• Асосӣ
  • Шаҳру ноҳияҳо
    • Бохтар
    • Кӯлоб
    • Левакант
    • Норак
    • Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Вахш
    • Дӯстӣ
    • Ёвон
    • Кӯшониён
    • Қубодиён
    • Носири Хусрав
    • Панҷ
    • Хуросон
    • Ҷайҳун
    • Ҷалолиддини Балхӣ
    • Балҷувон
    • Восеъ
    • Данғара
    • Муъминобод
    • Темурмилак
    • Фархор
    • Ховалинг
    • Ҳамадонӣ
    • Шамсиддин Шоҳин
    • Шаҳритус
  • Ширкатҳои Сайёҳӣ
    • Ориёи
    • Сари ХосорТревел
    • Пули Сангин
    • Сайёҳ асри 21
    • Морхур
    • Экспедитсияи Осиёи Марказӣ
    • Сайри ҷаҳон
    • Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер
    • Нодир Тур
    • Муҳофиз
    • Сафари Дашти Ҷум
    • М. Бухорӣ
    • Сайди роҳ
    • Сайди Тагноб
    • Шоҳин
    • Сайри Мунк
    • Садои Куҳсор
    • Туризми бо воситаи Ҷомеа асосёфта
  • Инфрасохтор
    • Меҳмонхонаҳо
    • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
    • Тарабхонаҳо
    • Осорхонаҳо
    • Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
    • Чойхонаҳо
    • Хизматрасониҳои бонкӣ
    • Гестхоус Хомстей
    • Ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ
    • Зиёратгоҳҳо
    • Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
    • Мағозаи армуғонҳо
    • Маркази иттилоотӣ
  • Забонҳо
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • Без рубрики

ЛЕВАКАНТ эҳёи дубораи шаҳри кӯҳан

28.02.2023 / adminka / 0 Comments

ЛЕВАКАНТ – ЭҲЁИ ДУБОРАИ ШАҲРИ КӮҲАН

    Маълумоти мухтасари таърихӣ:

 Шаҳри Левакант (собиқ шаҳри Сарбанд) зодаи даврони истиқлолият буда, дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии зарнисори Вахш ҷойгир шуда, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 1996, №247 дар ҳайати вилояти Хатлон аз ҳисоби хурд кардани ноҳияҳои Бохтар ва А.Ҷомӣ бо маркази маъмуриаш дар шаҳри Калининобод таъсис дода шудааст. То 2 феврали соли 1996 шаҳри Сарбанд бо номи шаҳри Калининобод арзи вуҷуд дошта, ба ҳайати шаҳри Қӯрғонтеппа дохил гардида, яке аз шаҳрҳои тараққикардаи саноатии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Соли 2018 шаҳр номи Левакантро гирифт. Масоҳати шаҳр 131,09 км2 буда, аҳолии он ба 01.01.2018 миқдори 46225 нафарро ташкил медиҳад. Аҳолии шаҳри Левакант асосан аз тоҷикон 38543 нафар, узбекон 7342 нафар, русҳо 158 нафар қазоқҳо 6 нафар ва дигар миллатҳо 176 нафар иборат аст. Шаҳр бо ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Вахш ва А.Ҷомӣ ҳамсарҳад мебошад.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ.

      Дар шаҳри Левакант мавзеъи муҳимми сайёҳӣ бо номи Уштурсанг мавҷуд аст. Уштурсанг маконест дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левкант ҷойгир аст. Тибқи ривоятҳо мегӯянд уштуре, ки ба санг мубаддал гаштааст ба Хоҷамастони Валӣ тааллуқ дорад. Бо сабаби нооромиҳои онвақта Хоҷамастони Валӣ бо ҳамроҳии се бародар ва як ҳоҳарашон барои зинда мондан ба уштурҳои худ савор шуда, ба сӯи Осиёи миёна фирор мекунанд. Бародарон омада, дар лаби дарёи Вахш мехоҳанд, ки сукунат кунанд, аммо дар онҷо бо душманон рӯ ба рӯ шуда, барои зинда мондан уштурҳои худро партофта мегурезанд. Баъди аз иҳотаи душманон халос ёфтанашон ба онҳо маълум мегардад, ки яке аз уштурҳояшон, ки дар он китобҳо бор карда шуда буданд ба дасти душманон меафтад.Бародарон ғамгин шуда, даст ба дуо бардоштанд, ки уштурашон аз дасти душман халосӣ ёбад. Дар пайи ин дуо уштури Хоҷамастони Валиро дар ҳамон ҷояш ба санг мубаддал мегардад. Аз он вақтҳо садсолаҳо гузашт ин Шутурсанг макони зиёратгоҳ гардид.

