Маркази иттилоотии сайёҳӣ дар осорхонаи вилоятӣ ба номи “Авасто”бо ташабуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва масъулини осорхонаи вилоятӣ ба номи “Авасто” ташкил карда шуд. Дар маркази мазкур маълумотҳои иттилоотии сайёҳии вилояти Хатлон аз қабили харитаи сайёҳии вилоят, буклетҳо, брашураҳо, роҳнамо барои сайёҳон ва ҳунарҳои дастии мардумӣ ба монанди гулдӯзӣ, қроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ,ҷомаи гулдӯзӣ,сӯзанӣ, пойҷомаи чакан, куртаҳои миллии занона ва мардона зардӯзӣ ва дигар маълумотҳои муарификунандаи вилояти Хатлон ташкил карда шуда, барои қабули сайҳони дохиливу хориҷӣ омода мебошад.