудаввар баргузор гардонид.
Санаи 16 апрели соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе сайёҳати як гурӯҳ наврасони имконияташон маҳдудро ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва яке аз шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ — шаҳри Ҳисор роҳандозӣ гардонид. Дар ин сайёҳат асосан духтарони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён ва Вахши вилояти Хатлон ҷалб гардиданд. Гурӯҳи наврасон нахуст аз Қалъаи Ҳисор дидан намуда, сипас, дар маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе сайёҳат намуда, аз имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди туризми дохилӣ маълумоти муфассал пайдо намуданд.
Ҳамзамон, санаи 16 апрели соли 2022 бо ташаббуси Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зиёда аз 300 нафар донишҷӯёну омӯзгорон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.
Шуъбаи рушди сайёҳӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб санаи 29 апрели соли равон бо мақсади рушд додани сайёҳии дохилӣ сайёҳати як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси сайёҳат ва меҳмондории Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлобро ба хатсайри таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб сафарбар намуд.
Санаи 22 майи соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуруҳи беш аз 100 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтарро ба тамошои шаҳри Ҳисор ва Душанбе роҳандозӣ гардонид.
Санаи 25 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содироти “Бохтар Фуд-2022” баргузор гардид, ки дар он намоиши сайёҳӣ ташкил гардида, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ гардид.
Санаи 1-уми июни соли ҷорӣ, шӯъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази амрикоии шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» баргузор гардонид.
Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 28 июн то 28 июли соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯлоб, Норак, Қубодиён, Ховалинг ва Данғара бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ дар маҳал, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ барои субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ бо иштироки намояндагони меҳмонхона ва тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардонид.
Санаҳои 26-27 августи соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” баргузор гардид, ки дар он намоишгоҳ, аксияҳои сайёҳӣ ташкил гардида, маводҳои тарғиботӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба иштирокчиёни форум пешкаш гардонида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар ҳошияи баргузории Форум, ки ҳадафаш ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон, тарғиби имконияти сармоягузории ин минтақа ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, дар панели алоҳида масъалаҳои имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа баррасӣ гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва созмону ташкилотҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуданд.
Санаи 24 сентябри соли 2022, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сайёҳӣ ва дар ҳошияи он семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Такмил ва соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ” дар шаҳри Левакант бо иштироки муовинони соҳаи иҷтимоӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, масъулони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардонид.
Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.