Инфрасохтори хизматрасонӣ.

      Левакант асосан шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имрӯз 29 ададро ташкил медиҳад. Дар шаҳр барои сайёҳон тамоми шароитҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои сатҳи олӣ ва миёна, ҳаммомҳо (маъруфтаринаш меҳмонхонаи “Фароз”) ва муассисаҳои фарҳангиву тафреҳӣ, аз ҷумла китобхона, қасри фарҳанг, осорхона, мактаби мусиқӣ мавҷуд аст. Инчунин, Левакант яке аз шаҳрҳои таъминкунандаи нерӯи барқ буда, доро силсила Неругоҳҳои барқии обии “Вахш”, неругоҳи “Левакант” ва неругоҳи «Марказӣ» мебошад.

        Касбу ҳунарҳои мардумӣ.

       Сокинони шаҳри Левакант соҳиби касбу ҳунарҳои гуногунанд. Аз ҷумла дар шуҳр ҳунари оҳангарӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Устохонаҳои оҳангарӣ асосан дар кӯчаю гузарҳои серодам, бозор, инчунин, дар ҳавлии худи устоҳо низ мавҷуд аст. Дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Левакант ҳунарҳои мардумӣ аз қабили кандакорию табақтарошӣ, заргариву сабадбофӣ, нақшпартоиву гулдӯзӣ ва оҳангарӣ аз нав эҳё мегарданд. Инчунин, занони ҳунарманди шаҳри Левакант дар духтани либосҳои мардумӣ ва пухтани хурокҳои миллӣ маҳорати баланд доранд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Для отправки комментария вам необходимо авторизоваться.

« КУЛЯБ город храбрецов
LEVAKANT the re-revival of the ancient city »

Ҷустуҷӯ

Хабарҳои охирин

  • Program of the International Tourism Forum and Exhibition «Welcome to Ancient Khatlon» 20.02.2024
  • ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН TOURISM FORUM AND EXHIBITION WELCOME TO ANCIENT KHATLON 20.02.2024
  • Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 09.01.2024
  • Achievements of the tourism sector of the Khatlon region 18.12.2023
  • Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ/Мавзолей Мавлоно Кутбиддина Нишопури/Mausoleum of Mavlono Qutbuddin Nishopuri 04.12.2023

Хазина

  • Февраль 2024 (2)
  • Январь 2024 (1)
  • Декабрь 2023 (2)
  • Ноябрь 2023 (5)
  • Октябрь 2023 (9)
  • Сентябрь 2023 (7)
  • Август 2023 (2)
  • Июль 2023 (13)
  • Май 2023 (5)
  • Апрель 2023 (1)
  • Март 2023 (30)
  • Февраль 2023 (21)
  • Январь 2023 (16)
  • Декабрь 2022 (8)
  • Ноябрь 2022 (7)
  • Август 2022 (9)
  • Июль 2022 (4)
  • Апрель 2021 (11)
  • Март 2021 (8)
  • Июль 2020 (4)
  • Июнь 2020 (6)
  • Апрель 2020 (2)
  • Март 2020 (2)
  • Февраль 2020 (2)
  • Январь 2020 (2)
  • Октябрь 2019 (3)
  • Июль 2019 (3)
  • Июнь 2019 (6)
  • Май 2019 (3)

Бахшҳо

  • Без рубрики
  • Истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо
  • Мавзеҳои сайёҳӣ
  • Тарабхонаҳо
  • Чойхонаҳо

© 2019 Шуъбаи рушди сайёҳӣ.